Гар шиновар нестӣ…

№62 (4802) 17.05.2024

f1fca588-de1c-401b-bf9e-b5b020cc6ac2Машғул шудан ба шиноварӣ аз нуқтаи назари илмӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани асаб, инкишофи ҷисмонӣ, мутобиқ намудани организм ба муҳит, коршоям будан дар давоми тамоми умр нақши бузург дорад. 

Ҳамагон медонанд, ки кишвари мо аз ҷиҳати ҷуғрофӣ, асосан кӯҳӣ аст ва зиёда аз 900 дарё дар он ҷорӣ мешаванд. Ин дарёҳо пуртуғёну тезоб буда, кӯлҳо чуқуру дорои оби сард мебошанд. Дар мавсими гармо аҳолӣ, хусусан кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, ба оббозӣ майлу рағбати беандоза доранд. Дар ин маврид, аксари онҳо кӯшиш менамоянд, ки ба ҷойҳое, ки имкони дар об ғӯта задан аст, рафта фароғат кунанд. Маълум аст, ки аксари онҳо ба қоидаву усул ва интихоби ҷойи оббозӣ дуруст сарфаҳм намераванд. Пӯшида нест, ки ҳар сол беандешагӣ ва надонис­тани қоидаҳои оббозӣ ва ба таври кофӣ надоштани малакаҳои шиноварӣ нафарони зиёд дар дарё ва кӯлҳо ғарқ шуда, ҷон медиҳанд. Бино ба гуфти сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Умеда Юсуфӣ барои ғарқ нашудан зимни оббозӣ ва халосӣ аз гирдоб масъулини соҳа брошюраҳо нашр карда, дар ҷойҳои лозима овезон кардаанд. Бо риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сокинон метавонанд ҷони худ ва наздиконашонро дар хатар гузоранд.

- Вақти оббозӣ гармии офтоб набояд баланд бошад. Ҳарорати об +17-19 дараҷаро ташкил кунад. Аз ин дараҷа паст будани об хатарнок мебошад. Хӯрок 1,5 то 2 соат пеш аз шиноварӣ бояд истеъмол карда шавад. Дар об аз 20-30 дақиқа зиёд истодан лозим нест. Дӯстдорони оббозӣ дар об набояд бадани худро то ба ларзиш бирасонанд. Хунукшавии аз ҳад зиёди бадан ба рагкашии мушакҳо боис шуда, аз дарди зиёд нафаскашӣ ва ҳаракат дар об душвортар мегардад. Дар ин ҳол, аз ҳуш рафта ғарқ шудан мумкин аст. Беҳтараш дар фосилаи 10-15 дақиқа чанд маротиба ба об даромада оббозӣ кардан, дар вақти фосилаи дамгирӣ ба бозиҳои варзишӣ машғул шуда, баъд ба об даромадан манфиатовар аст. Вақте одам дар оби хунук ғӯта мезанад, гӯё об баданашро месӯзонад, рагҳои хунгард фишурда мешаванд, баъд ҳаракати бадан ҷойи худро мегирад. Баъд аз гузаштани фурсате бадани одам гармии форамро ҳис мекунад. Ҳамин тариқ, об хусусияти бештари гармигузаронӣ дорад, ки бадани инсон оҳиста-оҳиста гармии худро гум мекунад. Дар вақти оббозӣ аз соҳил дур шино кардан хатар дорад, зеро мушакҳои бадан тоб намеоранд ё рагкашии мушакҳои бадан пайдо мешавад. Оббозии дурудароз ва аз соҳил дур шудан ба хастагӣ оварда мерасонад ва одам ба таҳлука афтида, нобоварӣ ба соҳил расидан дар ӯ ба вуҷуд меояд. Тасодуфан одамро агар оби ҷараёни тез барад, зӯр зада қувваи беҳуда сарф кардан фоида надорад. Дар ин хел мавридҳо усули беҳтарин бо ҷараёни об ҳаракат карда, оҳиста самти ҷараёни обро бурида, ба соҳил расидан дониста мешавад. Агар кас дар гирдоб афтад, чуқур нафас гирифта, ба таги об рафта, якбора худро ба тарафи соҳили наздик тела дода, баромадан осонтар аст. Каси ба ҳамин гуна ҳодисаҳои фавқулода гирифторшуда кӯшиш кунад, ки ҳушёрӣ ва чусту чолокиро аз даст надиҳад, — тавсия медиҳад Умеда Юсуфӣ.

Олимон ва мутахассисони соҳа маслиҳат медиҳанд, ки мавсими оббозӣ аз 1-уми июн оғоз мешавад. Дар обҳои рӯкушода вақти оббозӣ саҳар аз соати 10 то соати 12 ва бегоҳирӯзӣ аз соати 16 то соати 18 беҳтар аст.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»