ДОДАМРО БА КӢ ГӮЯМ?

№74 (3554) 09.06.2016

Ман аз соли 2012 дар деҳаи Саъдии Шерозии деҳоти «Ҳаёти нав» бо ду духтарчаи ноболиғам зиндагӣ мекунам. Ҳамсояам Ҷумъа Тағойназаров аз соли 2013 аз танҳо буданам суиистифода намуда, маро озор медиҳад.

Соли 2014 намояндаҳо аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо роҳбарии Ҳ. Мирзоев ба хонаи ман омада, хоҳиш намуданд, ки лӯла (труба)-ҳои оҳанини пинҳонкардаи Тағойназаровро нишон диҳам. Ман гуфтам, ки бе ин ҳам муносибати мо хуб нест. Агар нишон диҳам, ӯ аз ман домангир мешавад.

Онҳо гуфтанд, ки ин лӯлаҳо моликияти давлатианд. Чун намояндагон ҷои лӯлаҳои пинҳоннамударо диданд, ҳамон шаб ӯ лӯлаҳоро ба касе фурӯхт. Баъди ин воқеа маро дашном дода, таҳдид намуд, ки хонаамро вайрон мекунад.

Ман ба хотири барқароркунии моликияти давлатӣ ба худ дарди сар харидам. Пас аз воқеаи мазкур як сар гов ва гӯсфанди ман гум шуд. Нозири минтақавӣ омаду мо якҷоя оғили Тағоймуродовро дидем. Дар даруни он релси роҳи оҳан пинҳон буд. Нозир онро дида бошад ҳам, чизе нагуфт.

Соли равон номбурда аз канали деҳа, аз наздикии оғили ман ба хонааш ҷӯй канда, об гирифт. Азбаски ҷӯй бетонпӯш нашудааст, об ба оғилхонаи ман даромад. Вақте эътироз намудам, ҳамсояам маро латукӯб намуд.

Дар хусуси бедодгариҳои Ҷумъа Тағоймуродов ба ШВКД ноҳияи Ёвон муроҷиат намудам, вале онҳо «дар рафтори ӯ аломати ҷиноят дида намешавад», — гӯён шикояти маро бе баррасӣ монданд. Ақаллан даъват намуда, огоҳӣ надоданд, ки бо ҳамсояат муросо кун ва аз таҳқиру зӯроварӣ даст каш.

Ба Прокуратураи ноҳияи Ёвон муроҷиат кардам, аз он ҷо аризаи маро барои баррасӣ ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон фиристоданд. Ҳамсояам аз хомӯшии мақомот истифода бурда, ҳамоно маро азият медиҳад. Пас ман додамро ба кӣ гӯям?

Гуландом Эшмирзоева,

деҳаи С. Шерозии ноҳияи Ёвон