ДЭВИД СИМПСОН: «САДДИ НБО-И «РОҒУН» БЕХАТАРТАРИН ДАР ҶАҲОН ХОҲАД БУД»

№72 (3552) 04.06.2016

Дэвид Симпсон, зилзилашиноси амрикоӣ, директори фахрии консорсиуми «Incorporated Research Institutions for Seismology» – IRIS муътақид аст, ки садди Неругоҳи барқи обии «Роғун» устувортарин дар ҷаҳон хоҳад буд.

Дэвид Симпсон, ки бо мутахассисони тоҷик ба вуруд ва насби таҷҳизоти муосири зилзиласанҷӣ дар Тоҷикистон машғул аст, дар суҳбат бо «CA-News» изҳор дошт, ки зимни бунёди садди Неругоҳи барқи обии «Роғун» фаъолии қишри замин дар атрофи он бояд ба қайд гирифта шавад.

- Фикр мекунам, зимни тарҳрезии садди Неругоҳи барқи обии  «Роғун» тамоми ин ҷанба ба назар гирифта шудаанд ва ман муътақидам, ки обанбори «Роғун» чун «Норак» бехатартарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Таҷриба нишон додааст, ки обанборҳои сангу хокӣ аз устувортаринҳоянд. Садди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба тамоми зилзилаҳо тобовар хоҳад буд, — таъкид намуд номбурда.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегаватт ва садди 335 — метра бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ мегардад ва Тоҷикистонро ба кишвари содиркунандаи неруи барқ табдил хоҳад дод. Давлати Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки иддаои зарари НБО-и «Роғун» асосе надорад, зеро об дар садди неругоҳ батадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ гардида, ба манфиати кишварҳои минтақа низ истифода хоҳад шуд.

«Садои мардум»