Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модаронро вазифадор менамояд, ки фарзандро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия кунанд. Боло бурдани сатҳи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ба омӯзиш ва навовариву ихтироъкорӣ ҷалб кардани онҳоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон ҳамеша таъкид мекунанд.
Имрӯз, ки дар ҷумҳурӣ ҳама шароит барои таҳсил фароҳам ва китобхонаву марказҳои фарҳангӣ фаъоланд, наврасону ҷавононро бояд бештар ба омӯхтани илму хондани китоб ташвиқ кард. Дар ин масъала нақши падару модарон бояд муассир бошад, зеро таҳкурсии зиндагии ояндаи наврасон, пеш аз ҳама, дар муҳити оила бунёд мешавад. Мутаассифона, бо гузашти ҳафт сол аз қабули қонуни зикршуда то ҳол риоя накардани он аз ҷониби баъзе падару модарон ба мушоҳида мерасад.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Фаттозода зимни суҳбат изҳор дошт, ки бемасъулиятӣ зоҳир кардани волидайн боиси ба дарс нарафтан, хуб нахондан, сару либоси ягонаи мактабиро риоя накардан, ба мактаб бо телефони мобилӣ ҳозир шудан, ба талбандагию оворагардӣ машғул шудани баъзе фарзандон гашта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани волидони онҳо мешавад. Дар семоҳаи аввали соли 2018 зиёда аз 6000 ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 1278 ҳолат дар вақти дарс дар интернет — кафеҳо ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани онҳо мебошад.
Номбурда, ҳамчунин афзуд, ки сабаби зиёд будани ҷинояткорӣ ва оворагардӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, пеш аз ҳама, дар сатҳи зарурӣ риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», сатҳи пасти ҳамкории мақомоти марбута, ба таҳсил фаро нагирифтани ноболиғон баъди хатми синфи 9 дар дигар муассисаҳои касбӣ-техникӣ, бо ҷойи кор таъмин нагардидани ҷавонон аз тарафи мақомоти зиддахл, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани падару модар ва вогузор намудани тарбияи фарзандон ба хешовандон, зиёд шудани марказҳои компютерӣ ва кафе-интернетҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ, дуруст истифода набурдани толору майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои фарҳангӣ — фароғатӣ мебошад. Аз ин бармеояд, ки баъзе муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ вазифа ва уҳдадории худро, ки боби 4 қонуни мазкур муайян кардааст, иҷро намекунанд.
Дар маҷмӯъ, падару модарон фарзандонро бояд тавре тарбия намоянд, то онҳо дар оянда «ангушти шашум»-и ҷомеа набошанд.
Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»