Дар Паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз суханони Паёмбари ислом — «Ба фақирон ва дармондагон кумаку ёрӣ расонед, ба ятимони бепарастор меҳрубониву ғамхорӣ кунед ва умед дошта бошед, ки баъди сари шумо дигарон низ ба ятимони шумо меҳрубонӣ намоянд», ёдовар шуданд.
Сардори давлат дар робита ба ин таъкид карданд, ки «ин ҳадиси муборак ҷавҳари баланди ахлоқиву иҷтимоӣ дорад. Зеро дар он шахсони ниёзманд махсус зикр шудаанд». Дар идома зикр гардид, ки «Анҷом додани амалҳои неку писандида ва ба муҳтоҷон дароз кардани дасти саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартаба, ном ва эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки барои ба даст овардани ризои Худованд, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ, оростани маъракаҳои серхарҷу зиёдатӣ волотарин арзишҳо дар дини мубини ислом ба шумор мераванд».
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз камшумор давлатҳоест, ки барои анҷоми ин намуди фаъолият заминаи мукаммали ҳуқуқӣ фароҳам аст. Дар заминаи дурандешии Пешвои миллат, бо мақсади фароҳам намудани шароити мусоид баҳри тавсеаи фаъолияти эҳсонкорӣ аз соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» мавриди амал қарор дорад. Тибқи муқаррароти моддаи 21-и он, «дастгирии давлатии фаъолияти эҳсонкорӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ — иштирокдорони фаъолияти эҳсонкорӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, аз ҷониби давлат кафолат дода, таъмин карда мешаванд».
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд бемонеа фаъолияти эҳсонкориро ихтиёрӣ алоҳида ё дар муттаҳидӣ, дар заминаи таъсиси ташкилоти эҳсонкорӣ ва бе таъсиси он амалӣ кунанд.
Муҳимтар аз ҳама, шахсони мансабдоре, ки ба амалӣ шудани ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар иҷрои фаъолияти эҳсонкорӣ монеъ мешаванд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Дар маҷмӯъ, санади меъёрии ҳуқуқии мазкур ин намуди фаъолиятро муқаррар, шаклу мақсадҳои асосӣ ва роҳу воситаҳои имконпазири дастгирии онро аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ муайян мекунад. Илова бар ин, хусусиятҳои таъсиси ташкилоти эҳсонкорӣ ва фаъолияти онҳоро бо роҳи ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва маънавӣ дастгирӣ мекунад.
Дар моддаи дуюми қонун омадааст, ки эҳсонкорӣ — фаъолияти ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиест, ки бо расонидани кумаки (дастгирии) моддӣ ё дигар намуди кумак, аз ҷумла, беғаразона, ба шахсони воқеии муҳтоҷи чунин ёрӣ ё шахсони ҳуқуқие, ки бевосита машғули чунин ёрирасонианд — ташкилотҳои эҳсонкорӣ додани молу амвол ва маблағ, расонидани хизмат, фаъолияти илмӣ, таълимӣ, маърифатӣ ё дигар шакли фаъолият, ки ба манфиати ҷамъият ба амал бароварда мешавад, алоқаманд мебошад.
Тибқи талаботи моддаи сеюми қонун, фаъолияти эҳсонкорӣ гуногунҷанба буда, ёрӣ ба оилаҳои серфарзанд, камбизоат, шахсони муҳтоҷ, бачаҳое, ки падару модар надоранд, кумак ба ташкилоте, ки ятимонро нигоҳубин мекунанд, мусоидат ба маъюбону пиронсолон ё ташкилотҳое, ки ба нигоҳубини онҳо машғуланд, ёрӣ ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ, экологӣ, саноатӣ ё фалокатҳои дигар, низоъҳои иҷтимоӣ, миллӣ, мазҳабӣ, инчунин қурбониҳои ҷазодиҳӣ (репрессия), гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, аз ҳамон ҷумлаанд.
Ба ғайр аз ин, дастгирии шахсони воқеии муҳтоҷи ёрии тиббӣ ё нигоҳубини махсус дар шакли пардохти музди хизматрасонии тиббӣ ё хизматҳои вобаста ба он, ҳифзи саломатии шаҳрвандон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, беҳгардонии вазъи маънавию рӯҳии шаҳрвандон, мусоидат ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, санъат, дастгирӣ барои фаъолият дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши оммавӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист, мусоидат барои пойдории сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо, пешгирии низоъҳои иҷтимоӣ, миллӣ ва мазҳабӣ низ ба номгӯйи фаъолияти эҳсонкорӣ шомиланд.
Табиист, ки дар тавсеаи ин раванд ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва эҳсонкорон хеле муҳим аст. Бо мақсади тақвияту густариши он қонунгузор муқаррар кардааст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аҳамияти иҷтимоии эҳсонкориро эътироф намуда, метавонанд ташаббускоронро дастгирӣ кунанд. Зери мафҳуми дастгирӣ пешниҳод барои додани нишонҳои фахрӣ ва мукофот, додани имтиёз дар робита ба пардохти андоз, боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳо, бепул ё бо дарназардошти имтиёзҳо ба моликияти ташкилоти эҳсонкор вогузор кардани амволи давлатӣ ё маҳаллӣ, дар назар аст.
Бар замми ин, бо мақсади дастгирии фаъолияти эҳсонкорӣ, тақвияти ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсиси шӯрои (кумитаи) дастгирии эҳсонкорӣ дар ҳайати намояндаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст. Ҷоиз ба зикр аст, ки қарорҳои ин шӯро тавсиявӣ аст.
Хулоса он аст, ки дар кишвар барои амалӣ намудани фаъолияти эҳсонкорӣ тамоми шароит фароҳам буда, мебояд дар ин марҳилаи ҳассос, бо мадди назар доштани арзишҳои инсонӣ, таълимоти дини мубини ислом ва муқаррароти қонуни зикршуда аъмоли некуро фузун намоем. Ҳадафи иншои матлаб низ таҳрик бахшидани ҳамватанонамон дар ин самт аст.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»