Дар ҳифзи муҳити зист саҳлангорӣ ҷоиз нест

№60 (4322) 04.05.2021

DSC_1531Дар шароити ҳозира, ки инсоният ва ҷаҳони муосирро мушкилоти экология ба ташвиш овардааст, вазифаи муҳим бо ҳар роҳу восита дифоъ намудани муҳити зист ба шумор меравад.

Мафҳуми «экология», ки ҳоло дар илм хеле васеъ истифода мешавад, ибтидо дар дохили илми биология омӯхта мешуд. Баъдтар профессори Донишгоҳи Йена Э. Геккел (соли 1866) илми экологияро кашф кард. Инсон бидуни табиат зиндагӣ карда наметавонад, он барои қонеъ кардани талаботи моддии инсон ҳамчун сарчашмаи асосӣ хизмат мекунад. Мутаассифона, солҳои охир нодуруст муносибат кардани инсон бо табиат боис ба нестшавии ҳайвоноту наботот гардидааст. Болоравии ҳарорат, тағйирёбии иқлим, обхезӣ, сӯхтор, гирдобҳои даҳшатбор ва дигар офатҳои табиӣ ба муносибати нодурусти инсон нисбат ба табиат рабт дорад.

Инқилоби саноатӣ, ки дар асри XVIII дар Аврупо оғоз ёфт, ибтидо тағйироти ҷиддиро дар муносибати инсону табиат ба вуҷуд овард. Инсон беш аз пеш аз қаъри замин канданиҳои фоиданокро берун мекашид, ки боис ба тағйир ёфтани табиат гашт. Одамон дар ин ҳолатҳо андеша мекунанд, ки фаъолияти онҳо барои он зарур аст, то ки ба шароити зиндагӣ мутобиқ шаванд. Аммо дарк намекунем, ки ин мутобиқшавӣ характери локалӣ дошта, оқибаташ барои инсоният маргбор аст.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар баҳри ҳифзи муҳити зист корҳои зиёд ба анҷом расиданд, ки қобили дастгирист. Президенти кишвар аз минбарҳои баланди ташкилотҳои бонуфузи дунё ба ҳамкорӣ дар ин самт даъват намуданд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст: «Ҳадафи олии Давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи неруи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад».

 Аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Шаҳри сабз» эълон шудани пойтахти мамлакат низ қобили дастгирӣ буда, барои татбиқи он бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ саҳмгузор бошад.

Шинонидани гулҳои зебою гуногунранг, ки бо ташаббуси Роҳбари давлат амалӣ гардид, барои беҳ­дошти муҳити зист муҳим ва зарур мебошад. Зеро гармшавии иқлим ҷаҳонро фаро гирифта, ба кишвари мо низ таъсир расонидааст. Бо сабаби зиёд шудани аҳолӣ ва рушди кишварҳои саноатӣ истифодаи об низ меафзояд.

 Саноат ва рушди он истифодаи оби бисёрро талаб мекунад. Масалан, барои гудозиши 1 тонна чӯян ва табдили он ба оҳан 300 метри кубӣ, як тонна никел — 4000, 1 тонна каучуки синтетикӣ-3600, 1 тонна капрон 5600 метри кубӣ об сарф мешавад. Миқдори зиёди об барои рафъи боқимондаҳои партовҳо сарф мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 дарёи дарозиашон аз 10 то 3000 километр мавҷуданд. Дарозии умумии онҳо 30000 километр буда, аз онҳо дар як сол 60 миллиард метри кубӣ об ҷорӣ мешаванд.

Илова бар ин, дар кишвар 1300 кӯл бо масоҳати умумии 705 км3 мавҷуд буда, чуқуртарини онҳо кӯли Сарез мебошад, ки баъзе ҷойҳояш 500 метр аст. Дар кишвар 8492 пирях ба ҳисоб гирифта шуда, масоҳати умумиашон 8476,2 км3 — ро ташкил медиҳанд.

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон обшавии пиряхҳо ба мушоҳида расида, пиряхи Федченко дар охири ҳазораи дувум беш аз 20 фоиз талаф ёфтааст. Созмонҳои байналмилалиро зарур аст, ки барномаи махсуси тадқиқотро ҷиҳати омӯзиши пиряхҳо омода намуда, роҳҳои фаношавии онро пешгирӣ намоянд.

Дигаргуншавии иқлим ва баланд гардидани ҳарорати офтоб, бешубҳа, ба иқлими Осиёи Марказӣ таъсир гузоштааст, ки метавонад боиси ба вуҷуд омадани офатҳои зиёди табиӣ гардад.

Тоҷикистон аз кишварҳое ба шумор меравад, ки манбаи фаровони обро доро мебошад. Сол дар он 60 миллиард ­метри мукааб об ташаккул меёбад. Ин беш аз 60 фоизи оби дарёҳои ҳавзаи Аралро ташкил мекунад. Аз чунин захираи бойи об танҳо 10 фоизро истифода мебарему халос. Зиёда аз 40 фоизи мардуми кишвар аз нарасидани оби софи нӯшокӣ азият мекашанд. Барои таъмини мардуми ҷумҳурӣ бо оби тозаи ошомиданӣ як миллиард доллари амрикоӣ лозим аст. Ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии мамлакат бо оби тоза дар давраи солҳои 2008-2020»-ро амалӣ намуд. Тайи панҷ соли охир дар натиҷаи чорабиниҳои муҳим зиёда аз 1,2 миллион нафар бо оби софи нӯшиданӣ таъмин гардида, барои 600 ҳазор нафар имкони истифода аз оби нӯшокӣ ба вуҷуд омад.

Фоҷиаи Арал водор мекунад, ки сари ин масъала ҷиддӣ андеша кунем. Азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, ки соли 1960 масоҳати 4 миллион гектарро ташкил мекарду ҳоло ба 9 миллион гектар расидааст, сабаби асосӣ ба шумор меравад. Ба ғайр аз ин, дар кишварҳои поёноб зиёда аз 100 обанбор сохта шудааст, ки ҳаҷми онҳо 1,5 баробари Арал мебошанд. Соли 1956 аҳолии Осиёи Марказӣ 20 миллион нафарро ташкил медод ва ҳоло ба 63 миллион нафар расидааст. Ин омилҳо боис ба он гардидаанд, ки вуруди об ба баҳри Арал коҳиш ёфта, ҳаҷми он даҳ маротиба кам гардад.Табиист, ки танзими захираҳои об дар чунин шароит хеле душвор мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар ҳалли ин мушкилот беш аз 30 фоизи кишти пахтаро кам карда, ба ҷои он зироатҳои ба шароити камобӣ тобоварро парвариш намуда истодааст.

Ҳаётро бидуни неруи барқ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, кишварҳо бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд, ки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро дастрас кунанд.

Кишвари биҳиштосои мо барои сохтани НБО хеле қулай аст. Зеро 93 фоиз сарзаминаш кӯҳсор буда, аз онҳо садҳо дарё ҷорӣ мешавад. Иқтидори неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон 4070 МВт — ро ташкил мекунад. Барои инкишофи ин раванд лоиҳаи минтақавии Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) мавриди амал қарор дорад. Он имкон медиҳад, ки пас аз НБО «Роғун» барқ фурӯшем ва барои ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ ва рафъи камбизоатӣ саҳм гузорем.

Обу ҳавои Тоҷикистон барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ низ басо мувофиқ аст. Зеро тақрибан 280 — 330 рӯзи офтобӣ дорад. Тибқи пешгӯиҳо, дуруст истифода бурдани энергияи офтобии мавҷуда 10-12 фоизи талаботро бо энергия таъмин мекунад.

 Мувофиқи ҳисоботи омор, дар мамлакат захираҳои энергияи офтобӣ 25 миллиард киловатт/соатро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз ин, истифодаи энергияи бодӣ низ имконпазир аст. Агар ҳама захираи энергетикии Тоҷикистон 527 миллиард кв/соат истифода гардад, яке аз давлатҳои бузурги тавлидкунандаи барқ хоҳад шуд.

Дар нигоҳдории гуногунии биологӣ саҳми ташкилотҳои ҷамъиятӣ басо муҳим ба шумор меравад. Ҳоло дар Тоҷикистон қариб 100 ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият мебаранд.

Соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ ва Протоколи Картахенӣ оид ба биоамниятӣ ва Протоколи Нагоя дар бораи танзими дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ ҳамроҳ шуд. Аз ин пештар — соли 2016 кишвар узви Конвенсия дар бораи савдои байналмилалии намуд­ҳои флора ва фаунаи ваҳшӣ гардид.

Солҳои охир бо сабаби амалҳои номатлуб ва бесалоҳиятии созмонҳои зидахл мушкилиҳои экологӣ дар шакли нав зуҳур карданд. Дар ҷумҳурии мо низ садҳо гектар ҷангал аз дасти баъзе аз одамоне, ки моҳияти экологияро намефаҳманд, хароб гардид. Ҳол он ки ҷангал манбаи асосии оби чашмаҳо маҳсуб шуда, барои таъмини оксиген басо зарур мебошад.

 Ба табиат зулм кардан ба худ ҷабр кардан аст. Дар Тоҷикистон оид ба ҳаҷми партовҳои сахти маишӣ ва саноатӣ далелҳои боэътимод мавҷуд нест. Дар шаҳрҳои калонтарини кишвар — Душанбе ва Хуҷанд ҳар сол зиёда аз 300 ҳазор тонна партови маишӣ ҷамъ мешавад.

Дар шаҳри Истиқлол (Табошар) ва минтақаи Деҳмой калонтарин маҳфузгоҳ ҷойгир аст, ки бо кумаки Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Аврупо лоиҳа барои рафъи ин гуна партовҳо амалӣ мегардад.

Мутаассифона, тайи даҳ соли охир дар хусуси ташаккулёбии партовҳои саноатӣ ва истеъмолӣ маълумоти саҳеҳи оморӣ мавҷуд нест. Ҳол он ки аз рӯи гуфти мутахассисон, ҳар сол дар Тоҷикистон 1-2 миллион тонна партови истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ташаккул меёбад.

Тибқи иттилои дастрасшуда, дар корхонаҳои саноатӣ аз давраи шӯравӣ 200 млн. тонна партови истеҳсолӣ ҷамъ шудаанд. Ин масъала водор мекунад, ки бетаъхир чора андешем, то барои саломатии аҳолии кишвар зери хатар набошад.

Барои ҳалли ин мушкил қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» қабул гардидаанд, ки муҳиму саривақтӣ мебошанд.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон