Аз ҳодисаи 29 июли соли ҷорӣ дар деҳоти «Себистон»-и ноҳияи Данғара рухдода ҳангоми дар сафари хориҷа буданам хабардор шудам. Фардои он рӯз тавассути расонаҳои интернетӣ навиштаҳои пурхашму ғазаби мардуми кишварро нисбат ба онҳое, ки даст ба ин ҷиноят заданд, мутолиа кардам.
Бар асари амали ноҷавонмардона чор сайёҳи хориҷӣ ба ҳалокат расида, се нафари дигар маҷруҳ шуд. Мо — вакилон он рӯзҳо дар таътил будем ва бо интихобкунандагон вохӯриву мулоқот доштем. Аз ин рӯ, мавзӯи асосии аксари вохӯриҳо куштори сайёҳон шуд. Интихобкунандагон аз оқибати амали террористӣ бештар хавотир гардида, мепурсиданд: «Оё ин амали носавоб ба иқдоми Пешвои миллат оид ба эълон намудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таъсири манфӣ намерасонад?». Ман дар ҷавоб ба онҳо ҳамеша таъкид мекардам, ки ташаббуси Пешвои миллат ҳеҷ гоҳ халалдор нахоҳад шуд, зеро халқи тоҷик ва ҳатто мардуми сайёра дида истодаанд, ки кӯшишу эҳтимом ва ҳар иқдому ташаббуси Пешвои миллат танҳо ба хотири ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз аст. Халқ гавҳаршинос асту сиёҳро аз сафед ба хубӣ фарқ мекунад.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки бо вуҷуди рух додани амали нангин сайёҳони хориҷӣ аз кишвар дилмонда нашуданд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки сафи сайёҳон зиёд гардидаасту кам не.
Аз сомонаҳои интернетӣ дарак ёфтем, ки масъулияти ин амали террористӣ бар дӯши ашхоси шомил ба ДИИШ ва Ҳизби наҳзати исломист. Ин далели он аст, ки душманони бурунмарзӣ дастоварду пешравиҳои кишвари соҳибистиқлоли моро ҳанӯз ҳам чашми дидан надоранд ва ҳамаҷониба мекӯшанд сулҳу ваҳдати мушкил бадастомада ва оромии мамлакати соҳибистиқлоламонро халалдор созанд. Мехоҳанд, ки нақшаву ниятҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҷалби сармоя ва кумакҳои бештари хориҷӣ, бахусус дар бахши туризм, барбод диҳанд.
Душманони миллат ҳеҷ гоҳ ба нияти нопоки хеш ноил намешаванд, зеро ваҳдати мо устувор ва пояи сулҳи бадастомада мустаҳкам аст.
Ба андешаи ман, ин гуна ҳодисаҳо халқи Тоҷикистонро боз ҳам муттаҳиду сарҷамъ месозанд ва ягон нафар сокини кишварро бетараф нахоҳанд гузошт. Ҳар яки мо бояд бар зидди ин гуна зуҳуроти номатлуб овоз баланд кунем. Аҳли ҷомеаи кишварро зарур аст, ки нисбат ба ҳифзу гиромидошти сулҳу субот ва оромии кишвар, ки бо душвориҳои зиёд насиб гардидааст, бетараф набошанд ва онро ҳушёронаву зиракона ҳимоя намоянд.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави бунёдкорӣ расидааст. Пиру барно онро самимона дастгирӣ менамоянд. Ҳар сари қадам пешрафту бунёдкорӣ ва қаноатмандиву хурсандиро аз ҳаёти осоишта, аз чеҳраи ҳар як сокини мамлакат метавон мушоҳида кард. Қомат афрохтани садҳо иншооти ҳаётан муҳим, обод гардидани садҳо километр роҳҳо, вусъати тоза гирифтани эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият пардохтани даҳҳо корхонаи нави истеҳсолӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои ҳамсоя аз дастовардҳои даврони истиқлолият аст. Муҳимтар аз ҳама, дар пеш моро ҷашни мубораки кишвар — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст. Ин санаи муҳиму тақдирсозро ҳар узви ҷомеаи навини Тоҷикистон бояд тавре истиқбол гирад, ки душманони дохиливу берунӣ ангушти пушаймонӣ аз кардаҳои хеш газанд.
МИРЗОЗОДА Мавлуда Зайнӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон