Дар робита ба зарари маҳсулоти пластикӣ набояд бетафовут бошем

№147 (4097) 07.12.2019

SONY DSCЧанде пеш дар шаҳри Кёлн конгресси умумиҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар он ­масъалаи нобудсозии партовҳои плас­тикӣ ва истеҳсоли маҳсулоте, ки метавонад плас­тикро иваз намояд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он намояндагони 165 ширкат ва олимону муҳаққиқон ширкат варзиданд. Расонаҳо иттилоъ доданд, ки ҳукумати федералии Олмон мақсад дорад, истифодаи халтаҳои пластикиро дар мамлакат манъ намояд. Лоиҳаи қонун дар ин бора аз ҷониби вазири экологияи мамлакат Свеня Шултс пешниҳод гардидааст.

- Халтаҳои пластикӣ далели беҳуда исроф намудани захираҳост. Онҳо аз нефт тайёр шуда, чанд дақиқа истифода мегарданд, — суханони вазирро иқтибос овардааст рӯзномаи «Die Zeit».

Тавре маълум аст, аз соли 2015 дар ин кишвар даст кашидан аз плас­тик шурӯъ шудааст ва онро аксар корхона ва шабакаҳои тиҷоратӣ дастгирӣ намудаанд. Дар натиҷа, истифодаи халтачаҳо се маротиба коҳиш ёфтааст ва Шултс умед дорад, ки Олмон ин нишондиҳандаро ба сифр баробар менамояд. Тибқи муқаррароти лоиҳаи қонун, истеҳсоли халтаҳои ба ном безарари биологӣ низ манъ мегардад, зеро фарқи онҳо аз халтаҳои маъмулии пластикӣ хеле кам аст.

Доктори илмҳои кимиё, академики Академияи россиягии илмҳои табиӣ Вадим Малтсев гуфтааст, ки ин халтачаҳо дар ҳолатҳои алоҳида ба таври механикиву физикӣ ба ҳиссачаҳои хурд таҷзия шуда, пасон ба об, организми моҳӣ ва инсон роҳ меёбанд. Биноан, манъ кардани истифодаи халтачаҳои пластикӣ амри зарурист ва кишварҳои дунё бояд ин иқдомро дастгирӣ намоянд. Ба назари ӯ, Олмон ягона мамлакатест, ки дар мавзӯи экология мисли мамолики дигар бо гапфурӯшӣ машғул несту амал менамояд.

Санаи раъйдиҳӣ барои қабули қонун дар Бундестаг муайян нагардидааст, вале ташаббусро ҷамъияти «сабзҳо» аллакай ҷонибдорӣ намудааст.

Соли 2021 дар Иттиҳоди Аврупо истифодаи найчаҳои обнӯшӣ, ­зарфҳо, ашёи барои ошхонаҳо зарур манъ гардид. Дар Россия бошад, аз ҷониби «Райпот­ребнадзор» оид ба марҳила ба марҳила кам ва пурра манъ намудани истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ лоиҳаи қонун таҳия шуда истодааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни марбутаи Иттиҳоди Аврупо ҳар мамлакат бояд дар ин бобат мустақилона тадбир андешад. Пешбинӣ шудааст, ки то соли 2025 на камтар аз 77 фоизи зарфҳои пластикӣ якҷоя бо партовҳои плас­тикӣ нобуд карда мешаванд.То соли 2030 ин рақам ба 90 фоиз мерасад. Бар замми ин, аз соли 2025-ум 25 фоизи зарфҳои пластикии нӯшокиҳо бояд аз пластики коркардшуда истеҳсол гарданд ва то соли 2030 ин нишондиҳанда ба 30 фоиз расад. Вазъият дар ин самт воқеан ҳам нигаронкунанда мебошад. Тибқи маълумоти Комиссияи Аврупо, дар кишварҳои қитъа ба ҳар сар аҳолӣ 31,1 кг партови пластикӣ рост меояд. Дар Олмон ин нишондод ба 37,4 кг баробар аст.

Барои тадриҷан даст кашидан аз маҳсулоти пластикӣ дар Аврупо истеҳсоли биопластикро ҳамчун алтернатива ба роҳ монданианд. Онро аз чӣ истеҳсол менамоянд ва бартарии он аз пластик дар чист?

Соҳибкор ва модари се фарзанд аз Берлин Йозефина Штаатс андеша дорад, ки дунёро обсабзҳо наҷот хоҳанд дод. — Барои обсабзҳо замин, пору, пеститсидҳо лозим нестанд, — мегӯяд ӯ.

Соҳибкор ба муваффақияти кор бовар дорад, гарчанд дигарон ба комёб шудани ӯ шубҳа мекунанд. Эътироф бояд кард, ки биопластике, ки ба бозор бароварда мешавад, аз плас­тики маъмулӣ қариб фарқ надорад.

Қайд бояд кард, ки «биопластик» истилоҳи нав нест. Муҳаққиқон биопластикро ба ду намуд ҷудо мекунанд: пластике, ки аз ашёи хоми нав (ҷуворимакка, найшакар ё обсабз) истеҳсол ва ба таври табиӣ таҷзия мешавад ва пластике, ки дар натиҷаи коркарди кимиёӣ, бо истифода аз нефт, истеҳсол мегардад. Умри пластики намуди дуюм дароз нест. Навъи аввалро бошад, дар ҳама кишвар, аз ҷумла, ҷумҳурии мо низ, истеҳсол намудан мумкин аст.

Тавре дар ҳамоиш таъкид гардид, маҳсулоти пластикиро на танҳо аз обсабз, балки аз равғанҳои истифодашуда ва ҳатто помидору мавз (банан) низ истеҳсол намудан имконпазир мебошад.

- Бо ин роҳ мо заминро заҳролуд намесозем, — мегӯяд Ленка Минарова аз Чехия, ки биопластикро аз партови равғанҳо истеҳсол намудан мехоҳад. — Баръакс, партовҳоро нобуд месозем. Ин роҳи дуруст ва хуби мубориза бо партов ва тоза намудани муҳити зист аст.

Ба касе пӯшида нест, ки партовҳои пластикӣ яке аз сарчашмаҳои асосии ифлосшавии муҳити зистанд. Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи аврупоии биопластика, соли 2017 дар дунё наздик ба 2 млн. тонна биопластика истеҳсол гардидааст. Дар назар аст, ки соли 2022 ин рақам ба 2,4 млн. тонна расад. Албатта, ин нишондод нисбат ба истеҳсоли пластик хеле кам аст. Тибқи тадқиқоти Агентии байналмилалии энергетикӣ (IEA), то соли 2050 истеҳсоли пластик зиёд гардида, сарфи шабонарӯзии нефт барои истеҳсоли он 18 миллион баррелро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 6 млн. баррел зиёд аст. Муҳаққиқон бар он назаранд, ки ин ҳолат метавонад нархи нефтро боло бурда, барои рушди технологияҳои истеҳсоли биопластик ва зиёд намудани истеҳсоли он шароити мусоид фароҳам орад.

Мардуми сайёра ҳар рӯз зарари ин маҳсулотро мебинанду эҳсос мекунанд. Ҳар сол бо сабаби истеъмоли маҳсулоти пластикӣ, гарду чанги таҷзияшудаи он 1 млн. паранда ва беш аз 100 ҳазор ҳайвони баҳрӣ ба ҳалокат мерасад. Зарари пластик ба организми инсон низ басо бузург аст, вале ин масъала, мутаассифона, ҳоло пурра омӯхта нашудааст. Имрӯз дар кишвари мо низ истифодаи маҳсулоти пластикӣ бояд тавассути қонун тадриҷан ва марҳила ба марҳила маҳдуд карда шавад. Дар ибтидо онро дар муассисаҳои хӯроки умумӣ — ошхона, тарабхона, чойхонаву қаҳвахонаҳо манъ бояд намуд. Сипас, корхонаҳои истеҳсолӣ, шабака ва муассисаҳои тиҷоратӣ бояд аз истифодаи он даст кашанд. Истифодаи борхалтаҳои пластикии орду шакар ва маҳсулоти ба онҳо монанд, ки нисбат ба маҳсулоти пластикии дигар тезтар ба микроҳиссачаҳо ҷудо мешаванд, бояд манъ гарданд.

Ин тадбир дар баробари манфиатҳои дигар метавонад ҳунари қариб ба фаромӯшӣ рафтаи коғазгариро зинда гардонад. Дар гузаштаи начандон дур ба ҷойи халтаҳои пластикӣ асосан аз халтаҳои коғазӣ истифода мебурданд. Бархе аз ҳунармандон то ҳол асрори ин ҳунарро ҳифз намудаанд ва аз ин маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар асбобу ашёи гуногуни бадошти рӯзгор тайёр менамоянд. Дар баробари халтаҳои коғазӣ халтаҳои латтагиро низ истифода бурдан мумкин аст. Дар ин сурат бонувони зиёд соҳиби кор мегарданд.

Шоҳидем, ки партовҳои плас­тикӣ ҷӯйбору рӯдҳоро пур намуда, ба дашту саҳро ва ҳатто кӯҳҳои кишвар низ паҳн гашта истодаанд. Аз ин бармеояд, ки вақти амал расидааст.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»