Хушбахтии мо дар он аст, ки мардуми ба ваҳдатрасида суботу осудагии Ватанро волотар аз ҳама манфиат дониста, онро ба ягон арзиши дунёӣ иваз накарданду намекунанд.
Ваҳдати миллат ба он хотир буд, ки дар хандаи беғаши тифлон оҳанги cурур эҳсос шавад, гурезаҳои ҷанг, ки дар кишвари бегона дастнигар буданд, ба Ватан баргарданд. Ваҳдат ба хотири хатми қатли бародар аз дасти бародар, душмании падар бо писар буд ва сад шукр, ки ҳама даҳшат хотима ёфт. Ваҳдат на танҳо дастархони пурнон, ҳамчунин осудагии виҷдон ва пойдории имон аст.
Ҳар фард муваззаф аст, ки барои пойдории сулҳу ваҳдат масъулият дошта бошаду дигарон, хоса насли наврасро ҳидоятгарӣ намояд, то ки ба қадри ин арзиши муқаддас расанд.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон иқдоми таърихиву беназири Пешвои миллат аст. Ин амалест, ки ҷаҳониёнро ба ҳайрат оварду носипосони дохилиро ба бунбаст бурд ва онҳо бояд донанд, ки мардум дубора фиреб хӯрдаву пушти онҳо намеравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он лаҳзаҳои тақдирсоз ба хотири ояндаи миллату давлат, бахшиданду бахшишро пазируфтанд, ояндаи миллату меҳанро муайян карданду дигаронро ба роҳи рост ҳидоят намуданд. Сулҳи тоҷикон боиси ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ ва боло рафтани мавқеву мақоми он дар миқёси олам гардида, имрӯз мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилоти дигари байналмилалист.
Мусаллам аст, ки танҳо бо ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Мутаассифона, ҳанӯз ҳастанд афроде, ки ба сулҳи мо чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ бо чашми ҳасад менигаранду иддао пеш меоранд, ки гӯё як қатор мушкилоти иҷтимоӣ барои сулҳи мо хатар эҷод мекунад. Хушбахтона, хиради азалии мардум боис гардид, ки тири адӯ хок хӯрад ва сулҳ эмин монад.
Ҷиддитарин озмоиш барои халқи мо — ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта буд, ки он рӯзҳо хатари ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистон ва пароканда шудани миллати тоҷик таҳдид мекард. Вале миллати хирадманди мо бар аҳриман сифатан бо ақлу заковати худ пирӯз шуд ва мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ваҳдатсозиро бино гузошт.
Солҳои охир баъзе аз ҷавонон ба доми равияҳои навбаромади ғайрисуннатӣ меафтанд. Ин гурӯҳҳо афкори бегонаро дар зеҳни ҷавонон ҷой кардан мехоҳанд. Ҳадафи асосии онҳо шустани хотираи таърихӣ буда, дар робита ба ин лозим аст, ки ба тарбияи ҷавонон аҳамияти бештар зоҳир намуда, ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллии онҳоро таҳким бахшем.
М. Давлатзода, прокурори ноҳияи Лахш, мушовири адлияи дараҷаи якум