Ба ин муносибат панҷуми декабри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма суҳбати гирди миз доир гардид.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода зикр намуд, ки Эъломия тавонист, сарфи назар аз сохти давлатдорӣ, мафкураву эътиқоди динӣ ва одату анъанаи халқҳои ҷаҳон, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро фаро гирад.
Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Раҷабмо Ҳабибуллозода қайд кард, ки 70 сол қабл Эъломияи умумии ҳуқуқи башар — барҷастатарин санад дар таърихи инсоният қабул гардид, ки он барои рӯйи кор омадани санадҳои зиёди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон замина гузошт. Санадҳои дар ин робита қабулшуда барои эътирофу эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон нақши муассир доранд. Аз миёни онҳо шартномаҳои иҷрояшон ҳатмӣ-Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ниҳоят муҳим мебошанд, ки якҷо бо Эъломияи умумии ҳуқуқи башар Били байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро ташкил медиҳанд.
ҳамчунин, кормандони мақомоти мазкур ва раёсати Комиссари олии СММ маърӯза намуда, масъалаҳо оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуданд.
Шарофат Абдулвоҳидова,
«Садои мардум»