ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲО МУАЙЯН ШУД

№68 (3548) 26.05.2016

23 майи соли 2016 дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия таҳти раёсати вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович баргузор гардид.

Зикр гардид, ки минбаъд низ ҳамкориҳо дар самтҳои мубориза бо экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кофтукови ҷинояткорон ва шахсони бедаракгумшуда, ташхиси криминалистӣ, ошкор ва тафтишоти ҷиноятҳо ва инчунин тайёр намудани кадрҳои баландихтисос фаъолона амалӣ карда мешаванд.

Ҳамрадиф бо ин, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия зимни ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия содир шудаанд, мукаммал намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилии ду кишвар дар  мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, ошкор ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар фарҷом дурнамои ҳамкориҳои муштарак барои соли 2017 муайян шуда, бо иштироки вазирони корҳои дохилии ҳар ду кишвар нишасти матбуотӣ доир гардид.

 Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум»