Фаъолияти ҳамсони ду нафар, ки пас аз ба нафақа баромадан соҳибкори муваффақ шуданд
Дар зиндагӣ корҳое амалӣ мешаванд, ки бо гузашти солҳо аҳамияти таърихӣ пайдо менамоянд. Шурӯъ гардидани корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол», замоне ки давлат иқтидори хуби молиявӣ ва таҷрибаи чунин корро надошт, бешак ҳодисаи фаромӯшнашавандаи таърихист. Барои шикоф кардани синаи кӯҳ, ки робитаи шимоли кишварро ба қисматҳои дигари он тамоми сол таъмин мекард, садҳо мутахассиси касбу кори гуногун фаъол буданд. Дар ин миён нафароне ҳастанд, ки бо кору пайкор номи худро дар деворҳои синаи кӯҳи Уштур ба таври абадӣ ҳаккокӣ намудаанд. Одина Дӯстмуродов аз зумраи он нафарон аст.
Ӯ соли 1975 корро дар Комбинати маъдантозакунии «Анзоб» ба ҳайси нақшабардор шурӯъ карда, 17 сол дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Моҳи апрели соли 1999 бо даъвати директори ГЭСЭС «Данғара» Ҷумъахон Зуҳуров, ки корҳои сохтмонии нақби «Истиқлол»-ро иҷро менамуд, ҳамчун нақшабардори қитъавӣ ба кор шурӯъ намуд.
Баъд аз як соли фаъолият Одина Дӯстмуродовро ҳамчун намояндаи корфармо (Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз як самт ва бародарзодааш Соатмурод Дӯстмуродовро аз самти дигари нақб ба кор таклиф намуданд. Коргарон шабонарӯзӣ фаъолият доштанд, аммо бинобар фарсуда будани техника, ки аз замони шӯравӣ боқӣ монда буд, нақшаи корӣ пурра иҷро намегардид. Аз ин рӯ, ширкати «Собир»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба кор ҷалб шуду кор суръат гирифт. Ниҳоят, соати 2-и шаби ҳафтуми марти соли 2006 синаи кӯҳ шикофта шуд. Коргарон аз ду самт бо шодиву хурсандии беинтиҳо ба ҳам вохӯрданд. Пешопеши онҳо аз як ҷониб Одина, аз ҷониби дигар Соатмурод ба ҳам оғӯш кушоданд.
- Мо аз саҳар то нисфи шаб аз ду тараф корҳои таркишиву пармавиро иҷро карда, бо ҳам вохӯрдем. Аз як ҷониб бародарзодаам Соатмурод Дӯстмуродов ва ҷониби дигар ман. Дар он замон аз оилаи мо дар сохтмони нақб 7 нафар кор мекарданд, — изҳор дошт Одина.
Пас аз се моҳи кушода шудани нақби ҳавокаш корҳои пармакунӣ дар нақби мошингард низ анҷом ёфт. Ҳангоми ба истифода додани нақб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод иштирок намуданд. Коргарони нақбро шодиву нишоти мардум даҳчанд болидарӯҳ мекард.
Одина Дӯстмуродов то соли 2012 дар он ҷо кор карду соли 2012 ба нафақа баромад ва корхонаи худро таъсис дод. Дар аввал дастгоҳҳои хурди соҳаи кӯҳкориро харидорӣ намуда, корҳои ба зиммааш гузошташударо дар ҶММ ТА КМ «Анзоб» иҷро намуд. Бо пеш рафтани кор ва даст додани имкон заминаи техникии ҷамъиятро хубтар кард. Имрӯз ҶДММ «Луқмон-2012» аз ширкатҳои хуби паймонкор аст. Айни замон 63 нафар коргар дорад, аммо бо зиёд шудани ҳаҷми кор метавонад шумораи коргаронро афзоиш диҳад, зеро таҷрибаи бо ҷойи кор таъмин намудани зиёда аз 200 нафарро дорад. Коргарон вобаста ба масъулият аз 1,5 то 3 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.
Ӯ мегӯяд, ки фаъолияти корхонаҳои паймонкор ба корхонаҳои бузург манфиати зиёд меорад, зеро корро бо харҷи 60-70 дарсади маблағи ба нақша гирифташуда иҷро менамоянд. Ҷамъият бо ҶММ ТА КМ «Анзоб» дар асоси шартнома дар самти истихроҷи маъдан ҳамкорӣ намуда, дар корхонаҳои истеҳсоли сементи Ёвон («Ғаюрсемент» ва «Моҳирсемент») ва «Ғаюрсуғдсемент» корҳои таркиширо иҷро менамояд.
ҶДММ «Луқмон-2012» ба корҳои хайриявӣ низ машғул буда, дар барқарор намудани роҳҳо саҳм гузошта, то имрӯз ду тӯйи хонадоршавии ҷавонон аз оилаҳои бесаробонро гузаронидааст.
Дар дили кӯҳҳои ноҳияи Айнӣ маъданҳои гуногуни қиматбаҳо нуҳуфта, бо фаъол шудани корхонаҳои гуногуни истихроҷи ангишт ва маъдан ноҳия ба минтақаи саноатӣ табдил ёфтааст. Ояндаи наздик ташкили боз даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ дар нақша гирифта шудааст. Мусаллам аст, ки дар минтақа таъсис ва фаъолияти ширкатҳои паймонкор зарур аст. Дар баробари ҶДММ «Луқмон-2012» дар ноҳия, аз ҷумла ҶДММ «Ҳоҷӣ Кӯҳкан» фаъолияти пурмаҳсул дорад. Онро сокини ноҳия Солеҳ Солеҳов соли 2009 таъсис дода, ба хотири падараш, ки якумр дар соҳаи кӯҳкорӣ фаъолият дошт, «Ҳоҷӣ Кӯҳкан» ном гузоштааст. Номбурда низ мутахассиси хуби соҳа буда, таҷрибаи зиёда аз чилсолаи корӣ дорад. Фаъолияти ҷамъияти мазкур қобили мулоҳиза буда, аслан корҳои зеризаминиро дар ҶММ ТА КМ «Анзоб» иҷро менамояд. Дар корхона 30 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъминанд. Корхона дар баробари сари вақт супоридани андозҳо, ҳамчунин корҳои хайриявиро низ тавсеа бахшидааст. Соли 2016 бародарон иқдом гирифтанд, ки бо харҷи зиёда аз як миллион сомонӣ барои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраки Зарафшон-2 синфхонаҳои иловагӣ созанд. Вақте ки панҷ синфхонаро сохтанд, Корхонаи фаръии Шахтаи «Фон-Яғноб» сохтмони ошёнаи дуюмро ба уҳда гирифт. Ҳамин тариқ, муассисаи таълимии шаҳрак соҳиби бинои дуошёнаи таълимии замонавӣ шуд.
Бошад, ки шумораи чунин соҳибкорони бомасъулият дар кишвар зиёдтар шавад, зеро фаъолияташон бештар ба манфиати ҷомеа аст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»