Ҳамовозӣ

Дарахтон ҳусни диёрро меафзоянд

№105 (3899) 28.08.2018

29296128818_0f07644a77_oДар шумораи №88 (3882)- и рӯзномаи «Садои мардум» мақолае зери унвони «Барои солимӣ  дарахтонро ҳифз мебояд» чоп шуд. Муаллиф дар хусуси аҳамияти «дӯстони сабз» маълумоти муфид дода, пешниҳод  кардааст, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ зери шиори «Солимӣ хоҳед, дарахтонро ҳифз кунед» барномаҳои тарғиботӣ дар мавзӯи ҳифзу обёрии дарахтон таҳия шаванд.

Ман муаллифро комилан дастгирӣ мекунам. Камина аз соли 1981 то соли 1987 директори боғи «Дӯстии халқҳо»- и пойтахт будам. Он солҳо боғ танҳо ба ном вуҷуд дошт, зеро акнун тарҳашро кашида буданду халос. Боғ суратҳисоб надошт ва ба он маблағ ҷудо накарда буданд. Аввалҳо бо кумаки моддии Комиҷроияи ноҳияи Роҳи оҳан (ҳоло Шоҳмансур) фаъолият мекард. Ҳамроҳи корманди масъули ҳизбии ноҳияи Марказӣ (ҳоло Фирдавсӣ) В. Ёқубов, сардори Раёсати фарҳанги Комиҷроияи шаҳри Душанбе А. Раҷабов ва дигар ашхоси ватандӯст ҳар шанбею якшанбе мувофиқи анъанаҳои бостонии халқ ҳашарҳои серодам ташкил мекардем. Донишҷӯёну хонандагон, омӯзгорону табибон ва кормандони корхонаю муассисаҳои пойтахт бо навбат дар рӯзҳои истироҳат ба боғ омада, дар ободонии он ҳисса мегузоштанд.

Илова бар ин, барои фароғаткунандагони хурдсол чархофалак, хати мудаввари роҳи оҳан ва бист тафреҳгоҳ бунёд намудем.

Минбаъд чунин таҷрибаро дар ободонии боғи « «Ғалаба» ва Муассисаи фарҳангӣ — фароғатии кӯли «Комсомол» низ истифода бурдем. Дар боғи «Ғалаба» кӯшиш намудем, ки бештар ниҳолу дарахтони гуногуни мевадиҳандаю сояафкан шинонем. Имрӯз манзараи ин боғ ҳар бинандаро масрур месозад.

Мардуми тоҷик мақоле дорад: «Аз нек боғ». Маҳз чунин табиатдӯстии насли гузаштаву имрӯз аст, ки Душанбеи маҳбуб  ба чаманзору гулистон ва гулгашту боғҳои хушманзара табдил ёфтааст. Моро лозим аст, ки ба насли наврас ҳифз намудани ин боғу гулгашт ва бунёди боғҳои навро талқин намоем.

Олимони соҳаи тиб муайян кардаанд, ки агар ифлосшавии ҳаворо ду маротиба кам кунем, касалии дил 10- 15 фоиз ва бемориҳои шуш то 25 фоиз кам мешавад.

Дар кишварҳои пешрафта баҳри наҷоти инсон аз таъсири манфии партовҳои саноату нақлиёт роҳи аз ҳама камхарҷро дар ниҳолшинонӣ мебинанд. Чунончӣ, дар асри гузашта дар иёлати Коннектикути ИМА пеш аз сохтани неругоҳи ҳароратӣ 52 миллион бех дарахт шинонда шуд, ки ин миқдор дарахт имкони пурра фурӯ бурдани гази карбонати аз неругоҳ хориҷшударо доранд.

Ба хотири пешгирӣ намудани зарари нақлиёти шумораашон торафт афзоянда ва корхонаҳои истеҳсолии мавҷудаю оянда сохташаванда бояд ниҳолу донаки дарахтони мевадиҳандаю ороиширо дар заминҳои бекорхобида бештар шинонем. Ҳар қадар теъдоди дарахту буттаҳо зиёд шаванд, ҳамон қадар ҳавои ватан гуворою иқлимаш муътадил ва ҳуснаш бештар мегардад.

Нарзибой АШӮРОВ, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон