Дар бораи ГМО чиро бояд донист?

№123 (4706) 09.10.2023

1578214897_28Дар романи Мэри Шелли «Франкенштейн ё Прометейи муосир» омадааст, ки солҳои 20 — уми асри ХIХ Виктор Франкенштейн ном шахс аз Швейтсария аз ҷасад махлуқе сохт, ки баъдтар эъморгари худро нобуд кард.

Ҳикмати асар дар он аст, ки ҳама гуна амали ғайритабиӣ метавонад оқибатҳои ногувор ба бор орад.

Яке аз ин гуна амалҳо имрӯз ба вуҷуд овардани маҳсулоти трансгенӣ ОГТ (организмҳои аз ҷиҳати генӣ тағйирдодашуда) ва ОЗТ (организмҳои зиндаи тағйирдодашуда) ё ГМО мебошад. Соли 2005 барои пешгирии воридоти маҳсулоти зарарноки трансгенӣ ба кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии биологӣ» қабул гардид, ки дар моддаи 1-и он омадааст: «Қонуни мазкур намуд­ҳои фаъолияти вобаста ба даст овардан, озмудан, истифода бурдан, воридот, содирот, истеҳсол ва фурӯши организмҳои бо истифодаи усули биотехнологияи замонавӣ аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро танзим намуда, ба кам намудани хавфи таъсири номатлуби организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба саломатии инсон, гуногунии биологӣ, мувозинати экологӣ ва ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст».

Даҳсолаҳост, ки перомуни муфид ё зарарнок будани ин гуна маҳсулот баҳсу мунозира идома дорад. Агар як гурӯҳи олимон тағйир додани геноми бархе аз зироату мева ва ҳайвонотро роҳи беҳтарини пешгирӣ аз гуруснагӣ дар сайёра арзёбӣ намоянд, боқимонда бар он андешаанд, ки маҳсулоти бо ин роҳ ба дастомада, ба саломатии инсонҳо таъсири манфӣ дорад.

Гурӯҳи аввал ба он назаранд, ки зироат ва мева ё чорвои бо усули ҳандасаи генӣ тағйирёфта серҳосил, ба заҳрҳои кимиёвӣ, бемориҳои гуногун, гармиву сардӣ ва хушксолӣ тобоваранд, суръати инкишофашон меафзояд, гӯшту шир, тухм ё пашми онҳо зиёд мешавад. Масалан, барои тезонидани парвариши озодмоҳӣ ба озодмоҳии уқёнуси Ором гени озодмоҳии уқёнуси Атлантикаро пайвастанд. Дар натиҷа, моҳӣ на танҳо баҳору тирамоҳ, балки тамоми сол инкишоф меёбад. Аммо онро барои истеъмол хатарноктарин моҳӣ, аниқтараш манбаи пайдоиши чандин бемориҳо, медонанд.

Дар соҳаи ҳандасаи генӣ ИМА пешсаф аст. Ширкатҳои машҳури ин мамлакат сабзавоту меваҳое парвариш менамоянд, ки ҳашарот ва гармиву сардӣ ба он таъсир расонида наметавонад. Солҳои охир мутахассисон далелҳои зиёде пайдо намуданд, ки маҳсулоти ГМО мутатсияҳои гуногунро ба вуҷуд меоранд.

Соли 2000-ум олимони олмонӣ собит намуданд, ки генҳои тағйирдодашудаи растаниҳо ба воситаи гарди гул ба меъдаи занбӯри асал ворид гашта, сабаби тағйирёбӣ — мутатсияи он мегарданд. Пас, эҳтимол вуҷуд дорад, ки чунин генҳо дар организми инсон низ тағйирот ба вуҷуд оранд.

- Ҳандасаи генӣ илми муосиру пешрафта аст, вале ҳангоми ба вуҷуд овардани ОГТ ҳанӯз хатарҳо мавҷуданд. Муайян кардан душвор аст, ки гени воридшуда ба кадом қисмати геноми организм пайваст шуда, чӣ оқибат дорад. Хатарҳо ба он алоқаманданд, ки мавҷудияти пайвандҳои трансгенӣ дар геноми организм тағйироти пешгӯинашавандаро дар таркиби туршӣ (кислота)-ҳои нуклеинӣ ва таносуби ифодаи генҳо ба вуҷуд оварда метавонад. Дар натиҷа, дар ОГТ ва ОЗТ хусусиятҳои заҳрнокӣ, аллергӣ, патогенӣ ва инвазивӣ, дар обу хок захира намудани заҳрҳои растаниҳои трансгенӣ, расонидани таъсири номусоид ба экосис­тема ва зарару хатарҳои дигар пайдо шудан мумкин аст, — изҳор доштааст олими тоҷик, мудири озмоишгоҳи бехатарии биологии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Фирӯза Носирова.

Дар бархе аз минтақаҳои парвариши растаниҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда гурӯҳҳои алоҳидаи ҳашарот нобуд шуда, шаклҳои нави мутантшудаи алафҳои бегона ва ҳашарот пайдо гардидаанд, хок аз ҷиҳати биологиву кимиёвӣ заҳролуд шуда, тадриҷан гуногунии биологӣ аз байн рафтааст.

Дар аксар кишварҳои олам маҳсулоти ГМО-ро ба савдо мебароранд, вале таркиби он комилан махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Тоҷикистон соли 2013 аъзои СУС гардид ва ин омил метавонад боиси вориди чунин маҳсулот ба кишвар гардад. Дар низомнома ва қоидаҳои созишнома назорати муомилоти ГМО пас аз гузаштани сарҳади давлатӣ пешбинӣ нашудааст. Ҳамчунин, созмон ҳуқуқҳои эътирофшудаи байналмилалиро доир ба тадбирҳои эҳтиётӣ нисбат ба маҳсулоти хатарнок, аз ҷумла ГМО ба назар намегирад. Аз манъ ё маҳдуд намудани воридоти ГМО, инчунин, аз тамғагузории маҳсулоти дорои ГМО низ худдорӣ менамояд.

Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии биологӣ» (с. 2005) дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ҷумҳурӣ ду озмоишгоҳ таъсис ёфт ва барои пеш бурдани фаъолияти озмоишгоҳҳо дар Ширкати «БИОКОМ»-и Федератсияи Россия мутахассисон омода шудаанд. Озмоишгоҳ, ҳамчунин, бо таҷҳизоти замонавӣ аз ширкатҳои «ДНК Технология» ва «БИОКОМ»-и Федератсияи Россия, «НTL»-и Полша ва «Eppendart»-и Ҷумҳурии Олмон муҷаҳҳаз гардидааст.

Мутаассифона, санҷиш ва назорати воридоти маҳсулоти озуқавории аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба бозори истеъмолии ҷумҳурӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Олимон таъкид менамоянд, ки мавҷудияти ГМО-ро дар таркиби маҳсулоти дар сатҳи баланд коркардшуда, мисли равғани растанӣ ва наҳориҳои хушк, ки таркиби бой доранд, бо усулҳои муосир ташхис ва муайян кардан душвор аст. Тибқи маълумоти мавҷуда, айни ҳол ОГТ ё ГМО дар таркиби биринҷ, ҷуворимакка, соя, гандум, рапс, пахта, картошка, лаблабу, шалғам, донаҳои офтобпараст, чормағзи заминӣ, қулфинай, помидор, харбуза ва чанд навъи дигари растаниҳо вуҷуд дошта метавонад. Тадқиқот нишон медиҳанд, ки маҳсулоти трансгении ба организми чорво, паранда ва моҳӣ роҳёфта ба воситаи гӯшту шир ва паниру тухм ба организми одамон низ бетаъсир намемонад. Илова бар ин, заҳрнокии баланди зироати бо роҳи ҳандасаи генӣ ба вуҷудомада заминро низ заҳролуд карда, миллионҳо ҳашарот ва парандаю ҳайвонотро нобуд месозад.

Соли 2018 дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ таъсис дода шуд. Яке аз вазифаҳои он баҳодиҳӣ ба маҳсулоти хӯрокворист, ки бо истифода аз технологияҳои ҷадид, мисли ОГТ, истеҳсол гардидаанд. Дар заминаи ин озмоишгоҳ ҳамон сол Озмоишгоҳи муштараки Тоҷикис­тону Чин оид ба омӯзиш ва тадқиқи бехатарии маҳсулоти хӯрок­ворӣ ташкил ёфт, ки бо технологияҳои пешқадам муҷаҳҳаз аст. Илова бар ин, соли 2019 Ҷумҳурии Мардумии Чин барои даҳ мутахассиси институт дар заминаи Институти тиҷорат ва технологияҳои шаҳри Ланҷжоуи Чин курси омӯзиши усулҳои тозатарини ташхиси ошкор ва муайян кардани ОГТ-ро дар маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил намуд.

- Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ як моҳ пеш ҳамчун озмоишгоҳи аз ҷиҳати моддию техникӣ таъмин аккредитатсия шуд ва шаҳодатнома гирифт. Айни ҳол дар он 25 намуди таҳлил гузаронида, мавҷудияти ОГТ ва ОЗТ (организмҳои зиндаи тағйирдодашуда) аз ҷиҳати миқдорӣ дар таркиби маҳсулоти озуқаворӣ ва тухмиҳо муайян карда мешавад. Меъёр барои тухмиҳо 0,3 фоиз ва барои маҳсулоти озуқаворӣ 0,9 фоиз муқаррар гардидааст, — гуфт ходими калони илмии озмоишгоҳ Самариддин Баротов.

 Таваҷҷуҳ ба масъалаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ зиёд аст. Соли ҷорӣ лоиҳаи қонуни нави алоқаманд ба организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид. 26-уми июни соли 2023 Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаро бо баъзе пешниҳод барои такмил ва коркард бозгардонд. Қонуни мазкур бояд мақоми ваколатдори соҳаро муайян карда, ваколатҳоро марбут ба маҳсулоти трансгенӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, тиб, маҳсулоти озуқаворӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ байни ниҳодҳои марбута тақсим намояд.

Дар ҳақиқат, зарурати қабули чунин қонун амри зарурӣ аст. Танҳо пас аз қабули он мушкилоти алоқаманд бо ОГТ ва ОЗТ роҳи ҳалли пурраи худро пайдо хоҳад кард.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»