Эҳсонкорӣ

Дарахт ба об сабз мешаваду инсон ба дуо

№ 22.04.2022

WhatsApp Image 2022-04-21 at 17.15.51Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати  фарорасии моҳи шарифи Рамазон чунин таъкид кардаанд: «Дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон, аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусулмони савобҷӯ мебошанд. Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар як инсони хайр­хоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад».

Ташкилоти ҷамъиятию хайриявии «Дуои пирон» ҷавобан ба даъвати Пешвои миллат тасмим гирифтааст, ки 24- 25 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ва як қатор ноҳияҳо маъракаи кумаки рамазонии «Хона ба хона»- ро ба роҳ монад. Бо ин мақсад рӯйхати пиронсолони ниёзманд тартиб дода, ризокор (волонтёр)- он омодагӣ мебинанд.

Ташкилоти ҷамъиятию хайриявии «Дуои пирон» бо пешниҳоди якчанд рафиқону дӯстон соли 2019 таъсис ёфт. Мақсад аз таъсиси он ҷонибдорӣ аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳадафи мо ёрӣ расонидан ба пирони барҷомонда, ранҷуру бекор, бесаробон ва эҳтиёҷманд аст,- мегӯяд сарвари ташкилот, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Фозилҷон Бозоров.

WhatsApp Image 2022-04-21 at 17.16.16Дар як муддати кӯтоҳ ташкилоти мазкур бо кумаки соҳибкорону муассисаҳои дар пойтахт воқеъбуда ва минтақаҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиёди хайриявӣ доир намуд. Маъракаҳои хайриявӣ дар доираи то 100 нафар дар тарабхонаҳо баргузор шуда, ғайр аз кумаки моддӣ ба пирони ниёзманд барномаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ низ пешкаш гардид. Бинобар шаффоф будани фаъолияти хайриявии ташкилоти мазкур, теъдоди корхонаю муассисаҳои ҳамкор рӯ ба афзоиш доранд.

- Бо мақсади шаффоф ба роҳ мондани фаъолияти ташкилот тамоми маблағҳои хайриявӣ тариқи бонк интиқол мешавад. Агар шахсони алоҳида кумаки нақдӣ кунанд, кормандони ташкилот фавран онро ба бонк супурда, расиди бонкиро ба хайркунанда месупоранд. Барои интиқоли маблағи хайриявӣ бо сомонӣ, доллари амрикоию рубли русӣ ва юани хитоӣ суратҳисоби бонкӣ кушода шудааст,- гуфт дар идомаи суҳбат Фозилҷон Бозоров.

Хурсанд кардани дили пирони барҷомондаву дуои некашонро гирифтан боиси саодатмандии хайркунандагон мегардад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «дарахт ба об сабз мешаваду инсон ба дуо».

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»