Ноҳияи Дарвози ВМКБ аввалин шуда, аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ бо сарбаландӣ баромад. Тибқи иттилои комиссари ҳарбии вилоят, полковник Шоназар Шамиров, комиссияи ноҳияи Дарвоз бо сарварии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон дар раванди ташкили маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ монда, нақшаро дар давоми як рӯз ба иҷро расонд. Ин омил аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони ноҳия ихтиёран ба хизмати Модар — Ватан рафта, иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуданд. Барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 нафар ҷавонони дарвозӣ сафарбар шуданд.
Ш. ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»