2015 - «Соли оила»

Эҳтироми якдигар омили хушбахтист

№75(3376) 01.06.2015

Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуда, зикр карданд, ки «…ҷомеаи солим  аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад». Ин таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми моро боз ҳам ба муҳаббату садоқат ва масъулияти бештар барои тарбияи насли наврас водор месозад. Барои бунёд намудани оилаи солим волидайн бояд ҷавононро омода созанд, зеро қисми зиёди оилаҳое, ки пош мехӯранд, аз омода набудани духтарон ба ҳаёти оилавӣ, минҷумла надонистани ҳурмату иззати шавҳар, хусуру хушдоман ва наздикони шавҳар, инчунин надоштани маълумоти кофӣ дар бораи тарбияи фарзанд маншаъ гирифтаанд.

Мушкили асосӣ, ки солимии оиларо коста мегардонад, никоҳи хешутаборӣ буда, сабабгори тавлиди кӯдакони маъюби дорои нуқсони модарзодӣ мебошад.

Президенти кишвар дар Паёми имсолаашон зикр намуданд, ки  ҳоло 13 ҳазор кӯдакони маъюби то 18-соларо давлат нигоҳубин мекунад. Аҳли ҷомеа барои ҳар чӣ бештар кам кардани никоҳи хешутаборӣ ва ба ин васила коҳиш додани теъдоди  тавлиди кӯдакони маъюб метавонанд  нақши созгор дошта бошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба мақоми зан — модар, қадру манзалати ӯ эҳтироми хоса зоҳир менамоянд.

Дар ин росто волидайн дар таваҷҷуҳи пойдории оилаҳои солим бояд масъулияти ҷиддӣ дошта бошанд. Пошхӯрии оилаҳо на танҳо ба ҷисму равони зану шавҳар, балки ба падару модари онҳо низ таъсири манфӣ мерасонад. Оила аз теъдоди фарзандон ва ё боигарии он обрӯ намегирад. Мардум ба муносибати волидайну фарзандон ва рафтори онҳо баҳо мегузоранд.

Агар дар оила фарзандон тарбияи дуруст гирифта, ҳурмату эҳтиром карданро омӯзанд, дар зиндагии минбаъда ин хислати некро идома дода метавонанд. Сарварони оила бояд дар ин ҷода намуна бошанд. Онҳо барои таълим гирифтани фарзандонашон дар таълимгоҳҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки фарзандон саводи казоӣ гирифта, бо ақлу заковати худ рафтор намуданро омӯзанд. Беҳуда нест, ки солҳои охир як қисми ҷавонон аз гумроҳӣ ва бесаводӣ гирифтори гурӯҳҳои ифротгаро шуда, ба амалҳои ношоиста даст мезананд. Шояд сабаби асосии ин аз тарбия дур мондани насли наврас  бошад. Вақте ки фарзанд дар оила тарбияи дуруст гирифта, одобу ҳурмат, ватандӯстию ватанпарастиро омӯзад ва ба моҳияти тинҷию оромӣ сарфаҳм равад, ҳеҷ гоҳ гумроҳ намешавад.

Қадру манзалати оиладорӣ барои тамоми аҳли башар  арзишманд аст. Аз ин ҷост, ки ҳанӯз соли 1993 Созмони Милали Муттаҳид 15 майро Рӯзи байналмилалии оила эълон намуда буд.

Бинобар ин, агар мо хоҳони ҷомеаи солим бошем, бояд аввал ба бунёди оилаи солим ва насли солим таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки пошхӯрии оилаҳо ва ятиму бепарастор мондани кӯдакон пешгирӣ шаванд. Як ҷанбаи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат низ аз ҳамин нукта иборат мебошад.

 

Зебонисо НАБОТОВА, котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Душанбе