Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар рӯзи нахустини даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаро барзиёд иҷро кард. Бино ба гуфти сардори Комиссариати ҳарбии ноҳия капитан Бузургмеҳр Умаров, мутобиқи нақшаи пешбинишуда дар даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ аз ноҳия бояд 25 нафар сафарбар мешуд, аммо шумораи довталабони хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар буд. Дар натиҷа 30 нафар ҷавонони ноҳия шарафи хидмат ба Модар –Ватанро соҳиб шуданд.
Ба ин муносибат дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ санаи 1 апрел чорабинии идона бо ҳузури волидайни наваскарон баргузор шуд. Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ифтихор ва шараф барои ҳар фарди бонангу номуси Ватан хонда, наваскаронро даъват кард, ки бо сари баланд ва номи нек ин рисолатро анҷом диҳанд. Вай афзуд, ки бо ибтикори хайр ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ барои хизмат муҳайё мебошад.
Абдувосит САЛИМЗОДА