Гулҳои камари кӯҳ

№38 (3988) 06.04.2019

12 апрели соли 1929 дастаи Фузайл Махсум дарёи Панҷро убур карда, вориди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гардид ва дар муддати кӯтоҳ ноҳияҳои Дарвоз, Сангвору Тавилдара, Ҷиргатол, Қалъаи лаби об ва 21 апрел собиқ ноҳияи Ҳоитро ғасб намуд. Ҳамон рӯз се муаллима, раиси деҳшӯрои Ҳоит ва мудири шуъбаи маорифи вилояти Ғарм Каримҷон Ҳусейнзода, ки ба ноҳияи Ҳоит сафари корӣ дошт, ба асорати дастаи Махсум афтоданд…

Аз  он воқеаи  мудҳиш  90  сол  пур  шуд. Дар нигоштаи зер аз он фоҷиа сухан меравад.

Ҳисорак яке аз калонтарин деҳаҳои тумани Ҳоит ба шумор мерафт. Дар он мактаби калоне фаъолият мекард, ки ташкилкунандааш Каримҷон Ҳусейнзода буд. Сарварии мактабро яке аз болшевикони номдори Ҳоит, дӯсту шогирди Ҳусейнзода Кабути Забир ба уҳда дошт. Дар мактаб се муаллима кор мекарданд, ки Ҳусейнзода дар курси яксолаи муаллимтайёркунии Ғарм ба онҳо дарс гуфта буд.  Бовар дошт, ки онҳо дар ҳақиқат рӯшангари роҳи мардуми диёр мегарданд. Соҳибном мешаванд. Аз ин рӯ, хост натиҷаи кори шогирдонро бинад ва аз аҳволи Кабути Забир хабар гирад.

Бегоҳӣ Каримҷону Ҳоким вориди ҳавлии мактаб гаштанд. Дарс давом дошт. Курси маҳви бесаводӣ. Дар синфҳо одамони синну соли гуногун менишастанд. Каримҷон аз тиреза аввал каме ба хонандагон чашм дӯхту баъд ба кабинети мудир даромад.

Ӯ аз Кабути Забир хоҳиш намуд, ки мардуми деҳаро дар назди бинои мактаб ҷамъ кунад. Худ то омадани одамон болои теппачаи соҳили дарё баромада, ғарқи андеша шуд. Насими форами баҳорӣ, ки аз ҷониби дарё мевазид, ба танаш ҳаловат мебахшид. Беихтиёр ба Оби Кабуд нигарист.

- Умри инсон ҳам мисли оби дарё мегузаштааст, — аз дил гузаронид Каримҷон.

Баъди чанде нигоҳаш ба муаллимаҳо афтид, ки чанд қадам дуртар истода, ҷуръати наздик омадан надоштанд. Каримҷон беихтиёр сӯи онҳо табассум кард. Хурсанд буд, ки заҳматҳояш барабас нарафтааст. Аввалин занҳои озоди Қаротегин шогирдони ӯянд. Пеш  ҳам занону духтарони водӣ ба сар фаранҷӣ намегирифтанд, вале ин маънои онро надошт, ки онҳо озоданд. Танҳо партави инқилоб ба онҳо озодӣ ва бахту саодат ато намуд. Инак, чор духтари тоҷик дар кӯҳистони аз марказ дур, барои паҳн намудани идеяҳои инқилоб, аз касе натарсида, мубориза мебаранд.

Каримҷон саргузашти ҳар кадоми онҳоро хуб медонад. Якбора дар дилаш орзуе пайдо шуд, ки фурсат даст диҳад, дар бораи духтарони Ҳоит китобе нависад.

- Маълумбӣ — духтари Ҳамдам батраки ҳисоракӣ фарзанди ягонаи хонадон буд. Дар назди муллои мактабдор илм омӯхт. Хондану навиштанро ёд гирифт. Соли 1925, даме, ки мактабҳои нав дар Ҳоит ташкил шуданд, ба мактаб рафт. Баъд ҳамроҳи Оламбию Сайрамбӣ ва Чиллабибӣ дар курси яксолаи муаллимтайёркунӣ таҳсилро идома дод. Узви комсомол…

Чиллабибии духтари Ҳакими заргар низ саргузашти аҷиб дорад. Падару модар, ки оилаашон серфарзанд буд, бо умеди беҳтар шудани зиндагии дигар фарзандон духтари номбурдаро ба тоҷири афғон Асадуллоҳ доданд. Домод чанд сол боз дар бозори Ҳоит машғули тиҷорат ва аз арӯс 20 сол калон буд. Ҳамон сол Чиллабибӣ ба синни 15 қадам мегузошт. Домод ширбаҳои кироӣ пардохт. Дар давоми ду-се сол хонаводаи падарарӯсашро, ки ӯ низ акнун узви ҳамин хонадон буд, нигоҳубин кард. Ба қадри зани ҷавонаш мерасид. Ҳатто, ҳангоме ки Чиллабибӣ дар бораи идомаи таҳсил дар мактаби яксолаи муаллимтайёркунӣ сухан оғоз кард, шавҳараш чизе нагуфт. Ҳар сол як маротиба ба Афғонистон сафар мекард. Аз Ҳоит ба он ҷо ашёи хом бурда, ба ивазаш газвор, чой ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро меовард. Соли савум аз сафар барнагашт. Дертар тоҷирон овоза оварданд, ки дар роҳ дастаи роҳзанон ба корвони тоҷирони афғон, ки Асадуллоҳ ҳамроҳашон буд, ҳуҷум карда, тоҷиронро аз дами теғ гузаронда, молу сарваташонро ғорат кардаанд.  Ин овоза то кадом андоза рост буд, касе намедонист, вале аз Асадулло хабар набуд. Чиллабибиро мардуми диёр раиси Шӯро интихоб намуданд. Ба кор банд шуда муддате ғаму дардашро фаромӯш мекард.

Дар байни онҳо қисмати Оламбӣ хеле вазнин будааст, — аз дил мегузаронд Каримҷон. — Падарашро дар ёд надорад. Модари сиёҳбахт бо сад азоб оиларо таъмин менамуд. Дар ба дар гашта, хизмати мардумро адо мекард ва дар ивази он пораи ноне барои ятимони хеш ба даст меовард. Мувофиқи русуми онвақта хоҳари калониаш Майрамбиро дар синни 14 ба шавҳар доданд. Язнаи вай Давлат аз бесаробонии оилаи онҳо истифода бурда, ҳавлии худро фурӯхт ва ба хонаи хушдоман кӯчид. Ӯ рӯзҳои аввали хонадорӣ бо Майрамбӣ худро шахси нармдил ва ботамкин нишон диҳад ҳам, башараи хунукаш ба Оламбӣ маъқул набуд. Симои Давлати зард баъди таваллуди нахустфарзанд пурра аён гашт. Ӯ бо ҳар баҳона рӯзе чанд бор ҷанҷол мебардошт. Агар дар масҷид, бозор ё кӯча бо ягон каси дигар гапаш напазад, аламашро аз Майрамбӣ мегирифт. Модар ба рӯзи сиёҳи фарзандон менигаристу дарун-дарун чун чӯби тар месӯхт, аммо пайи наҷоти онҳо илоҷе намеёфт. Оқибат кампир силкасал шуд ва аз дунё чашм пӯшид. Муддате нагузашта апааш ҳам аз ҷаҳони пурдарду ғам халос хӯрд. Писарчаи дусолаи Майрамбӣ сағира монда, ташвишҳои зиндагӣ ба дӯши Оламбии 12-сола афтод. Ғаму дарди бекасӣ, азобу шиканҷаи язнаи золим Оламбии хурдсолро аз ҷаҳони кӯдакӣ тамоман бебаҳра гардонд. Зиндагӣ ба назараш якрангу дилгир менамуд.

Рӯзе Давлат муллои ҳамсоя ва як марди ношиносро ҳамроҳаш гирифта омаду Оламбиро маҷбуран ба никоҳ даровард. Ҳарчанд ӯ розигӣ баён накарда бошад ҳам, мулло хутбаро хонд.

Рӯзҳои аввал Давлат ба вай кордор намешуд. Бештар вақташро дар масҷид мегузаронд. Шаб дер меомад. Дар хонаи шафат мехобид ва саҳарии барвақт аз пайи коре мерафт. Ӯ бовар дошт, ки духтарак оқибат ром гашта, ба оғӯши вай медарояд. Аммо баъдтар пай бурд, тахминаш хатост. Мушт ба сараш мебардошт. Ду-се рӯз ба вай хӯрок намедод. Мазлума дандон ба дандон монда, тоб меовард. Чун оҳуи ваҳшӣ мерамид. Рафтори духтарак оташи шавқи марди сангдилро бештар меафрӯхт. Оламбӣ ҳар бегоҳ пеш аз омадани Давлат сағираи апаи сиёҳпиччаашро мехобонд ва оҳиста ба қабристон мегузашт. Шабҳоро ҳамон ҷо рӯз мекард. Гӯрҳои ҳамшафати падару модарро оғӯш  карда мегирист. Ҳаққу ҳамсоя аз ҳоли зори духтарак огоҳ буданд. Медонистанд, ки кӯдаки хурдсол аз чизе наҳаросида, дар қабристони сокит шабро рӯз мекунад. Медонистанд, ки рӯзҳои дароз гуруснагӣ мекашад. Аммо касе аз тарси Давлати зард ба ӯ дасти мадад дароз намекард. Давлат кинаҷӯй буд. Бо саркардаҳо шиштухез мекард. Дасташ дароз.

- Муаллим, одамон шуморо интизоранд.

Ин сухани Маълумбӣ Каримҷонро аз чоҳи жарфи андешаҳо берун овард. Ӯ  табассуми  дардолуде карду ҷониби  мардуми назди мактаб гирдиҳамомада роҳ пеш гирифт.

- Чунон ба фикр рафтед, ки агар касе куртаатонро аз танатон кашида мегирифт, хабар намеёфтед, — садо баланд кард Кабути Забир.

- Бале. Гузаштаро фикр мекунам. Азизонро ёд кардам. Агар умр боқӣ бошад, бисёр чизҳоро навиштан лозим мешавад, — табассуми дардолуд дар лаб посух гуфт Каримҷон.

- Муаллим.  Як хушхабар.  Сафи муаллимаҳо боз як нафар зиёд шуд.

- Наход! Аз куҷо? — пурсид Каримҷон.

- Аз Ҳоит. Саводи хуб дорад.  Се — чор моҳ пештар бо тавсияи Мирзо Шарифов ба ин ҷо омад.

Чеҳраи Каримҷон шукуфт. Онҳо ҳама якҷоя назди мардуми ҷамъшуда рафтанд.

Он рӯз Каримҷон қиссаи ба муаллимӣ шурӯъ кардани Файзинисоро ҳам фаҳмид.

Котиби комитети комсомолии ноҳия Мирзо Шарифов дар кабинети корӣ машғули хондани китоб буд. Ногоҳ дари кабинет кушода шуду духтараки резапайкаре даромад. Ӯ бо сари хам назди дар қарор гирифт.

- Марҳамат, ана ин ҷо шинед, -курсиеро нишон дод котиб, ки аз ташрифи меҳмони нохонда ва ғайриодӣ дар тааҷҷуб монда буд.

Духтар ҳанӯз хомӯшу сархам дар ҳолати пешина рост меистод. Якбора сар боло кард ва рост ба чашмони котиб чашм дӯхт. Вале ҷуръат накард лаб ба сухан во кунад. Гӯё забонаш часпида буд.

- Ба ман ягон кор доштед? – хомӯшии бамиёномадаро вайрон карданӣ шуд котиб.

- Ҳа, — беҷуръатона ҷавоб дод духтар ва аз нав нигоҳашро гурезонда, сарашро хам гирифт.

- Номатон чӣ ?

- Файзинисо.

- Падар доред ?

- Не. Падарамро дар хотир надорам. Шояд шумо ӯро мешинохтед? Шоназари човандоз. Ҳама таърифи човандозиашро мекунанд. Шароити зиндагонии мо бисёр бад аст. Бародарам дар Фарғона. Модари бечораам чанд вақт боз бемори бистарӣ.

- Ягон ёрӣ лозим? Шарм накарда гуфтан гиред.

-…

- Хондан мехоҳед ?

- Ман каму беш савод дорам. Ҳусни хатам ҳам бад не. Забони арабиро низ кам-кам мефаҳмам.

- Саводро аз кӣ омӯхтӣ ?

- Аз модарам. Модари ман саводи хуб дорад. Афсӯс, ки пир шудааст. Замоне ҷавон буд, касе аз вай савод напурсид. Ба ман кор лозим.

- Чандсола ҳастед ?

- Ба  16 даромадам . Аз уҳдаи ҳама кор мебароям. Фақат шумо не нагӯед, ака.

- Гӯш кун, хоҳарам, — гуфт котиб андешаманд. — Ман шуморо ба Ҳисорак мефиристам. Он ҷо се духтар муаллима кор мекунанд. Ёрӣ мерасонанд. Баъдтар ба хондан мефиристем.

- Ташаккур. Кай ба он ҷо равам ?

- Метавонӣ худи пагоҳ…

Бегоҳӣ хаставу кӯфта ба меҳмонхонаи Кабути Забир омад. Мувофиқи расму одати мардуми кӯҳистон ҳаққу ҳамсоя, хешу табор чун шуниданд, ки ба хонаи Кабут меҳмон омадааст, нон ва косаи ҷурғот ё табақи қаймоқе дар даст аз дар медаромаданд. Ёру ошнои Каримҷон ҳам аз деҳоти дуру наздик хабар ёфта омада буданд. Кабути Забир аз ҳавлии дарун танбӯр бардошта овард. Каримҷон танбӯри пурнақшу нигори шиносро дер боз ба даст нагирифта буд. Дилаш аз суҳбати мардуми одӣ лабрези сурур буд. Касе хоҳиш намуд, ки вай барои онҳо суруд хонад. Рад накард. Ҷӯри танбӯрро ба табъи худ соз намуд ва оҳанги шӯхеро навохт. Баъд оҳанггардон кард ва овози дардолуди вай ба садои нолаи танбӯр печид:

Биё-биё, ки дилу ҷони ман фидои номи ту бод,

Саре, ки бар тани ман аст, хоки пои ту бод!

Дилам ба меҳри ту сад пора боду ҳар пора

Ҳазор зарраву ҳар зарра дар ҳавои ту бод!

Сомеон сукут варзиданд. Овози муаллим дар фазои танги меҳмонхона танинандоз гардид. Чашмонашро маҳкам пӯшида, ҳастиашро ба суруд дод. Ниҳоят, суруд ҳам ба охир расиду садои ғамангези танбӯр  ҳам канда шуд. Даме сукут варзида, аз нав панҷа ба торҳои танбӯр зад. Пиндошт ба пардаи дили хеш нохун мезанад. Алами солҳои гузашта, дили ӯро ба дард овард. Манзараҳои дилрабои зодгоҳаш Конибодом пеши рӯ ҷилвагар гардиданд. Боз байни анбӯҳи лолазор модари пири хешро дид. Ғамгину сархам банди андеша сукут варзида. Ҳолаташ дигаргун гашт. Нафасаш тангӣ кард ва натавонист дигар суруд хонад. Аз нишастагон иҷозат пурсида, берун баромад.

Дар берун насими форам мевазид. Моҳтоби дар як гӯшаи осмон овезон бо ҳусни хеш ғарра, бепарво худнамоӣ мекард. Қуллаҳои баланди атрофи деҳа чун мардони рӯзгордидаву андешаманд бо як тамкини ҳамешагӣ сокит буданд. Нигоҳи сарду ғамолуди ӯ тарафи шаҳраки Ҳоит, ки дар он соҳили дарё зери нурҳои ширгуни моҳи пурра худнамоӣ дошт, давид. Маҷрои рӯди Оби кабуд бо ҳамон табиати шӯхи худ мисли аспи ромнашудае рӯи харсангҳо хез мегирифту ноумедона шиҳа кашида, роҳашро давом медод. Насими форами шаб сару рӯи Каримҷонро сила кард ва ӯ боз ба олами ҳастӣ баргашт.

 ***

Дар як гӯшаи бозори Ҳоит Махсум ҳамроҳи ёрону тарафдоронаш рӯи чор қабат кӯрпача менишаст. Чор духтари даст ба пуштбастаро пешандоз намуда, рост ба пеши онҳо оварданд.

- Ба  ман панҷ нафар гуфта буданд — ку?, – ба Ҷалол қурбошӣ рӯй овард Махсум.

- Як нафараш ба деҳаи Тахт рафта будааст. Одам фиристодам, гирифта меоранд. Духтари Шоназари човандоз.

- Падараш одами густох буд. Мудом калоншавандаҳоро ғайбат мекард, — ба суҳбат ҳамроҳ шуд муфтӣ Исмоил.

Он вақт се сарбози дар обу арақ ғӯтида, ба давра наздик омаданд. Чашми Ҷалол ба онҳо афтоду гиреҳ бар абрӯ зада пурсид:

- Канӣ вай?

- Гурехт, — бо сари хам ҷавоб гуфт нафаре.

- Чӣ хел гурехт? — бо зарда фарёд зад Ҷалол. – Ту подабон аз феъли бадат намондӣ, гумонам дар нимароҳ коратро баробар кардию ӯро сар додӣ.

- Не, вай худашро ба коми дарё партофт. Аздусар ҷон ба саломат намебарад. Одина шоҳид аст.

Касе ба Фузайл хабар расонд, ки дар Ҳоит яке аз калонҳои вилоят меҳмон будааст. Абдуллобекро ҳузураш хонд ва супориш дод, ки дараки калоншавандаро ёбад.    Абдуллобек аз пайи иҷрои фармон шуд.

Он рӯз Каримҷон Ҳусейнзода ба гапи дӯстону ҳаммаслакон гӯш надод ва дар Ҳоит монд. Ӯро дастгир карданд. Махсум дурудароз ба чеҳраи рангпаридаи Каримҷон чашм дӯхт.

- Биёед, мулло Карим. Мо аз бегонагон нестем.

- Ҳайрон нашавед, мулло Карим, мо мардуми соҳибдилро эҳтиром мекунем. Мамлакат ба мардони банангу ор ниёз дорад.

Каримҷон лаҳзае ба атрофиён дида дӯхт ва дар байни муқаррабони ӯ ду мардеро дид, ки симои тоҷикона надоштанд. Қиссаи зиндони Иброҳимбеки лақай ва Махсум ба ёдаш омад. Он қиссаро борҳо шунида буд, вале шубҳа дошт. Пас, бовар кард, ки ҳамон афсарони Фузайлро аз марг раҳонида ҳаминҳоянд.

- Ҷалол, мулло Каримро ба ҳавлии Гадойбӣ гусел кунед, баъди бозгашт суҳбат мекунем.

Махсум пиёлаи чойи сардшударо нӯшид. Дар назди қалъа он қадар одам ҷамъ омада буд, ки ҷои сӯзанпартоӣ набуд.  Ба издиҳом рӯ овард.

- Бародарони муъмин, инак банда баъди мусофирати панҷсола, ки бо ҳукми тақдир рух дод, ба Ватан баргаштам. Шумо гумон накунед, ки тангии рӯзгор маро иҷборан ба Ватан баргардонд. Он ҷо зиндагии шоҳона доштам. Ғами ватани поймоли қадами ҳароми бегонагон заҷрам медод. Ёди шумо қалби дардмандамро пора-пора менамуд. Овозаҳои шум мерафт аз ин тарафи соҳил. Мегуфтанд, ки мусалмонон ба дини бегона эътиқод пайдо карданд. Ва боз бузургон ба хобам медаромаданд ва мегуфтанд, ки «ай бандаи Худо, даврони ишрат нест!». Билохира чун Парвардигори ман соаташро фаро овард, ҷони ширинро дар хатар гузошта, ба ин тараф омадам.

Махсум лаб аз гуфтор фурӯ баст ва пиёлаи чои ба сӯяш дарознамударо ба даст гирифт. Муфтӣ Исмоил чун пай бурд, ки Фузайл дигар ҳарфи гуфтанӣ надорад, риштаи суханро ба даст гирифт:

- Бисмилоҳи раҳмонирраҳим… Мардум! Аҳли муслимин! Инак, фурсат даст дод, ки мо — ҳомиёни дини мубини ислом аз гурӯҳи худфурӯшу Худофурӯш, аз онҳое, ки по аз пардаи исмат бурун гузоштанд, тани поки хешро ба ҳаром олуда намуданд, пурсиш кунем. Дар ҳузури мардуми диёр ба онҳо ҷазои сазовор диҳем.

Бо ишораи ӯ Абдуллобек муаллимаҳои даст ба пуштбастаро ҳамроҳи се-чор сарбоз ба таги дор овард.

- Сазои ин занони бесатру беҳаё чист?

Аз байни издиҳом чанд нафар садо баланд карданд:

- Куштан! Овехтан! Сангсор!

- Ҷаноби муфтӣ, — ба Исмоил рӯй овард Махсум. – Шумо соҳиби шариат ва фатво ҳастед. Коре кунед, ки ҳукматон одилона бошад, мабодо фардо дар маҳшар мо низ қатори шумо ҷавоб нагӯем.

- Ҳамааш аз рӯи адолат аст, ҷаноби Махсум, — бо овози баланд посух гуфт муфтӣ Исмоил ва аз нав ба халқ рӯй овард. – Бале, куштан. Аммо ҷаноби ҳоким мегӯянд, ки ин гумраҳони Худозада дар ҳузури шумо аз карда пушаймон гашта, тавба намоянд, гуноҳашонро мебахшад.

Вале аз ҷониби муаллимаҳо ҳаракате ё садое нашунид, боз суханашро идома дод.

- Дар қалби онҳо шайтони лаин маскан гирифтааст. Забонашонро қулф андохтааст. Мехоҳад бо тани пур аз гуноҳ моқаби дӯзах шаванд. Дар байни онҳо як нафар, — бо ангушташ тарафи Чиллабибӣ ишора мекунад, — ҳомиладор аст. Қатли ӯ мувофиқи ҳукми шариат дуруст нест. Бо амри ҳокими адолатпаноҳ озод мешавад. Бубинед, ай бародарони мусалмон. Кор то куҷо расидааст, ки як зани безоти номусалмон раиси ҳукумат таъин шудаву ҳукм меронад ва мо аз тарс наметавонистем садо баланд кунем. Ӯ то таваллуди фарзанд зинда мемонад. Агар баъди таваллуд аз карда пушаймон шавад, касе ба вай кордор намегардад.

Махсум ба тарафи муфтӣ Исмоил нигарист.

- Агар афв кунед, ба ҷомеа таъсири бад мерасонад, — аз нигоҳи ӯ рамуз гирифта гуфт муфтӣ. – Барои тарсонидани дигарҳо қурбон намудани се нафар кирои гап намекунад. Ҷавобаш ба зиммаи банда.

Махсум садо баланд накард.

Бо ишораи Ҷалол сарбозон муаллимаҳоро ба таги дор бурданд ва хостанд, ки бо рӯймол чашмонашонро банданд, аммо духтарон ба ин роҳ надоданд.

- Мо дузд нестем. Ба касе хиёнат накардаем. Барои кадом гуноҳ дар лаҳзаи охир чашм аз дидори ҳамдиёрон бандем, аз тамошои табиати зебо маҳрум монем? Мо маргро бо сари баланду чашмони боз пешвоз мегирем, — бо овози форамаш ба мардум шунавонда гуфт Маълумбӣ. – Шумо гумон накунед, ки мо танҳоем. Дар симои шумо мардум ҷаллодони хунхорро мебинанд. Бо куштани се зан сафи мо кам намешавад, балки меафзояд. Гумон доштед, пеши пои шумо сар мемонем, хоки поятонро тӯтиё мекунем, омурзиш мехоҳем. Барои кадом гуноҳ? Гуноҳамон ҳамин аст, ки ба мардум фарқи сиёҳро аз сафед фаҳмондем. Мо комсомолем ва аз ин маслак даст намекашем…

Издиҳом хомӯш буд. Овози сеҳрноки муаллима ҳамаро афсун кард. Ҷаллодон осемасар ҳалқаҳои даҳонворо, ки мунтазири луқмаи хеш буданд, ба гардани духтарон андохтанд. Аз нав садои фораму пурдарди Маълумбӣ баланд шуд.

- Алвидоъ, ҳамдиёрони азиз! Падруд, сарзамини афсонаҳои ман…

Ҷаллодон бо шитоб кундаҳоро аз зери пои онҳо гирифтанд. Ҷисми мавзуни духтарон дар ҳаво алвонҷ мехӯрданд. Пойҳои нозуки духтарон аз зӯри дард қату рост мешуданд. Куртаи алвони Оламбӣ зери таъсири боди форами баҳорӣ мавҷ мезад ва ба чашми бинанда парчами оғуштаи хунро мемонд…

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»