Дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» бунёд шуд

№104 (3250) 09.09.2014

шератон2

Бегоҳии рӯзи шашуми сентябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» дар шаҳри Душанбе иштирок намуд.

Зимни ифтитоҳи ин меҳмонхонаи 15-ошёнаи дорои дараҷаи 5 ситора, ки хеле зебо ва бо тарҳу намои муосир бунёд ёфтааст ва шиносоӣ бо шароити дар он муҳайёгардида, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин нахустин меҳмонхонаи панҷситорадор на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли Осиёи Марказӣ аст.

Меҳмонхона бо харҷи 275 миллион сомонӣ аз ҷониби Ширкати хусусии «СИ ЭЙ ЧЕЛ»-и Ҷумҳурии Ҳиндустон бунёд шуда, дорои 148 утоқи зисти дараҷаҳои гуногун мебошад ва барои қабули ҳама гуна меҳмонон, то меҳмонони сатҳи олӣ пешбинӣ шудааст.

Меҳмонхона ҳамчунин дорои толорҳо барои маҷлису гуфтушунидҳо, маҳфилу шабнишиниҳои гуногун, ду тарабхона, толорҳои варзишию солимгардонӣ, қабили фитнес ва ғайра буда, дар он ба мизоҷон дараҷаи баланди хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин меҳмонхона 180 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки 95 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла ин рӯйдоди фараҳбахшро ба сокинони пойтахт ва кулли кишвар табрик гуфта, ба сармоягузорон, мутахассисону муҳандисон ва бинокороне, ки дар бунёди ин меҳмонхонаи зебо заҳмат кашидаанд, изҳори сипос намуд.

www.president.tj