Шояд аксар хонандагони рӯзнома бо ному насаби ман шинос бошанд. Зеро бори аввал нест, ки аз ноилоҷӣ даст ба коғазу қалам бурда, ба ибораи шоир «аз дафтару аз қалам алам мегирам». То ин дам вобаста ба мушкилоти ба сарам омада зиёда аз 50 матлаб дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ чоп шудааст.
Соли 1992 аз шаҳри Душанбе дар кӯчаи Афзалӣ 93 хонаеро аз шаҳрванд А. И. Кузнетсов харида будам. Бародарам Имомалиро дар он ҷой дода, ба Россия сафар намудам. Номбурда бо маслиҳати касе аз набудани ман суиистифода намуда, бо имзои сохта 10 июли соли 1994 шартномаи хариду фурӯши манзилро ғайриқонунӣ аз нав месозад. Аз он давра Навотой Расулова бе ягон асос дар ин манзил ҷой гирифт.
Ман аз ин бозиҳо хабардор шуда, барои ба таври қонунӣ соҳиб шудани манзил ба суд муроҷиат кардам. Пас аз даъвои ман экспертизаи судӣ – хатшиносӣ соли 2007 муайян намуд, ки шартномаи хариду фурӯши манзил аз 10 июли соли 1994 ғайриқонунӣ ва имзои ман қалбакӣ аст.
Суди ноҳияи Шоҳмансур (судя И. Каримов) 29 июли соли 2008 бори дигар тасдиқ намуд, ки манзили зикршуда ба бародарам И. Саидов ягон робита надорад. Суди шаҳри Душанбе бо ҳалнома маро соҳибмулки қонунии ин манзил эълон намуд.
Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (судя Х. Р. Аҷиков) 24 декабри соли 2008 ҳалнома содир намуд, ки Н. Расулова аз манзили истиқоматии ман, бе додани манзили истиқоматии дигар бо аҳли оилааш кӯчонида шавад. Вале санадҳои зикршуда ба Н. Расулова таъсир надоштанду ҳамоно ӯ аз хонаи ман берун шудан намехост. Иддао мекард, ки гӯё ҳамсари бародари ман аст. Пас аз даъвои ман Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҳалнома аз 1 июли соли 2014 ақди никоҳи ғайриқонунии ӯро беэътибор донист. Зеро бародарам соли 1972 бо Ҷалилова Фотима дар САҲШ ақди никоҳ баста, соҳиби 5 фарзанд аст.
Экспертизаи судӣ- хатшиносии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ — криминалии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи декабри соли 2014) ҳақ будани даъвои ман ва беасос будани даъвоҳои Н. Расуловаро собит кард. Аммо аз саҳлангории баъзе аз судяҳо наметавонам ҳаққи ҳалоламро соҳиб шавам.
Ман 4 майи соли 2016 оид ба кӯчонидани Навотой Расулова бо аҳли оилааш ба Суди ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кардам. Аммо судя Камина Қурбонзода моддаи 64, банди 2 ва моддаи 198 банди 3-ро сарфи назар карда, хонаи маро ҳамчун мерос тақсим кард. Аз ин хусус ба суди марҳилаи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе шикоят овардам. Муовини раиси Суди шаҳри Душанбе А.Н. Қурбонов парвандаро ҳамчун зинаи якум ба истеҳсолоти Суди шаҳри Душанбе гирифта, ба судя Т. Ҷ. Ҳафизов дод. Ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки хатшинос З. Ямакова ва корманди хонаи маро сохтакоринамударо ба суд даъват кунад. Судя Т. Ҷ. Ҳафизов судро соати 1400- и 11 декабри соли 2017 монд, вале бе иштироки ману намояндаи ман ҳалнома бароварда, хонаи маро тақсим кард.
Ҳол он ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2015 як бор чунин ҳалномаи ғайриқонунии Суди шаҳри Душанберо бекор карда буд.
Шикояти ман 8 майи соли 2019 аз ҷониби Коллегияи парвандаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, ҳалномаи Суди шаҳри Душанбе аз 11 декабри соли 2017 бекор ва барои аз нав баррасӣ намудан ба Суди шаҳри Душанбе ирсол гардид. Аммо аз ҷониби Суди шаҳри Душанбе боз ваҷҳҳои овардашударо сарфи назар карда, бо таъиноти маҷлиси судӣ аризаи маро рад карданд.
7 августи соли 2019 оид ба норозӣ будан ба таъиноти маҷлиси Суди шаҳри Душанбе ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардам. Бо қарори кассатсионии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2019 шикояти хусусии ман қонеъ карда шуда, парванда барои баррасӣ ба Суди шаҳри Душанбе ирсол гардид.
Аммо судяи Суди шаҳри Душанбе Ш. Нарзуллозода боз ваҷҳу далелҳоро сарфи назар карда, бо таъиноти маҷлиси судӣ даъвои маро рад кард.
Боз ба Коллегияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои гражданӣ муроҷиат кардам. Бо қарори кассатсионии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти хусусии ман аз болои таъиноти маҷлиси Суди шаҳри Душанбе, аз 23 сентябри соли 2019 аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда дида баромада, шикояти хусусии ман қонеъ карда шуд. Парванда барои баррасии нав ба сифати суди марҳилаи якум ба Суди шаҳри Душанбе ирсол гардид.
Дар моддаи 29 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Парвандаҳои граждание, ки таҳти тобеияти судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд:
1. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳоеро баррасӣ менамояд, ки мутобиқи қонун таҳти тобеияти судии он қарор доранд.
2. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳо ва қарорҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамояд».
Лозим ба ёдоварист, ки санадҳои судии Суди шаҳри Душанбе се маротиба бекор карда шудааст. Бинобар ин, аз масъулини Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки тибқи ин муқаррарот парвандаи граждании мазкурро дар суди зинаи якум мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Умаралӣ САИДОВ, сокини шаҳри Душанбе