Роҳбарон ва аъзои гурӯҳу равияҳои экстремистию террористӣ дар байни мардум бештар ба авомфиребию тафриқаандозӣ машғуланд. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳамон амалҳои даҳшатбори саркарда ва аъзои ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон то моҳи сентябри соли 2015 дар манотиқи гуногуни кишвар анҷом медоданд. Ҳоло ҳам баъд аз ифшо гардидани бадкирдорию каҷрафториҳо ва зуд тарки ватан намуданашон, амалҳои хешро таҳти ҳимояти кишварҳои ҳаммаслаки дуру наздик анҷом дода истодаанд. Саркарда ва пайравони ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ба рафторҳои ношоистаю ғайриақлонӣ ва ғайриинсонӣ одат кардаанду наметавонанд, ки аз он даст бардоранд.
Ташкилоти террористии мазкур, ки солиёни зиёд ҳамчун ҳизби расмию қонунӣ фаъолият дошт, аз озодиҳои виҷдониву имонии мардум истифода бурда, амалҳои пасипардагиро бо маслиҳат, раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои бегонагон амалӣ месохт.
Пас аз террористӣ эълон гардидани ин гурӯҳи ифтротгаро, моҷароҷӯ ва тафриқаандоз манфиатдорони он тарки кишвар намуданд, вале аз амалҳои ноҷавонмардона ва муғризона даст накашиданд. Акнун онҳо бадбахтиҳои ба сари халқу миллат овардаашонро болои Ҳукумати кишвар таҳмил карда, худро мусичаи бегуноҳ мегиранд.
Амалҳои кунунии пардапӯшонаи ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом давоми мантиқии рафтору гуфтаҳои гузаштагонаш аст. Бечоранолию оворагардӣ ва бадгӯию дурӯғбофӣ пешаи аслӣ ва рисолати сиёсии онҳо мебошад. Ин ташкилоти террористӣ бо ҷонибдорони дохилию хориҷиаш бо суханони дурӯғину сохтаю бофта вонамуд мекунанд, ки мухолифи ифротгароианд, вале, дар асл, ба оташи ифротгароён равған мерезанд. Ташкилотҳои террористии исломӣ, аз ҷумла, собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ дар охири садаи бист ва ибтидои асри бисту як бо амалҳои ноҷавонмардонаашон нишон доданд, ки дар ҳеҷ сурат ва ба ҳеҷ ваҷҳ манбаи амну оромиш буда наметавонад, балки ба ҳар куҷое, ки по гузоранд, ҳатман тафриқаандозӣ, даргирӣ, ҷангу ҷидол, низоу истибдод он ҷо ба вуҷуд меояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам саркардагони ҷанги бародаркуш ва роҳбарони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом бо ёрии кишварҳои «дӯст» ҷангро аз ҷудоиандозию тафриқагузорӣ дар байни мардум оғоз карда буданд.
Шояд баъзе аз пайравони ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом аз воқеияти аслӣ ва амалҳои даҳшатбори он огоҳӣ надоранд, балки роҳгум задаанд. Зеро ҳама ҳарзаю дурӯғу туҳматҳо нисбат ба давлату миллати тоҷик аз ҷониби афроде садо медиҳанд, ки аз ҳақиқати ҳол огаҳ нестанд. Роҳбарон ва сарпарастони ташкилоти террористии наҳзатӣ ҳам намехоҳанд, ки онҳо аз ҳақиқат огаҳ шаванд, чунки ин кор ба манфиати супоришгар нахоҳад буд. Онҳо хусумат, бадбинӣ ва мушкилоти ақлонию равониашонро дар дигарон пайдо карданӣ мешаванд ва ҷонибдори рушду такомули миллату давлати тоҷик нестанд.
Ба онҳо хуш намеояд, ки Тоҷикистон, дар баробари таъмини озодии виҷдон, сиёсати муколама ва гуфтугӯи байни фарҳангҳо, маданияти ҳамзистиву таҳаммулпазириро дар низоми давлатдорӣ амалӣ созад.
Умед ПУДИНАЕВ, ходими калони илмии АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон