Экстрадитсия дар мурофиаи ҷиноятӣ

№39-40 (4301-4302) 30.03.2021

photo_256073Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки бадалшавии тадриҷии фазои ҷаҳонӣ ба минтақаи ягона амри ногузир гаштааст, ҷараёни ҷинояту ҷинояткорӣ боз ҳам шиддат гирифта, шакл­ҳои нави содир намудани ҷиноятҳо ва пинҳон шудани ҷинояткорон берун аз давлат ба миён омадааст. Ин ҷиҳат кишварҳоро водор ба он мекунад, ки бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва решакан намудани ин аъмоли номатлуб пайваста дар ҳамкорӣ бошанд. Азбаски дар шароити ҳозира вазъи ҷинояткорӣ дар давлатҳои алоҳида авҷ гирифта, амалҳои харобиовари гурӯҳҳои ҷинояткор ва пинҳон шудани ҷинояткорон берун аз давлат афзудааст, нақши институтҳои байналмилалӣ дар соҳаи пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ низ меафзояд.

Масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳимояи манфиатҳои дохилидавлатию байнидавлатӣ зина ба зина ба яке аз масъалаҳои муҳим ва марказии минтақавию байналмилалӣ мубаддал мегардад. Аз ин лиҳоз, механизмҳои ҳифзкунанда лозиманд, ки масъаларо бо диди нав баррасӣ ва танзим намояд. Масалан, ҷоннок кардани ҳамкориҳо барои огоҳ кардани давлат, ки дар ҳудудаш ҷиноят содир шудааст ё содир шуданаш мумкин аст, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим буда метавонад. Инчунин, якҷоя намудан ва пурзӯр кардани қувваҳои байнидавлатию байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо ҷинояткорӣ ва расонидани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ аз аҳамият холӣ нест.

Ҷои асосиро барои ин ҳамкорӣ институти супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм мегирад. Институти супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм (экстрадитсия) таърихи бисёрасра дошта, сарчашмаи онро аз қадим дарёфтан мумкин аст. Вале, новобаста ба ин, то ҳол дар адабиёти илмӣ ва қонунгузорӣ мафҳуми ягонаи он оварда нашудааст. Мафҳуми байналмилалии экстрадитсия муродифи «супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм» аз рӯи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ мебошад. Экстрадитсия аз калимаи лотинии «Eхtraditio» гирифта шуда, маънояш супоридани шахсе мебошад, ки дар ҳудуди як давлат ҷиноят содир карда, дар ҳудуди давлати дигар қарор дорад.

Мақсадҳои асосии экстрадитсия дар замони муосир аз инҳо иборат мебошад: таъқиби шахсе, ки ҷиноят содир кардааст ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, бояд на камтар аз як сол ҷазо дода шавад, ба амал баровардани адолати судӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва татбиқи принсипи ногузирии ҷазо.

Конститутсияи аксар давлатҳо мавқеи ҳолати интиқоли ҷинояткорон ва додани паноҳгоҳи сиёсиро муайян кардаанд. Масалан, дар моддаи 16 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарот мавҷуд аст, ки мувофиқи он «Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супоридан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад». Дар асоси меъёрҳои Конститутсия дар қисми 1 моддаи 16 КҶ ҶТ омадааст, ки «шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати дигар ҷиноят содир кардааст, ба он давлат супорида намешавад, агар дар шартномаи тарафайн тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад».

Бояд зикр намуд, ки аксар кишварҳои ҷаҳон доир ба насупоридани шаҳрвандон мавқеи якхела доранд. Супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм дар амалияи байналхалқӣ одатан дар асоси шартнома ва бо роҳи гуфтушуниди дипломатӣ ҳал мешавад.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ раванди истирдод дар мавридҳои зерин ба вуҷуд меояд:

1. Вақте ки ҷиноят дар ҳудуди давлат содир шудааст;

2. Вақте ки ҷинояткор шаҳрванди ҳамин давлат аст;

3. Вақте ки ҷиноят ба муқобили давлат равона шуда, ба он хисорот овардааст.

Таҳлили қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки истирдоди ҷинояткорон дар мавридҳои зерин ба амал омада метавонад:

а) ҷиноят дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, идома ёфтааст ва ё ба итмом расонида шудааст;

б) ҷиноят берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, вале оқибати он ба ҳудуди кишвар фаро расидааст;

г) ҷиноят дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, вале оқибати ҷиноят берун аз ҳудуди он фаро расидааст;

д) ҷиноят дар шарикӣ бо шахсоне содир шудааст, ки фаъолияти ҷинояткоронаро дар ҳудуди давлати дигар ба амал баровардаанд.

Вақте ки ҷинояткор дар ҳудуди якчанд давлат ҷиноят содир кардааст, интиқоли ӯ бо роҳи дип­ломатӣ дар асоси шартномаҳои байналхалқӣ гузаронида мешавад. Дар ин ҳолат, новобаста ба он ки ҷинояткор дар кадом давлат ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, ӯ бояд дар назди дигар давлатҳо барои кирдорҳои содиркардааш ҷавоб диҳад. Масалан, додгоҳи Германия парвандаҳои ҷиноятиеро, ки шаҳрвандонаш дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ҳудуди Полша, Беларус ва дигар давлатҳо содир карда буданд, баррасӣ намуд.

Истирдоди ҷинояткорон, пеш аз ҳама, бо мақсади ҷазо додани шахсони ҷиноятсодиркарда ба амал бароварда мешавад. Дар ин маврид нақши асосиро ҳукми суд иҷро мекунад, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст. Ба ватанаш истирдод намудани ҷинояткоре, ки дар давлати дигар адои ҷазо мекунад, вале шаҳрванди он давлат нест, барои иҷрои муҳлати минбаъдаи ҷазо мумкин аст.

Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти давлат ба шумор меравад. Зеро тамоюли асосии ҷаҳони муосир ва равандҳои ба он пайванд барои давлати Тоҷикистон бетаъсир буда наметавонад. Бинобар ин, шарти муҳимтарин дар ин роҳ ташаккул додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати бартараф намудани хатарҳо, таҳдидҳои асосии глобалӣ, татбиқи одилонаи адолати судӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва татбиқи принсипи ногузирии ҷазо мебошад. Ин ҳамкориҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба бо дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба амал мебарорад, ки заминаи онро шартномаҳои байналмилалӣ ташкил медиҳанд.

Дар замони муосир, иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналхалқӣ оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқии байниҳамдигарӣ, бахусус дар сатҳи универсалӣ ва минтақавӣ назаррас мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ва ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бахши мубориза ба муқобили намудҳои алоҳидаи ҷинояткорӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ки на танҳо ба мамлакати алоҳида, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хавфи ҷиддӣ дорад, бетараф буда наметавонад.

Яке аз самтҳои ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расонидани ёрии ҳуқуқӣ доир ба парвандаи ҷиноятӣ супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм (экстрадитсия) ба ҳисоб меравад. Заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба истирдоди шахсон бо давлатҳои дигар ҳамроҳ гаштани кишвар ба як қатор санадҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалӣ ташкил медиҳад. Самти муҳимтарини афзалиятноки ҳамкориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм дар самти минтақавӣ бо давлатҳои ИДМ мебошад, ки аз мувофиқати манфиатҳо ва хусусияти муносибати давлатҳои муайяни минтақа бармеояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм бо якчанд давлатҳо шартномаи дуҷониба ва бисёрҷониба бастааст. Аз ҷумла, бо Украина, Ҷумҳурии Туркия, ИМА, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Полша, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар давлатҳо. Дар доираи ИДМ бошад, узви Конвенсияи Минск дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ, парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ, инчунин, Конвенсияи Кишинёв оид ба ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ, парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки барои мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, пешгирии терроризму экстремизм, таъмини амнияту тартиботи байналмилалӣ, татбиқи бемонеаву холисонаи адолати судӣ ва принсипи ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳамкории кишварҳои ҷаҳон ҷиҳати экстрадитсияи ҷинояткорон зарур мебошад.

Дар хулоса чанд пешниҳод дорем, ки барои беҳбудии масъала ё рушду инкишофи институти супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм хидмат карда метавонанд:

Аввалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм асосан дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ муқаррар гардида, на ҳама паҳлуи масъаларо дар бар гирифтааст. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар ин самт ба тасвиб расонидааст, ки одатан дар асоси созиш баста мешаванд ва онро тарафҳо, чӣ тавре ки хоҳанд, бо хости худ тағйир ва бекор мекунанд. Ин ҳолат метавонад ҳуқуқу манфиатҳои шахси супоридашавандаро маҳдуд намояд ё ба ӯ зарар расонад. Бинобар ин, вақти он расидаааст, ки дар кишвар қонуни алоҳида қабул гардад, ки тавонад манфиатҳои шаҳрвандони кишвар ва манофеи миллиро ҳангоми истирдод ифода кунад.

Дуюм, дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои дар сатҳи дуҷонибаю бисёрҷониба баимзорасонидаи Тоҷикистон яке аз асосҳое, ки монеаи супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм мегардад, манъ будани супоридани шахсонест, ки ҷинояти сиёсӣ содир намудаанд. Бояд гуфт, ки на дар қонунгузории мурофиавӣ ва на дар шартномаҳои батасвиб­расида мафҳум ва намудҳои ҷиноятҳои сиёсӣ нишон дода нашудааст, ки ин нуқсон ё холигоҳи қонунгузориро нишон медиҳад. Бинобар ин, пешниҳод менамоем, ки субъектони ваколатдор муқаррар намоянд, ки кадом ҷиноятҳо ба ҷиноятҳои сиёсӣ дохил мешаванд.

Сеюм, дар фазои ИДМ хуб мешуд, ки ба монанди Иттиҳоди Аврупо институти иҷозатномаи ҳабс барои супоридани шахс, бо дарназардошти хусусиятҳои қонунгузорӣ ва манфиатҳои давлатҳои аъзо, коркард шуда, роҳандозӣ гардад. Зеро, тавре ки аз таҷрибаи кишварҳои Аврупо бармеояд, ҷараёни супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё иҷрои ҳукм осонтар ва дар муҳлати хеле кӯтоҳ сурат мегирад.

Намоз АМОНЗОДА,

судяи Суди шаҳри Душанбе,

Самандари ҚАЛАНДАР,

корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе