Дард набояд аз пизишк пинҳон монад

№124 (3425) 16.09.2015

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли равон дар мулоқоти хеш бо зиёиёни миллат оид ба қадру манзалати ин табақаи ҷомеа сухан карда, аз ҷумла фармуданд: «Вақти он расидааст, ки бо мақсади муайян ва мушаххас намудани роҳу равиши ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва самтҳои асосии инкишофи мафкураи миллӣ аз тарафи олимону донишмандонамон бо назардошти манфиатҳои давлати миллӣ Консепсияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050 таҳия карда шавад.

Ин Консепсия бояд самтҳои асосии таҳкими давлатдории навини Тоҷикистонро барои даҳсолаҳои оянда дар бар гирифта, манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳтироми фарҳанг, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои демократӣ, дину оин ва гиромӣ доштани  арзишҳои милливу умумибашариро таҷассум намояд».

Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шахси дилсӯзу ғамхор ва пуштибони ҳақиқии миллатанд дар ин суханронии пурмуҳтавои худ аз зиёиён тақозо намуданд, ки дар ин бобат андешаю пешниҳодҳои худро манзур намоянд.

Банда чун рӯзноманигор бо тақозои вазифа ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд бисёр сафар мекунам ва бештар  байни мардум қарор дорам.

Тавассути суҳбату мулоқотҳо ба хубӣ эҳсос мекунам, ки онҳо дар муддати на чандон тӯлонӣ аз нигоҳи андешаву тафаккур, ҷаҳонбинӣ  хеле рушд кардаанд, аз  Давлати миллии худ, таърихи куҳану фарҳангу забони миллатамон фахр мекунанд.

Вале боиси таассуф аст, ки имрӯз дар ҷомеа афроде ҳастанд, ки тафаккури маҳдуд, андешаи ботил, назари ба ҷомеа бадбинона доранд. Ашхосе низ пайдо мешаванд, ки таҳаввулу тағйироти чашмраси кишварро  дуруст дарк накардаанд.

Гурӯҳе  дар талаби давлату сарвати муфту бедардимиён ришвахорию пораситонӣ мекунанд, сарватҳои миллию маънавии давлату миллатро ба савдо мегузоранд,  ки мо аз ин ҳол тавассути телевизион ва радио ва дигар воситаҳои ахбори омма хуб огоҳӣ дорем.

Боиси таассуф аст, ки як гурӯҳи дигар шефтаю шайдои таблиғоту ташвиқоти душманони миллату мухолифини давлат шуда, ба умеди пулҳои насия  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил гардида, бар зидди Ватан, дину мазҳаб ва  падару модари хеш туфанг боло мекунанд.

Ҳамагон хуб огоҳӣ доранд, ки иддае аз ҷавонони гумроҳ, ҳатто занони тоҷик дар радифи гурӯҳу ҷараёнҳои экстремистию террористии «Ал-қоида», «Ҷундулло», «Салафия», «ДИИШ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ихвон-ал-муслимин» ва ғайра дар мамолики Афғонистону Ироқ, Сурия ва дигар давлатҳои ҷангзада алайҳи пайравони мазҳаби аҷдодии хеш меҷанганд ва аллакай чандин тани онҳо ба ҳалокат расида, ғарибмазор гаштаанд.

Воқеан, ҷойи таассуф аст, ки  солҳои охир корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ  байни омма, махсусан дар шаҳри Истаравшан  суст гардидааст. Муносибат ҳам ба иншооти ҷашнӣ, сохторҳои зертобеи самти ба истилоҳ «идеологӣ» тағйир ёфт. Дар натиҷа,  кохи маориф ва фарҳанги шаҳр имрӯз таъмирталаб гардида, солҳост, ки бомашон мечакад.

Дарвозаи Қалъаи Муғ ҳам ҳоли на чандон хуб дошта, қисмати болояш фарсуда гардидааст. Китобхонаи марказии шаҳр, ки дар бинои ориятӣ қарор дорад, ҳолати садамавӣ дошта, аз рӯи гуфти директори он Мӯъмин Иноятов, бо сабаби набудани шароити зарурӣ зиёда аз нуҳ ҳазор китоб дар таҳхонаҳо олудаи чангу хок буда, заҳ кашидаанд.

Ба наздикӣ дар Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳр қарор доштам. Кормандони он заҳмати бисёр кашида, оид ба таърихи шаҳр, илму адаби он, саҳми истаравшаниҳо дар таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ даҳҳо нигораю девораҳо омода сохтаанд. Корманди он Раънои Сафарзод корҳои анҷомдодаашонро нишон дода, бо ишора ба девори кафидаи бинои иловагии осорхона гуфт, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр таваҷҷуҳ ба ин муассиса на танҳо кофӣ нест, балки мутасаддиёну масъулони соҳаи таблиғу ташвиқ ҳатто дар  ташкили  саёҳати мактабиён ба ин даргоҳ тадбире намеандешанд.

Бояд гуфт, ки ин осорхона дар бинои куҳнаи зиёда аз садсолаи собиқ калисо  қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки дар ин шаҳри бостонӣ ҳатто дар замони шӯравӣ ҳам ягон бино бо номи «Қасри фарҳанг», «Театри халқӣ», «Китобхона», «Қироатхона» ва ғайра бунёд  нашудааст. Театри халқӣ дар бинои куҳнаи «Клуби Сталин»,  китобхона дар бинои чойхонае, ки қаблан масҷид буд ва кохи фарҳанг ва шуъбаи маориф дар бинои клуб собиқ колхози «Роҳи Ленин» ҷойгиранд.

Бо мурури вақт аз се иншооти фарҳангии боғи «Адибони Истаравшан», «Майдони 2500 — солагии Истаравшан» ва «Ситораҳои Истаравшан» танҳо як иншоот боқӣ монд. Ба боғи «Адибони Истаравшан» нимпайкараҳои шахсони барӯманди шаҳрро аз майдони «Ситораҳои Истаравшан» кӯчонида, дар паҳлуи чапи он насб ва ба муносибати 1150 -солагии асосгузори назми классики тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳайкали барқади ӯро дар байни ин боғ ҷой карданд. Дар натиҷа, ин боғ ба «Боғи адибон» мубаддал шуд. Ҳол он ки қисмати аъзами нимпайкараҳо ба олимон, ҷанговарон ва намояндагони соҳаҳои дигари хоҷагии халқ  марбутанд.

Дар девораи самти ақиби ин боғ расми 25 нафар намояндагони доираи адабии шаҳри Истаравшан  бо нишондоди соли таваллуду вафот ва намунаҳо аз ашъор таҷассум ёфтаанд. Мутаассифона, ҳамаи ин расмҳо дар арафаи ҷашнгирии 2500 — солагии  шаҳри Истаравшан аз ҷониби рассоми бесалиқае кашида шуда, ҳама бо чашмони тангу тарҳи рӯи туркӣ тасвир гардидаанд. Нимпайкараҳои самти чапи он гӯё ба номбардорони ин шаҳр — кандакори номӣ, Арбоби санъати Тоҷикистон Баротбек Юлдошбеков, академикҳо Ҳабибулло Саидмуродов ва Раҷаб Амонов, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ Акбар Ҳоҷимуродов, Сабоҳат Ҷамолова, дорандагони ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» Абдуназар Фармонқулов, Александр Куришев ва Раҳим Раҳмонов тааллуқ доранд. Аҷиб он аст, ки ба ҷуз нимпайкараи А. Фармонқулов, ки ӯ имрӯз ҳам дар қайди ҳаёт ҳасту нимпайкарааш каме ба соҳибаш монанд мебошад, боқӣ ҳамаи нимпайкараҳо ба соҳибони аслиашон умуман шабоҳат надоранд.

Ба наздикӣ як донишманди машҳури тоҷик ба шаҳри Истаравшан ташриф оварду пас аз тамошои ин расму нимпайкараҳо шигифтомез суол кард: «Наход аҷдодони мардуми Истаравшан, ки суғдинажод мебошанд, чунин чашмони тангу тарҳи рӯи муғулӣ дошта бошанд?»

Ҳамагон хуб медонанд, ки рӯзномаю маҷаллаҳо яке аз воситаҳои хуби тарғиби сиёсати давлат ва тарбияи ҷомеа аст. Аз ин рӯ, обуна ба нашрияҳои даврӣ маъракаи сиёсист. Дар ҷое, ки  роҳбарону масъулонаш бо мутолиа қаробат доранд, ин кор саҳл аст.

Дар маъракаи «Обуна-2015» як ҳарфи ноҷои муовини раиси шаҳри Истаравшан, ки ҷонишини раиси ситоди ин маърака аст, боиси бамаротиб коҳиш ёфтани обуна ба рӯзномаи «Садои мардум» ва дигар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ гашт. ӯ аз ҷумла гуфта буд, ки: «Мо имсол шумораи обунаро ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ камтар мекунем, бигзор дигар соҳаҳо ҳам ба рӯзномаю маҷаллаҳо обуна шаванд!» Кас ҳайрон мешавад, ки агар омӯзгор ва табиб, ки  аҳли зиё маҳсуб мешавад,  рӯзнома нахонад, пас кӣ мехонад?

Бобати хизматрасонии бади почтаи шаҳр, ки вазифаи сари вақт дастрас намудани рӯзномаю маҷаллаҳоро ба уҳда дорад, ҳоҷати гап  нест.

Ҳакими Тӯс дар «Шоҳнома»-и ҷовидониаш мефармояд:

 

Ҳар он кас, ки дард пӯшад  аз пизишк,

Ба фарҷом бирезад зи чашмон сиришк.

Нависандаи сатрҳо қазияву мушкилоти зикргардидаро борҳо дар нишастҳои матбуотии раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Истаравшан баён доштам ва гузашта аз он, дар саҳифаҳои рӯзномаи «Садои мардум» мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додам. Давоми 10-11 соли охир на танҳо ин камбудиҳо ислоҳ нашуданд, балки аксарияташон ҳатто мавриди вокуниши шахсони мансабдор қарор нагирифтаанд.  Чанд сол қабл бо супориши идораи рӯзномаи «Садои мардум» мактуби шикоятии Қумрӣ Асророва ном сокини деҳаи Пошкенти Ҷамоати деҳоти «Пошкент»- и шаҳри Истаравшанро санҷидам. Дар он Қумрӣ Асророва аз болои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва суди шаҳрӣ шикоят намуда, мегуфт, ки суд ғайриқонунӣ духтарашро аз шавҳараш ҷудо кардааст. Ду фарзанди духтараш ҷойи зист надоранд,  шавҳар алимент пардохт намекунад ва ҳоказо.

Дар аввал ман ҳам ба ин гуфтаҳо бовар кардам, вале чун қазияро санҷидам, маълум шуд, ки шикоятбаранда дурӯғ мегӯяд.

Суд зану шавҳарро қонунӣ ҷудо кардааст, занро дар хонаи пештар зиндагӣ мекардааш маскун сохтааст, шавҳар зани дигар гирифтааст, зан алименташро дар вақташ мегирад. Қумрӣ Асророва дар натиҷаи ба ҳар ҷо шикоят бурданаш, ҳатто бе навбат соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гаштааст, вале боз ҳам аз домоди собиқаш талаб дорад, ки барои собиқ зану ду фарзандаш хона сохта диҳад. Ман қазовати ҳалли ин масъаларо ба суд ҳавола карда, мақолае бо номи «Кӣ ҳақ аст, инро танҳо суд муайян мекунад!»  (аз 3 майи соли 2013) навиштам.

Шикоятбаранда чун дид, ки «Садои мардум» қазияро ба манфиати ӯ ҳал накард, акнун ба ҳар идора аз болои нависандаи сатрҳо шикоят мебурд.

Ба назари ман, агар масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар вақташ ба ин мақола вокуниш нишон медоданд, шояд   масъала чунин ранг намегирифт.

Шоираи истаравшанӣ Раънои Зоирдухт дар мавриди вазъи ногувори шиору  овезаҳои шаҳр бо алам мегӯяд, ки «тӯли солҳои зиёди фаъолият дар мавзӯи ба низом овардани шиору овезаҳо, варақаҳои коргузорӣ дар корхонаю муассисаҳо ва номгузорӣ  чандин мавод нашр кардем. Ба ҷои он ки аз ҷониби масъулин камбудиҳо ислоҳ гарданд, кормандон ва масъулини соҳа  пайи озор додани аҳли қалам мешаванд. Сатҳиву рӯякӣ баргузор намудани тадбиру маъракаҳои адабиву фарҳангӣ, иштироки саҳлангорона дар озмунҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ аз он дарак медиҳад, ки масъулини соҳа аз қобилияту истеъдоди корбарӣ фарсахҳо дур мебошанд».

Шоири шинохта Неъмати Оташ ва нависандаву рӯзноманигор  Додохони Эгамзод ба муносибати эълон гардидани соли 2015 «Соли оила» бо кормандону муҳассилини чанде аз корхонаву таълимгоҳҳои шаҳри Истаравшан мулоқот доштанд. Қабл аз оғози нахустин ҷамъомад  корманди масъули шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан оҳиста аз ман пурсид: «Инҳо чӣ ном доранд ва кадомашон нависандаву кадомашон шоир?».

Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 300 нафар иштирокдорони муҳорибаҳои Афғонистон ва муҳофизони сохти конститутсионӣ дар як ташкилот ҷамъ омадаанд. Магар кору рӯзгори эшон намунаи ибрат барои дигарон, хоса ҷавонону мактабиён нест?.

- Мутаассифона, аз чунин қувваи бузург дар шаҳр ба таври бояду шояд истифода намешавад. Ба аксари чорабиниҳои зарурӣ, аз қабили маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ё моро даъват намекунанд ё даъват кунанд ҳам, ба мо сухан намедиҳанд. Бинобар ин, ҷалбу ҷазби ҷавонон ба хизмати аскарӣ дар шаҳр аксар вақт тавассути дастгир карда овардани онҳо (облава) сурат мегирад,- мегӯяд раиси Иттифоқи ҷанговарони байналмилали шаҳр, полковники мустаъфӣ  Мирзо Олимов.

Раиси тозатаъини шаҳри Истаравшан Наим Набизода нияти ободу гулпӯш кардани шаҳрро дорад ва иқдомҳои пешгирифтааш аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Номбурда ҳам аз ғайриқаноатбахш будани кори самти ба истилоҳ «идеологӣ» дар ҷамъомадҳо изҳори нигаронӣ мекунад.

Умед дорем, ки  бобати интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои  варзидаи ин соҳа низ иқдом карда, пайи ислоҳи камбудию норасоиҳои мавҷудаи соҳа мешавад.

Ба назари мо ба дӯши занҳо бор шудани корҳои идеологӣ (дар аксари шаҳру ноҳияҳо масъулини ин вазифа занҳо- муовинони раиси шаҳру ноҳияҳо мебошанд)  натиҷаҳои қаноатбахшро ба бор наовардааст. Хуб мешуд, ки чунин масъулият ба уҳдаи худи роҳбарони аввал ё аққалан муовинони аввали раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо вогузор мегардид.

Агар ҷоннок намудани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ  байни оммаи васеи халқ, таваҷҷуҳи ҳар чӣ бештар ба масоили адабиву фарҳангӣ,  маориф, арзишҳои миллӣ ва ғайра дар шаҳру ноҳияҳои музофотӣ ҳам (чуноне, ки ин масъалаҳо дар пойтахт, маркази вилоятҳову дигар шаҳрҳои марказӣ бештару беҳтар ба назар мерасанд) ба амал меомад ва ҳангоми таҳияи лоиҳаи Консепсияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон волоияти таблиғот, ки аз дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоти имсолаашон бо аҳли зиёи кишвар бармеояд, ба назар гирифта шавад, ҷомеаи моро дар пешорӯ пешрафту шукуфоии аз ин ҳам бештар интизор хоҳад буд.

 

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»