Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ
ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)
Ҳар сол 22- юми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат намоиши китоб доир гардид. Дар ин ҷамъомад Маҷмӯаи ашъори Рӯдакӣ ва асарҳои ба ӯ бахшида, аз қабили «Рӯдакӣ» (шеърҳо), ки Ҷ. Шарифов ва Ш. Исрофилниё мураттаб кардаанд , «Рӯдакӣ ва Рӯдакишиносон»-и Мирзо Муллоаҳмад, «Паямбари ишқ»-и Атахон Сайфуллоев, «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй»-и Абдунабӣ Сатторзода ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар ҳамон рӯз ҳамчунин дар донишгоҳҳо, муассисаҳои адабиву фарҳангӣ нишасту конфронсҳои илмӣ, мизҳои гирд ва ҷаласоти дигар доир гардиданд.
Дар анҷуман аз 21 кишвари олам
ширкат варзиданд
РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум»)
Бо ибтикори хазинаи Оғохон, Ассотсиатсияи ҳифзи табиат ва рушди устувор (ANDES), Донишкадаи муҳити фарогиранда ва рушд (IIED) ва Барномаи ҷамъиятии минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон (MSDSP, Тоҷикистон) дар деҳаи Ҷафри ноҳияи Рашт Анҷумани дуюми байналмилалии шабакаҳои миллатҳое, ки дар мавзеъҳои кӯҳистон иқомат доранд, баргузор гардид. Дар анҷуман 37 нафар намояндагон аз 21 кишвари олам ширкат варзиданд. Дар анҷуман мавзӯъҳои ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ, осори қадимаи сокинони мамлакатҳои баландкӯҳ, сатҳи дониши аҳолӣ дар бахши гуногуни биологӣ ва тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Анҷумани якуми байналмилалии шабакаҳои миллатҳое, ки дар мавзеъҳои кӯҳистон иқомат доранд, соли 2014 дар Давлати Бутон баргузор шуда буд. Аъзои шабакаҳо дар анҷумани нахустини худ ба нақша гирифта буданд, ки анҷумани дуюмро дар Тоҷикистон мегузаронанд.
Ҷамъоварии пахта идома дорад
ЗАФАРОБОД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум» ) Пахтакорони ноҳия, ки соли равон дар майдони 8810 гектар пунбадона кишта буданд, ният доранд, ки беш аз 20000 тонна ҳосил бардоранд. Аз ин рӯ, деҳқонон барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ корҳои агротехникиро сари вақт гузарониданд. Инак, зиёда аз ду ҳафта мешавад, ки дар саҳро пахтачинӣ муташаккилона идома ёфта истодааст.
- То имрӯз чинакчиён зиёда аз 1030 тонна дурри гаронбаҳо ба даст овардаанд,- гуфт дар суҳбат раиси ноҳия Арбобзода Қодири Нодир.
Бино ба гуфтаи мавсуф пахтакорон аз ҳар лаҳзаи рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода бурда истодаанд. Айни замон дар ҷамъоварии пахта кишоварзони шаҳраки Зафаробод пешсафанд.
Хонаи саломатӣ ба истифода дода шуд
ШАҲРИСТОН . (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар деҳаи Турсунзода бо иштироки раиси ноҳия Умар Ёқубзода бинои нави замонавии хонаи саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Хонаи саломатии мазкур ба тариқи ҳашар сохта шуда, аз ҳафт ҳуҷра иборат мебошад ва бо таҳҷизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар бунёди хонаи саломатӣ саҳми аҳолии деҳа, аз ҷумла Толиб Ҷӯрақулов, Бахтиёр Бӯронов, Султон Ҷумъабоев, Абдувалӣ Шокиров, Ҷӯрақул Аслонов, Фармон Бердиқулов, Ҳамроқул Субҳонов хеле калон аст.
Барқарорсозии пули «Ширинсой»
СПИТАМЕН. (А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Пули «Ширинсой», ки 13 сол муқаддам бар асари борони сел хароб гардида буд, дубора мавриди истифода қарор гирифт. Сокинони ноҳияро ба ин муносибат аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин Қудрат ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов табрик намуданд.
Илҳом Маъмуров - раиси деҳоти «Куруш» аз номи 29 ҳазор нафар аҳолии деҳот барои дастгириву мадад дар бунёди пули«Ширинсой» ба раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ миннатдорӣ баён намуд.
Қобили зикр аст, ки арзиши лоиҳавии пули «Ширинсой» 3 млн. 90 ҳазор сомонӣ мебошад, ки онро ширкати роҳсозии «Ваҳдат» дар давоми ду сол бунёд кардааст.
Иқдоми соҳибкор
ҚУМСАНГИР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум» ) Бо иқдоми соҳибкор Рустам Тағоев барои хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 бинои нави таълимӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Соҳибкори номбурда дар Федератсияи Россия кору фаъолият менамояд, вале ҳамдиёрони худро ҳаргиз фаромӯш намесозад. Мавсуф барои ин амали хайр 200 ҳазор сомонӣ сарф намудааст.
Ҳадафҳо амалӣ мегарданд
ҶИЛИКӯЛ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар яке аз гӯшаҳои дурдасти ноҳия — деҳаи «Дӯстӣ»-и деҳоти «Нури Вахш» маркази нави саломатӣ ба истифода дода шуд, ки имкон дорад қариб ба чор ҳазор нафар сокинони деҳот хизмат расонад. Маркази нави саломатӣ бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон» бунёд ёфтааст.
Корҳои сохтмонӣ дар авҷ аст
ХОРУҒ . (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар шаҳри Хоруғ сохтмони хонаҳои истиқоматии нуҳошёнаи сеқабата босуръат ҷараён дорад. Корҳои сохтмониро дар ин иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд» пеш мебарад. Барои сохтмони биноҳои мазкур аз ҳисоби маблағҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки то ба имрӯз ба маблағи севуним миллион сомонӣ корҳо ба анҷом расидааст. Барои сохтмони иншооти номбурда 80 нафар коргарони маҳаллӣ ва сохтмончиён аз дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷалб карда шудаанд.
Маъракаи ҷамъоварии пахта суръат мегирад
КӯЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӣ, «Садои мардум») Дар ноҳияҳои пахтакори минтақа маъракаи ҷамъоварии ҳосил рӯз аз рӯз суръат гирифта истодааст. Айни ҳол пахтакорони ноҳияҳои Фархор, Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз 20 то 35 фоиз нақшаҳои дурнамои худро иҷро намуда, пешсафи маъракаи ҳосилғундорианд. Ҳосили то ба имрӯз ба кафовардаи деҳқонони ноҳияҳои минтақа 16435 тоннаро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1871 тонна кам аст.
Сафари корвони саломатӣ
ШӯРООБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӣ, «Садои мардум» ) Корвони саломатӣ таҳти роҳбаладии сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Мирзоалӣ Миралиев ба дурдасттарин деҳоти ноҳия- деҳоти «Даштиҷум» ва «Лангардара» сафар карда, ба сокинони онҳо хизмати ҳамаҷонибаи тиббӣ расонид. Дар давоми се рӯз беш аз ҳазор нафар сокинони ин деҳоти дурдаст бо муоинаи тиббӣ фаро гирифта шуданд.
Ба ҳайати корвони саломатӣ беҳтарин табибони минтақа шомил гардида буданд, ки аз техникаву таҷҳизоти замонавӣ истифода бурданд, — иброз дошт М. Миралиев.
Масъули гӯша Раҳмоналӣ Ҳабибов.
Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.