Ё сад соли фоҷиаи «исломи сиёсӣ»
Таърихи башарият омӯзгори огоҳу беминнат аст. Омӯзиши таҷрибаҳои он метавонад мададрасони халқу миллатҳои сайёра бошад. Беҳуда падарсолори шеъри тоҷику форс устод Рӯдакӣ моро барои омӯзиши равандҳои таърих ҳидоят накардааст:
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Аммо бо гузашти ҳазор сол аз ин панди пири хирад пайравону ворисонаш аз раҳнамудҳо ибрат нагирифтаем ва боз ҳам дар роҳе гом мениҳем, ки чоҳи амиқ пешорӯи он канда шудааст. Саъдии бузургвор ҳам дар ин замина фармудааст:
Чоҳ асту роҳу дидаи бинову офтоб,
То муддаӣ нигоҳ кунад пеши пойи хеш.
Ба иловаи пандҳои ҳакимонаи бузургони қавм даҳҳо ҷилд китоби таърихию сиёсӣ дар бораи зуҳуру суқути империяву сулолаҳои калони подшоҳӣ навишта шуда, сарнавишти Ҳахоманишиён, Сосониён, Тоҳириён, Сомониён, Ғуриён ва ғайраро дар тӯли таърих бозгӯ кардаанд, то мояи ибрат бошад. Аммо воқеият ин аст, ки ҳанӯз ҳам бо мутолиаи он ҳама осор ба хулосаи ҷиддӣ ва созанда нарасидаем. Чӣ гуна беэътиноиву ғафлат дар вуҷуди бархе лона кардааст ва чаро аз гузашта ибрат намегирем?
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ холигоҳи амиқе дар зеҳни шаҳрвандони ҷумҳуриҳои тозаистиқлол ба вуҷуд омад ва гурӯҳу аҳзоби навбаромад бо ҳадафу ваъдаҳои гуногун даъвои ҳукумат кардан дар кишварҳоро намуданд. Дар бораи дурустию нодурустӣ ва ҳаққу ботил будани онҳо ва афкору андешаашон ҷойи қазоват нест. Аммо он чӣ дар ин гирудорҳои сиёсӣ таваҷҷуҳро ҷалб мекунад ва ҷойи нигаронӣ дорад, ба масъалаҳои сиёсии рӯз ҷалб намудани дин ва рӯҳониён аст. Аз ибтидои касби истиқлол дар саҳнаи сиёсии ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ баъзе аз гурӯҳҳои динии ношинохта сар халонида, мардумро дар сангарҳои мухталиф муттаҳид карда, ба майдонҳои сиёсӣ кашиданӣ шуданд. Ҳатто бояд гуфт, ки қабл аз касби истиқлол ин гурӯҳҳо таҳти таъсири омилҳои бегона дар дохили мамлакат фаъолиятро оғоз карда буданд. Фаъолияти ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ далели ҳамин гуфтаҳост. Ин гурӯҳу ҷараёнҳои барои ҷомеа ношинохта бо чӣ ният дар дохили ҷомеа нуфуз карданд ва ҳадафи асосии онҳо чӣ буд? Барои боз кардани решаҳои ин мавзӯъ ибтидо бояд назаре ба таърих бияндозем ва бубинем, ки он аз куҷо маншаъ мегирад? Дар маҷмӯъ, ҷараёни сиёсисозии дин дар ҷомеаҳои исломӣ дар се марҳала ташаккул ёфтааст.
1. Охирҳои асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ. Дар ин давра гурӯҳе аз мутафаккирону донишмандони исломӣ бо ҳадафи бедор кардани мусулмонон ва наҷоти онҳо аз истеъмор ҳаракати равшангароиро оғоз карданд. Ин ҳаракат дар Осиёи Миёна тавассути Аҳмади Дониш, дар шибҳи қораи Ҳинд ба воситаи Муҳаммадалии Ҷиноҳ ва Муҳаммад Иқбол, дар Эрону Афғонистон тавассути Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ ва дар Ховари Миёнаву Шимоли Африқо аз тарафи Ҳасан — ал-Банно, Сайид Қутб ва дигарон таблиғу густариш пайдо кард. Дар ибтидо ин ҳаракат характери маорифпарварона ва равшангароёна дошта, ҳадафаш бедории мусулмонон, ҷалби онҳо ба самти дастовардҳои илмии муосир ва созиши дин бо тамаддуни навин унвон мешуд. Вале самари ин дарахт дар амал меваҳои талх ба бор овард.
2. Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ташкили давлати Исроил дар Ховари Миёна мавҷи дуюми ҳаракати сиёсии мусулмонон авҷ гирифт ва ҷабҳагирии кишварҳои исломӣ бар зидди Исроил ва ҳомиёни он боиси зуҳури гурӯҳҳои мусаллаҳ ва тундрави мазҳабӣ дар минтақа шуд. Дар ин марҳала, ташкили гурӯҳҳои тундрави динӣ умдатан характери зиддиғарбӣ дошт, зеро кишварҳои Ғарб аз мавҷудияти давлати Исроил дар Ховари Миёна ҳимоят мекарданд. Ташкили гурӯҳҳои зиддиисроилӣ дар дохили баъзе аз кишварҳои исломӣ ва нокомии онҳо дар баробари он боиси афзоиши хушунат дар дохили кишварҳои исломии минтақа гардид.
3. Марҳалаи сеюми сиёсисозии дин дар охирҳои асри ХХ, ҳамчунин, бо пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон ва ворид шудани Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон оғоз мегардад. Дар он давра Ғарб ба ин натиҷа расид, ки танҳо неруе, ки битавонад мардуми мусулмонро дар муқобили Артиши Сурх барои ҷангидан ангеза бахшад, дин аст ва бо тамоми қувват аз неруҳои мазҳабӣ ҳимоят кард. Бо ҳимояти онҳо дар Пешовари Покистон ҳафт танзим (ҳизб)-и исломии суннӣ ва дар баробари он ҳашт танзими дигари мазҳабии шиа бо пуштибонии Эрон дар дохил ва хориҷ ташкил ва барои муқобила бо ҳукумати коммунистии Кобул сафарбар шуданд. Аммо баъди сарнагун кардани ҳукумати коммунистӣ дар Афғонистон пуштибонони ҳизбҳои сиёсии исломии Афғонистон дар байни онҳо тафриқа андохта, монеи ба сари қудрат омаданашон шуданд. Ба ҳар ҳол, сарфи назар аз натиҷаи муборизоти гурӯҳҳои исломӣ бо низоми коммунистӣ дар Афғонистон, ин раванд боиси шиддат гирифтани ҷараёни сиёсисозии дин (ислом) дар баъзе аз кишварҳои исломӣ шуд. Акнун гурӯҳҳои тундрави исломӣ василаи дасти хадамоти ҷосусии Ғарб барои пиёда кардани ҳадафҳои геополитикӣ ва сиёсии онҳо дар минтақа шуданд. Ҳарчанд гурӯҳҳои мутаассиб ва тундрави динӣ бо иддаои озодихоҳӣ ва бозгардонидани ҳувият ва бартарии ҷаҳони ислом амал мекунанд, аммо то кунун натиҷаи фаъолияти онҳо бар зарари мусулмонон ва манфиати кишварҳои исломӣ тамом шудааст. Намунаи ошкори он ҳукумати «Толибон» (1996-2001) дар Афғонистон аст, ки бо равиши асримиёнагӣ муддате дар ин кишвар ҳукумат ронда, мусибати калоне ба сари мардуми сарзамин оварданд. «Толибон» ҳар рӯзи ҷумъа дар варзишгоҳи бузурги Кобул додгоҳи муттаҳамин ва муҷриминро барпо ва дар пеши назари ҳазорон нафар, афроди муттаҳамро қатл мекарданд ва ё дасту пойи онҳоро мебуриданд. Ин ваҳшоният бо инфиҷори бутҳои таърихии Буддо дар Бомиён моҳи марти соли 2001 анҷом ёфт ва ниҳоят, Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ низоми «Толибон»-ро тирамоҳи ҳамон сол суқут дод.
Аммо суқути «Толибон», гарчанде поёни давраи ҳукумати як гурӯҳи мазҳабӣ дар кишвар буд, оғози марҳилаи дигар аз авҷи рӯҳияи тундгароии мазҳабӣ дар минтақа шуд. Гурӯҳҳои фитнагар фурсат ва бистари муносиберо барои таблиғи андешаи тундгароёна ва мазҳабӣ фароҳам диданд.
Мардуми Афғонистон шоҳиди зиндаи ин ҳодиса ҳастанд ва хотираву таҷрибаи талхро аз зиндагӣ дар зери юғи аморати исломии «Толибон» ҳикоят мекунанд. Ваҳиди Мужда (соли гузашта террор шуд), нависандаи афғон ва яке аз масъулони вазорати хориҷаи «Толибон» дар китобаш «Афғонистон: панҷ сол дар султаи Толибон» навиштааст: «Рӯзе бо дастури вазири хориҷа Аҳмад Ваҳиди Мутаваккил ба масъалае ба дидани қозиюлқуззот рафтам. Дар қабулгоҳи ӯ чанд нафаре нишаста буданд. То ин ки қозисоҳиб вақт пайдо кард ва маро даъват намуд, фурсат кардам ва бо нафаре, ки навбати дидори қозиюлқуззотро мепоид, суҳбат кардам. Аз ӯ пурсидам, ки чӣ ҳоҷат дорад? Гуфт: «Мехоҳам дандонамро бикашам». Гуфтам, пеши доктор (духтур) бирав. Гуфт доктор мегӯяд, ки аз қозӣ муҷаввиз (иҷозат) биёр. Чанд рӯз аст ҳеҷ қозие ин иҷозатро ба ман намедиҳад, аз ин рӯ, барои гирифтани иҷозат ба назди қозиюлқуззот омадаам…».
Фоизаи Ҳошимӣ — духтари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, собиқ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва яке аз бунёдгузорони низоми исломӣ дар Эрон борҳо дар суханрониҳо мухолифаташро бо ташкили ҳукумати динӣ баён кардааст. Ӯ дар ин бора мегӯяд: «Ман муътақидам, ки ҳукуматҳо ба сабаби ин ки хатоҳояшонро ба пои дин менависанд, ба дин осеб мезананд ва ба хотири ҳамин, ки дин осеб набинад ва мардум ҳолати динзадагӣ пайдо накунанд (аз дин безор нашаванд), ҳукумат агар динӣ набошад, беҳтар аст. Ман хеле бо ҳукумати динӣ ба ин далел мувофиқ нестам».
Оё дин сиёсат аст?
Саволи асосие, ки ҳоло дар зеҳни мусулмонони ҷаҳон мечархад, ин аст, ки робитаи дину сиёсат ва фарқи ин ду аз якдигар дар чист? Масъалаи ягонагии дину сиёсат пас аз рӯи кор омадани Ҷумҳурии Исломии Эрон дар миёни мусулмонон вусъат гирифт. Баҳсҳои шадид ва мухталифе ҳам дар дохили Эрон ва ҳам дар дигар кишварҳои исломӣ перомуни он оғоз шуда, то кунун идома дорад. Ҷараёнҳои тундгарову мутаассиб барои исботи даъвои ягонагии дину сиёсат, ҳамеша ба даврони садри ислом ишора мекунанд ва аз ин тариқ мехоҳанд ҳақ будани худро ба мусулмонон қабул кунонанд. Дар ҳоле ки ҳақиқат чунин нест ва далоили асримиёнагӣ барои исботи ҳақиқат дар замони муосир (асри XXI) ғайри қобили қабул мебошад. Бояд бидонем, ки дар гузашта, ба сабаби такомул наёфтани илм бисёре аз умур таҳти таъсири умури дигар қарор дошт. Масалан, улуми мустақили имрӯз, ба монанди мантиқ, калом, ҳандаса, риёзӣ, кимиё ва ғайра, дар дохили фалсафа буданд. Аммо бо рушди илму пешрафтҳои ақлонии башарият, на танҳо ин фанҳо, балки садҳо улуми дигар аз батни фалсафа раҳо шуда, ба илми мустақил табдил ёфтанд. Ҳатто донишманди бузурге мисли Ғаззолӣ, ки бо дастури халифаҳои Аббосӣ масъули посух додан ба мухолифони ислом шуда буд, таҳти таъсири сиёсати инҳисорталабонаи Аббосиҳо дар рисолаи «Мунқиз мин аз-залола» омӯзиши илмҳои дақиқро мамнӯъ кард ва 800 сол дар мадрасаҳои ҷаҳони ислом тадриси илмҳои дақиқ манъ шуд, ки натиҷааш ақибмондагии мусулмонон аз илм ва тамаддуни навин гардид.
Дар ҳавзаи дину сиёсат ва иҷтимоъ низ ҳамин назария содиқ буд. Воқеияти таърихӣ баёнгари ин нукта аст, ки дар садри ислом ҳам билофосила баъд аз реҳлати паёмбари ислом, ҷанги қудрат дар миёни мусулмонон шиддат гирифт ва террори се халифа (Умар, Усмон ва Алӣ) аз ҳамин ҷо маншаъ гирифта буд. Пас аз он, дар сарзаминҳои исломӣ амалан на ҳукумати динӣ, балки сулолаҳои мустақил бо низоми подшоҳӣ ва қабилавии меросӣ ҳукумат кардаанд. Ба монанди хонадони Умавиён, Аббосиён, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиҳо, Усмониҳо ва ғайраву ҳоказо. Низоми сиёсии ин сулолаҳо подшоҳӣ буда, аз қонунҳои динӣ ҳам ба майлу хосташон ҳимоят мекарданд. Системаи хилофат бештар характери ташрифотӣ дошт ва сулолаҳои мустақилу нимамустақил тибқи майлу манфиатҳо дар минтақаҳои зери тасарруф салтанат меронданд. Аммо ин ба он маъно нест, ки ин ҳукуматҳо комилан динӣ буданд. Аз тарафи дигар, бояд фарқи сиёсати динӣ аз сиёсати давлатиро донист.
Якум, дин ҳам сиёсат дорад, вале сиёсати дин иршодӣ буда, сиёсати ҳукумат иҷборӣ аст. Маънои ин гап ҳамин аст, ки дин мардумро ба роҳи рост ҳидояту раҳнамоӣ мекунад, аммо сиёсати он иҷборӣ нест, балки амрҳои динӣ бояд аз сари сидқу ихлос иҷро шаванд. Яъне, дар дин маҷбурсозӣ вуҷуд надорад ва ин далели ошкор бар иршодӣ будани сиёсати динӣ аст.
Дуюм, интихоби ин роҳ бар уҳда ва ихтиёри мардум вогузор шудааст, чунончӣ «мо ба ҳақиқат роҳи ростро ба ӯ нишон додем, хоҳ шокир бошад, хоҳ носипос». Яъне, ихтиёри роҳ ба ақлу заковати инсон вогузор шудааст.
Сеюм, ҳадафи дин ба даст овардани қудрати сиёсӣ дар дунё нест, балки ҳидояту ҳимояти мардуми омма ва ташвиқи онҳо ба роҳи дуруст мебошад. Аммо иҷбор дар сиёсати ҳукуматҳо як амри зотӣ аст, зеро агар ҳукумат ин равандро назорат накунад, ҷомеаро бесарусомонӣ фаро мегирад. Мисол, тибқи сиёсати ҳукуматӣ мардум вазифадоранд, ки пули об, барқ, газ, нақлиёт ва дигар хадамоти давлатиро пардохт намоянд. Агар ин амр ихтиёрӣ бошад, бидуни шак, камтар касе ҳозир мешавад, ки маблағро бипардозад. Бинобар ин, давлатҳо аз тариқи қонун мардумро вазифадор мекунанд, ки ба уҳдадориҳо амал кунанд. Агар ин кор сурат нагирад, буҷети давлат холӣ монда, маоши табақаҳои дигари иҷтимоӣ пардохт нахоҳад шуд ва ҷомеаро ошӯб фаро хоҳад гирифт.
Чорум, ҳадафи дин таълиму тарбия ва ҳидояти башар дар роҳи рост аст. Дин ба таври умум шароит ва сифатҳоеро барои ҳоким шудан дар ҷомеаи мусулмонӣ таъриф кардааст, ки ин сифатҳо низ умдатан бо ҳадафи таъмини адолат ва кумак ба халқи Худо равона шудааст.
Панҷум, ташкили ҳукуматҳои динӣ-мазҳабӣ ҳаргиз ба нафъи халқи Худо набуда, дар дарозои таърих заминаи ҷангу низоъҳои бепоёнро фароҳам кардааст. Вақте ки одам мазҳабӣ фикр мекунад, табиатан тибқи бовар ва ривоятҳои мазҳабӣ дар ҳоли хусумату душманӣ бо дигар динҳову мазоҳиб қарор хоҳад гирифт. Таърихи ҷангҳои мазҳабӣ дар дини масеҳият ва ислом гувоҳи ошкори ин гуфтаҳост. Мазҳабҳо дар қолаби дини воҳид ҳатто сари созиш бо якдигар надоранд, чӣ расад ба таҳаммули пайравони дину мазоҳиби дигар. Аз ин рӯ, таърихи ташкили ҳукуматҳои динӣ дар ҳеҷ гӯшаи дунё натиҷаи хуб надошта, поёни кори онҳо бо шикаст рӯ ба рӯ шудааст.
Кишварҳои Аврупо, то замоне ки сояи истибдоди дини масеҳият дар симои рӯҳониёни Ватиканро аз сар дур накарданд, ба пешрафту шукуфоӣ ноил нашуданд.
Бояд донист, ки рисолат ва ҳадафи дин давлатсозӣ нест, балки инсонсозист. Дин ҳокими рӯҳу ҷони инсон буда, салоҳи дунёву охирати инсонро дар назар дорад. Давлатҳо ивазшавандаанд ва аз тариқи интихобот омаданиву рафтанӣ ҳастанд, аммо таълимоти динӣ фарогиру умумӣ буда, умури зиндагии инсонро дар дунёву охират танзим мекунад ва иҷрои ин амрҳоро бар ихтиёри инсон вогузор кардааст. Ҳатто ҳукуматҳо, ки сиёсати иҷборӣ доранд, ҳаққи дахолат дар умури шахсии инсонҳоро надоранд ва қонуни асосии кишварҳо бар ин асл таъкид мекунад. Файласуф Комил Бекзода мегӯяд, ки дар тӯли таърих рӯҳониёни дунёпараст ва ҳокимони мустабид дар эътилоф (коалитсия) қарор гирифта, бар халқи бечора ситам кардаанд. Яъне, рӯҳониёни дунёпараст зулму ситами ҳокимони золими таърихро либоси динӣ пӯшонида, боиси идомаи ҳукумати онҳо будаанд. Иқболи Лоҳурӣ дар қолаби шеър ҳамин назарияро баён кардааст:
Зи ман бар суфию мулло саломе,
Ки пайғоми Худо гуфтанд моро.
Вале таъвилашон дар ҳайрат андохт,
Худову Ҷибриилу Мустафоро.
Иқбол дар маснавии «Ҷовиднома» эътилофи муллоёну қудратмандонро дар таърих ба таври возеҳтар баён кардааст:
Бо пашизе дину миллатро фурӯхт,
Ҳам атои хонаву ҳам хона сӯхт.
Сайди муллоёну нахчири мулук,
Оҳуи андешаи ӯ лангу лук.
Мункири Ҳақ назди мулло кофар аст,
Мункири худ назди ман кофартар аст!
Хулоса, тазоди дину давлат мавзӯи нав нест, ки акнун ба он пардохта бошем, балки ин тазоду дугонагӣ хеле пештар ошкор шуда, дар осори бузургоне чун Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлонои Балх, Бедил, Ҷомӣ ва дигарон ба тариқи гуногун матраҳ шудааст.
Назарияи донишмандон дар бораи дину давлат
Дар байни файласуфони Аврупо Спиноза аз пешгомони назарияи ҷудоии дин аз давлат аст. Ӯ дар рисолаи «Сиёсат» се мавзӯи меҳвариро матраҳ кардааст: озодӣ, радди теократия ва тавонманд кардани аксарият (тӯдаҳо). Акнун садаи ХХ бо хусусиятҳои аслиаш ҳамчун ҷанги аввал ва дуюми ҷаҳонӣ, Инқилоби Октябри Россия, фашизму миллатгароӣ, истиқлоли мустамликаҳо ва фурӯпошии блоки сотсиалистӣ ба поён расид. Дар ибтидои асри ХХI дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ башарият бо таҳдидҳои нав ва таҳаввулоти калони сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, муҳитзистӣ ва зуҳури идеологияҳои ҷадид рӯ ба рӯ шудааст. Аз ин рӯ, миллатҳо барои бақо ба бозбинии мактабу низомҳои сиёсӣ ва фаҳми тоза аз онҳо даст мезананд. Тоҷикҳо ҳам набояд аз ин қофила қафо бимонанд ва моделу методи навини ояндаро бояд аз ҳоло мушаххас ва таъин намоянд, ки дар чӣ системаи сиёсие мехоҳанд кору зиндагӣ кунанд. Дар чунин ҳангоме назарияи тавонмандсозии аксарият барои озодӣ, худмухторӣ ва истиқлоли Спиноза аҳамияту заруратро бештар кардааст. Спиноза дар баробари ҳукуматҳои теократӣ аз ташкили давлати дунявӣ, ки дар сарнавишти он аксарият саҳм дошта бошанд, ҳимоят мекард. Спиноза теократия ё ҳукумати диниро душмани асосии озодии инсон ва андеша медонист. Ӯ дар замони зиндагӣ (асри XVII) аз сӯи фанатикҳои яҳудӣ ва масеҳӣ мулҳид эълом шуда, таҳти таъқиб қарор дошт.
Этен де ла Боэси (1530-1563) нависанда ва файласуфи фаронсавӣ ҳам дар рисола бо номи «Гуфтор дар бораи асорати довталабона» навиштааст: «Бештари вақтҳо ман аз мушоҳидаи инсонҳое, ки даст ба таблиғи масеҳият мезананд… ва ҳамзамон бо хушунате беҳамто ба ҷанги якдигар мераванд ва нисбат ба ҳам чунон кин меварзанд, ки мазҳабашонро ағлаб бо ин кинаварзӣ мешиносонанд, шигифтзада мешавам. Дар ҷустуҷӯи решаҳои ин беморӣ, ман ба ин натиҷа расидам, ки беш аз ҳар чиз, сабаби онро дар вазъияте бояд ёфт, ки ниҳоди калисо аз имтиёзоти моддӣ бархӯрдор аст. Чунин аст, ки зиёдаравиҳо ва манишҳои нодуруст роҳ ба калисо меёбанд ва таассуб дар ривоҷи имон табдил ба ҷоҳталабӣ ва молпарастии накбатбор мешавад. Аз он ҷост, ки ҷангҳо, тангназариҳо ва душманиҳое сарсахт падид меояд… аз ин пас набояд тааҷҷуб кунем, ки имони имрӯза ба таассуб ва содалавҳӣ табдил шудааст…»
Ҳамин офат ҳоло кишварҳои исломиро фаро гирифтааст. Ҳодисаҳои даҳшатангезе, ки тайи чор даҳсола дар Афғонистон, Ироқ ва баъдан дар Сурияву Либия рух доданд ва ҳамчунон идома доранд, паёмади сатҳинигарӣ ва фаҳми сода аз моҳияти дин аст, ки гурӯҳҳои тундрави навбаромад бо ҳимояти сармояи бегона дар ҷаҳони ислом густариш медиҳанд. Таблиғи идеяи ягонагии дину давлат шиори зоҳиран диққатҷалбкунанда, аммо дар асл ҳадафи он нобудии арзишҳои асили динӣ ва ҷойгузин кардани хушунат ба ҷои ахлоқу маънавияти ҳоким дар миёни мусулмонон аст. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои тундрави навбаромад маконҳои муқаддас, оромгоҳи орифону шайхони бузургро ҳадаф қарор дода, мехоҳанд мардумро аз гузашта ҷудо намоянд.
Он чӣ, ки 40 сол боз аз сари мардуми Афғонистон мегузарад, бояд барои фаҳми моҳияти гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгарои мазҳабӣ кифоят кунад. Кишваре, ки беш аз сад ҳизби сиёсӣ, ки бо худ пасванди исломиро доранд ва маълум нест барномаи кадоме аз онҳо ба нафъи ислом аст. Воқеияте, ки шоҳидаш ҳастем ин аст, ки ҳар рӯз дар кишвар бар асари кашмакаши гурӯҳҳои мазҳабӣ одамони бегуноҳ кушта мешаванд, ба масҷиду мадрасаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо неруҳои интиҳорӣ ҳамла карда, садҳо танро ба хоку хун оғӯшта мекунанд. Акнун кӣ метавонад, исбот кунад, ки ҳақиқат дар назди кадоме аз он гурӯҳҳои даҳшатафкан ва хушунатгаро аст, ки бо номи ислом ба халқи Худо зулму ситам раво мебинанд? Пайомади сиёсисозии дин ва натиҷаи онро дар намунаи вазъияти асафбори Афғонистон Ҳоруни Роъун чунин тасвир кардааст:
Маҷмӯаи ғунчаҳо, ки бетақсиранд,
Бо атсаи интиҳор дармегиранд.
Гулҳову парандаҳо дар ин боғистон,
Ҳар рӯз яке, яке, яке мемиранд.
Мутаассифона, бо дидану мушоҳидаи ин зулму ваҳшат баъзе аз афрод ва гурӯҳҳое дар Тоҷикистон низ вуҷуд доранд, ки ба ин ҷараёнҳо дилбастагӣ ва алоқа дошта, динро вориди масъалаҳои сиёсӣ карданианд. Таърихи навтарини Тоҷикистон низ таҷрибаи талхи омезиши дину сиёсатро аз сар гузаронидааст. Яке аз сабабҳои барҷастаи низои дохилӣ дар Тоҷикистон ҳамин ангезаи динӣ буд. Маҳз дар заминаи ангезаҳои динӣ тӯдаҳои ноогоҳи мардум ба майдони сиёсат кашида шуда, дар муқобили якдигар қарор гирифта, билохира ба абзори истифодаи гурӯҳҳои манфиатҷӯи хориҷӣ табдил ёфтанд. Маҳз талоши сиёсисозии дин ва истифода аз номи дин ба мақсадҳои дунёӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муайян боис шуд, ки ҷомеа дучори сардаргумӣ ва ваҳдату якпорчагии миллӣ зери хатар қарор гирад.
Зимнан, мардуми тоҷик бояд зираку бедор бошад ва дубора фирефтаи шиорҳои дурӯғини мутаассибу ифротиҳои динӣ нашавад. Дин паноҳгоҳи халқ ва сипари мазлумон аст. Коре накунем, ки ин сипарро бо ихтиёр ба дасти фитнагарону иғвогарони сиёсатзада бидиҳем. Агар ин кор сурат бигирад, фардо бо чӣ неру ва сипар аз қудратмандону зӯргӯёни ҷаҳон ҳимоят хоҳем кард? Мазҳаби ҳанафӣ дар тӯли асрҳо ҳомии ахлоқу маънавияти мардум буд. Шайхону орифони бузург дар ин қаламрав мисли хуршед тарғибгари маънавияту ахлоқ буданд. Пирон ба меҳнати ҳалол машғул шуда, «даст ба кору дил ба ёр» мегуфтанд. Ҳаргиз иҷозат набояд дод, ки дин бо сиёсат олуда шавад ва саодати дӯстӣ ба мусибату бадбинӣ табдил ёбад. Тайи чанд соли охир ҳар рӯз аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ шоҳид ҳастем, ки чӣ гуна миллионҳо мусулмон аз тарсу ваҳшати гурӯҳҳои ифротию тундрав хонаву кошонаро дар шимоли Африқо, Сурия, Ироқ ва Афғонистон раҳо карда, аз кишварҳои Аврупо паноҳандагӣ меҷӯянд. Теъдоди зиёди ин оворагон дар дашту саҳро луқмаи даррандагони ваҳшӣ ва дар баҳру дарё туъмаи тимсоҳу моҳиҳо мешаванд. Аҷиб ин аст, ки дар миёни паноҳҷӯён аксаран онҳое ҳам ҳастанд, ки дар кишварҳои мусулмонӣ барои барпоии низоми исломӣ даст ба ваҳшоният зада, ба таъбири «вақти зарурат чу намонад гурез», ба оғӯши ҷомеаҳои ба истилоҳ, «бедин»-и аврупоӣ паноҳ бурдаанд. Ин ҷо ҳам як ҳақиқат ошкор мешавад, ки низоми дунявӣ ва ҷудо аз мазҳаб метавонад ҳаққи фитрӣ ва қонунии пайравони ҳар мазҳаберо таъмин кунад, ҳатто агар ба арзишҳои аксарият созгор ҳам набошад. Аммо низоми истибдодӣ, хусусан агар мазҳабӣ бошад, қодир ба таҳаммули чунин вазъият нест ва зарфияти ҷой додани чунин паноҳандаҳоро ҳам надорад.
Нишонаи ҳукумати хуб адолат аст, на диндории ҳоким
Башарият дар тӯли таърих вуҷуди низомҳои сиёсии гуногун, аз ҷумла қабилаӣ, подшоҳӣ, авторитарӣ, теократӣ, сосиалистӣ ва ғайраро таҷриба кардааст. Донишмандон, аз Афлотун то кунун дар бораи бартарияти низомҳои сиёсӣ дар ҷаҳон назариёти гуногун пешниҳод кардаанд, аммо таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки беҳтарин ҳукумат дар тӯли таърих низоми демократӣ мебошад, ки дар он аксарият барои таъини сарнавишт саҳмгузоранд. Карл Поппер (1902-1994), файласуфи англис дар китобаш «Ҷомеаи боз ва душманони он» дар бораи низоми демократӣ менависад: «Агарчи демократия беҳтарин низоми қобили тасаввур ва аз назари мантиқӣ беҳтарин низоми мумкин нест ва дар бисёре аз заминаҳо метавон ва бояд онро беҳбуд бахшид, аммо ин низом аз назари таърихӣ беҳтарин низоми сиёсӣ аст, ки то кунун мо суроғ дорем». Поппер баъзе аз заъфҳои демократияро мепазирад ва дар посух ба мухолифони он чунин низомеро одилонатарин ва беҳтарин низоме медонад, ки то кунун дар таърихи башарият амалӣ шудааст.
Бинобар ин, вақте ки дар бораи ҳукумат баҳс мекунем, баҳси илмӣ буда, ба эътиқоду имон робита надорад, зеро асоси дин вуҷуди имону сидқ аст ва агар ин ду омил набошад, дин арзише надорад. Аз ин рӯ, омезиши мавзӯи дину сиёсат ғайримантиқист, зеро сиёсат амри рӯзмарра ва ё илми табиӣ буда, паёмадҳои он бар зарари дину диндорони воқеӣ тамом мешавад. Зеро эътиқод ё бовар амри исботпазир нест, аммо амалҳои сиёсӣ дақиқ ва қобили тағйиру ислоҳанд. Аз ин ҷиҳат дину сиёсат ду ҳавзаи комилан аз ҳам ҷудо мебошанд. Касоне, ки динро василаи сиёсатбозӣ қарор медиҳанд, ба маънои он нест, ки онҳо барои Худо ва иҷрои аҳкоми илоҳӣ ин корро мекунанд, балки ба эҳтимоли зиёд нияти онҳо расидан ба қудрату сарват ва дастёбӣ ба манфиатҳои шахсист. Зеро ҳеҷ кас наметавонад исбот кунад, ки маърифати ин гурӯҳҳои навбаромад хости Худост. Он чӣ дар афкори орифону донишмандони исломӣ дар ин бора суроғ дорем, ин нукта аст, ки хости Худо ҳамон хости халқи Худо аст. Яъне, агар касе бихоҳад ризояти Худоро дошта бошад, бояд дили халқи ӯро ба даст биёрад. Ва барои касби ризояти халқи Худо ниёзе ба давлату қудрату сарвати дунявӣ нест. Ҳатто бо сухани хуб ҳам метавон дили халқи Худоро ба даст овард. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки асл дар дини Худо иҷрои адолат аст. Худо ба сохторҳои сиёсии ташкилдодаи башар коре надорад, хости Худованд сарфи назар аз ҳар навъ системаи сиёсӣ риояи адолат бо мардум аст. Дар ин робита аз ҳазрати Алӣ ҳадисе ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Ал-мулку ябқо маъа-л-куфри ва ло ябқо маъа-з-зулм» яъне, ҳукумат бо куфр боқӣ мемонад ва бо зулм боқӣ намемонад.
Манзур мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки печидагии ин масъалаҳоро бидонанд ва дар доми фиреби гурӯҳҳои мутаассибу ифротгаро наафтанд. Ин гурӯҳҳо бо таблиғоти густарда ва бо овардани далелу бурҳон аз ояву ҳадис мардуми ноогоҳро ба дом меафкананд ва онҳоро таҳти парчами дини Худо ба ҷангу хушунат ба зидди якдигар ҳидоят мекунанд. Дар ҳоле, ки ҳеҷ дине аз ҷангу хушунат ва иғвову фитнагарӣ ҳимоят накардааст. Пас бо дидани ин нишонаҳо мардуми худотарсу муъмин бояд худро аз сафи онҳо ҷудо намоянд ва насли ҷавон аз пайвастан ба ин гуна ҷараёнҳо парҳез кунанд.
Чӣ гуна динро аз фитна
нигаҳ дорем?
Аҳли фитнаву иғво масъалаҳои диниро дар назди мардуми одӣ тавре матраҳ мекунанд, ки барои онҳо роҳи дигари интихоб боқӣ намемонад. Ин яке аз нишонаҳои ошкорест, ки мардум бояд аз ин гурӯҳҳо худро канор бигиранд.
Дуюм, ин гурӯҳҳо худро тавре вонамуд мекунанд, ки гӯё намояндаи Худо дар рӯи замин бошанд.
Сеюм, он чӣ ин гурӯҳҳои тундрав аз дин мегӯянд, фаҳм ё бардошти шахсии онҳо аз дин аст, на ҳақиқати дин. Аҳмади Дониш фармудааст: «Дин мисли дарахтест, ки ҳар сол меваҳои тарутоза бор меоварад». Маънии ин сухан ҳамин аст, ки дин ҳам қобилияти тағйиру таҳаввул дорад, агар ғайр аз ин бошад, ба догма табдил хоҳад шуд. Маънои иҷтиҳоду навоварӣ ҳамин аст, ки як амри зарурист. Мусулмонон бояд пайрави дин бошанд, на пайравӣ мутаассибону ифротгароёну догматикҳо, ки дар асл душмани воқеии динанд. Фаромӯш набояд кард, ки маҳз ҳамин тоифа дар ибтидои асри ХХ хондани рӯзномаро куфр медонистанд, рафтан ба мактабҳо ва омӯзиши илмҳои дақиқро ҳаром мехонданд, бо радио, телевизор, мошин, велосипед, театр, донишгоҳ, таълиму кори занону духтарон дар ҷомеа ва ғайра мухолифат мекарданд, аммо раванди таърих нишон дод, ки тамоми ин нишонаҳои тамаддуни нав бар афкори пӯсидаи онҳо ғалаба кард. Саволи асосӣ ин ҷост, ки дар ин сурат оё дин нодуруст буд ё афкори зангзадаи онҳо? Бидуни шак, афкори пӯсидаи онҳо, зеро бо омадани тамаддуни нав дин аз байн нарафт ва ҳанӯз побарҷост. Бинобар ин, ба қавли Абдулкарими Суруш, «Он чӣ мо дар бораи дин мегӯем, ин фаҳму маърифати танги мо аз дин аст, на худи дин». Асли динро дар осори Саноӣ, Аттор, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно, Бедил, Ҷомӣ ва Аҳмади Дониш биҷӯед, на аз зеҳни пӯсидаи тоифаҳои нохондаи навбаромад.
Ҳеҷ кас дар Тоҷикистон динро манъ накардааст ва нахоҳад кард. Агар давлат қолаб бошад, дин рӯҳи он аст, вале коркарду вазифаҳои он аз якдигар фарқ мекунад. Дину давлат мисли ду боле ҳастанд, ки барои паранда қудрати парвоз медиҳанд. Давлат бояд ҳомии дини мардум бошад ва дин ҳам бояд барои таъмини амнияту адолат ба давлат кумак кунад.
Хулоса
Якум, назарияи ягонагии дину давлат, ки ҳадаф ва паёмади он сиёсисозии дин аст, на ба манфиати дин хоҳад буд ва на ба манфиати мардум.
Дуюм, дунявияти ҳукумат ба маънои мухолифат бо дин нест, балки дар ин гуна низом вазифаву уҳдадориҳои дину сиёсат ба таври равшан таъриф шуда, ҳар ду дар ҳавзаи хеш мустақилона амал мекунанд ва дар ҳангоми зарурат бо якдигар ҳамкорӣ менамоянд.
Сеюм, дар низоми демократию дунявӣ, сарфи назар ба вобастагии нажодӣ, қавмӣ ва динӣ шаҳрвандон аз ҳуқуқ ва озодиҳои баробар бархӯрдор ҳастанд. Чизе, ки дар низоми теократӣ имкон надорад.
Чорум, сиёсисозии дин як тавтиа буда, ҳадафаш пароканда кардани кишварҳо ва эҷоди тафриқаву нифоқ аст, зеро дар ҳар кишваре шаҳрвандон бо ақида ва мазҳаби гуногун бовар доранд ва ба қудрат расидани як гурӯҳи динӣ боиси ҷангу низоъ дар миёни пайравони дигар дину мазҳаб хоҳад шуд.
Ниҳоят, бояд зикр намуд, ки талошҳои сиёсисозии дин дар тӯли сад соли охир натиҷаи матлуб надоштааст. Дар таърих ҳатто як намунаи ҳукумати динии муваффақ чӣ дар масеҳият ва чӣ дар ислом вуҷуд надорад. Бинобар ин, муҳаққиқону сиёсатшиносони ҷаҳонӣ бар ин боваранд, ки ҷаҳони ислом аз таҷрибаи талхи кишварҳои аврупоӣ дар зери султаи масеҳият ва беш аз сад сол талоши ноком ва фоҷеабори сиёсисозии ислом сабақ гирифта, аз сиёсисозии дин ва омезиши он бо давлат парҳез намоянд. Ин танҳо роҳи берун рафтани ҷомеаҳои исломӣ аз буҳрони амиқест, ки дар гирдоби он гирифтор мондаанд.
Мардуми тоҷик барои ҳалли масоили муҳими миллӣ бояд ба ақлу фитрати азалӣ такя карда, аз низоми ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократии ҳозира, ки бо ҷонбозиҳои фарзандони содиқи Ватан, зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузорӣ шуда ва шакл гирифтааст, ҳимоят намуда, ҷойгоҳи шоистаро дар миёни миллатҳои соҳибэҳтироми ҷаҳон таҳким бахшанд ва аз офату газандҳои навин, ки дар камини мо нишастаанд, дар амон бошанд.
Раҳматкарими ДАВЛАТ,
номзади илмҳои таърих,
и.в. директори Маркази мероси хаттии АМИТ,
Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО,
номзади илмҳои филологӣ,
мудири шуъбаи Маркази мероси хаттии АМИТ