Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари ҷӯяндаи сулҳу амонӣ, хоҳони зиндагии сазовору некуаҳволӣ, на танҳо дар дохили кишвар, балки дар ҷаҳон аст. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ба сари халқи дигаре теғ набардоштаву касеро аз ҳуқуқу озодӣ маҳрум насохтааст. Баръакс, дар хона бегонагонро ҷо дода, онҳоро маърифату амал, илму одамгарӣ, шаҳрнишиниву одоби муошират омӯзондааст. Гарчанд ба подоши он баъзан ба нокомию, маҳрумӣ, ноадолатию беҳуқуқӣ гирифтор шуда, азобҳо кашидааст.
Ин ҳама печидагӣ бояд сабақе гардад барои насли ҷавон, ки фардои кишвар ва миллатро месозад. Фардои ҷомеа, беш аз ҳама, ба тарбияи фарзандон – насли ҷавон вобаста аст. Аз ин рӯ, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон хеле бузург аст.
Агар падару модар соҳибмаърифат бошанд ва хонавода муҳити солим дошта бошад, фарзанд рӯҳану ҷисман солим, хушахлоқ, созанда ва ватандӯст ба воя мерасад.
Гузаштагони бузург бо такя ба таҷрибаи рӯзгори хеш ба тарбияи фарзанд машғул мешуданд. Аз даврони кӯдакӣ онҳоро ба хондан ва омӯхтани илм ташвиқ менамуданд. Ҳар як марҳилаи ҳаёти фарзандро бо гулоби тарбияи наку, ки бозгӯйи «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» буд, шодоб менамуданд. Хушбахтона, то ҳол моро панду андарзҳои ниёкон раҳнамои кору рӯзгор аст. Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Берунӣ, Саъдиву Ҳофиз, Камолу Бедил, Хайёму Ҷомӣ ва дигар нобиғаҳо баҳри болоравии фарҳанги миллат пандномаҳои безавол офаридаанд. Бояд ифтихор аз он намоем, ки ниёкон аз азал соҳибтамаддун буданд ва ин ганҷинаи маърифатро барои имрӯзиён ба мерос мондаанд.
Мақсаду мароми Давлат ва Ҳукумати кишвар ба он нигаронида шудааст, ки ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, зиракии сиёсӣ ҳамчун ворисони арзандаи гузаштагон ба воя расанд, дӯсту душманро фарқ кунанд, арзишҳои миллӣ, марзу бум, обрӯю нуфузи кишварро ҳимоя карда тавонанд. Аммо бо мақсадҳои ғаразнок истифода бурдани ин неруи созанда ва ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои экстремистӣ, ҳизбҳои мамнӯъ зуҳуроти басо нангин мебошад. Мутаассифона, дар ҷомеа гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳо ҳанӯз ҳам ба назар мерасад, агарчӣ Давлату ҳукумати кишвар ҳама тадбирро меандешанд, то пеши роҳи амалҳои номатлуб гирифта шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар чунин баён дошта буданд, ки: «Шумо – ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург ба дӯш доред».
Воқеан ҳам, ҷомеа имрӯз ба қувваи бунёдкоронаи ҷавонони ҷӯяндаву созанда эҳтиёҷ дорад. Барои ин зарур аст, ки аз миёни наврасону ҷавонон истеъдодҳоро пайдо намоем, барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо замина муҳайё созем, зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам нишон медиҳад, ки бе иштироки бевоситаи ҷавонон дар ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба натиҷаи назаррас ноил гардидан ғайриимкон аст.
Шералӣ АЗИМӢ, Ҷовиди ҶАМШЕД, кормандони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан