Дар Рашт замин ҷунбид

№87 (3567) 05.07.2016

Якуми июли соли 2016 дар ноҳияи Рашт заминларза ба амал омад. Чунон ки аз суҳбат бо сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия подполковник Шодмон Ғиёсов маълум шуд, маркази заминларза 15 километр дуртар аз шаҳраки Ғарм воқеъ буда, қувваи он 6 баллро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ сокинони деҳаҳои Қизило, Аскалон, Сари Шӯхон, Шархо, Кул аз деҳоти «Аскалон» ва деҳаҳои Ҳазорчашма, Ярхаб, Қалъача, Яхакпаст аз деҳоти «Ҳиҷборак» аз ин ҳодисаи табиӣ бештар зарар дидаанд. Дар натиҷаи заминларза 30 хонаи истиқоматӣ, як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва чойхона-фароғатгоҳ тамоман аз истифода баромадаанд.

- Баъди ҳисобу китоби дақиқ оид ба зарари офати табиӣ маълумотномаи муфассал пешниҳод мегардад, — гуфт Ш. Ғиёсов.

Бо дастури раиси ноҳия Қаноатшо Лоиқзода дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ситоди ноҳиявӣ оид ба бартарафсозии зарари офати табиӣ ташкил карда шуд.

Д. МИРЗО, «Садои мардум»