Ғолибонро чӣ интизор аст?
Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Кумитаи телевизион ва радио, Хадамоти алоқа, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, идораи нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Минбари халқ» ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» фестивал-озмуни «Вассофи Ватан»-ро эълон намуданд. Беш аз як моҳ мешавад, ки фестивал-озмуни мазкур дар ҷумҳурӣ ҷараён дорад. Тибқи низомнома, озмун шаш моҳ идома ёфта, натиҷаҳои он моҳи ноябри соли равон – дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ эълон мегардад.
Ҳадафи баргузории озмун чист? Аз рӯи кадом номинатсияҳо доир мешавад ва дар он киҳо метавонанд иштирок намоянд?
Фестивал-озмун эҷодӣ мебошад. Он дар асоси банди 27 «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, аз рӯи чор номинатсия — «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра)», «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ», «Беҳтарин тарғибгари дастовардҳои миллӣ» ва «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ» доир мешавад. Дар он журналистон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаи интернет (блогерон) иштирок карда метавонанд.
Фестивал-озмун ҳадафи муҳим: тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан дар пай дорад. Тасмими таъсисдиҳандагони фестивал-озмунро метавон ҳамовозӣ ба иқдомҳои неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофу таҳкими тарбияи худшиносию ватандӯстии сокинони кишвар арзёбӣ кард.
Ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, дар хидмат кардан ба Ватан, боло гузоштани манфиатҳои Ватан аз манфиатҳои шахсии худ ифода меёбад. Мақсади масъулони фестивал-озмун тавассути нигошта ва видеороликҳои муассиру таҳрикдиҳанда ин маъниҳои нобу муассирро ба насли наврас расондан аст. Матолиби ба озмун пешниҳодшуда бояд муаррифгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таърихи миллати тоҷик ва фарзандони фарзонаи сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии Тоҷикистон бошанд.
Мақолаҳои пешниҳодшуда бояд аз 2 то 5 саҳифа бошанд. Давомнокии видеоролик 3-5 дақиқа, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ то 15 дақиқа муқаррар шудааст. Тибқи талаботи низомнома, дар фестивал-озмун танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карда метавонанд. Матолиби ба озмун пешниҳодшуда бояд ба забони давлатӣ ё ба забони русӣ таҳия шуда, дархост ба почтаи электронии ozmun@khovar.tj ирсол гардад. Нишон додани ному насаб, санаи таваллуд, ҷойи кор ва вазифа, суроғаи макони зист ва шумораи телефони довталаб дар дархости пешниҳодшуда ҳатмӣ мебошад.
Ба ҳайати ҳакамони фестивал-озмун намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои масъул ва сармуҳаррирони маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ шомиланд. Тибқи тартиби баргузорӣ ва ҷамъбасти он, ҳамчунин, ба хотири таъмини шаффофият аъзои ҳакамони фестивал-озмун наметавонанд маҳсули муаллифонеро, ки бо онҳо дар як муассиса кор мекунанд, арзёбӣ намоянд. Нафароне, ки аз ҷониби ҳайати ҳакамон ғолиб эълон мешаванд, бо мукофоти пулӣ, диплому сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мешаванд. Ба ғолибони ҷойи якум 7 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 5000 ва ҷойи сеюм 3 000 сомонӣ тақдим мегардад. Онҳо, ҳамчунин, тавассути барномаҳои телевизиону радио, маҷаллаю рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва сомонаю саҳифаҳои расмии интернетӣ муаррифӣ гашта, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои маърифатию сиёсӣ ва гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботиро пайдо менамоянд.
Чанде пеш аз ҷониби кумитаи тадорукоти фестивал-озмун рамзи он омода шуд, ки намуди доирашакл дорад. Атрофашро хатҳои даврашакл бо рангҳои Парчами давлатӣ фаро гирифта, дар гирди қисми болоии рамз бо забони тоҷикӣ номи озмун — Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» навишта шудааст. Дар дохили давра ҷузъиёти асосии рамз — таҷҳизоти аксбардорӣ, баландгӯяк, нишонаи сомонаҳои интернетӣ, дафтари кушода ва хома чун таҷассуми ҳамаи бахшҳои фестивал-озмун ҷой дода шудааст. Дар маркази давра унсури ҳунармандӣ — намунае аз асолати миллии мардуми тоҷик ҷойгир мебошад. Дар маҷмӯъ, рамз мақсад ва мароми озмунро возеҳ ифода менамояд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»