Иди «Меҳргон» таҷлил гардид
ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар саҳни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки устодону донишҷӯён, кишоварзону роҳбарони хоҷагиҳои таълимӣ – тарбиявии зертобеи донишгоҳ иди «Меҳргон» таҷлил гардид. Роҳбарияти донишгоҳ ва меҳмонону кишоварзон бо дастовардҳои илмиву маҳсулоти кишоварзии устодону донишҷӯён шинос шуда, иброз доштанд , ки иди «Меҳргон» муаррифгари натиҷаи заҳмати яксолаи деҳқон мебошад.
Тавассути таҷлили иди «Меҳргон» дар донишгоҳ донишҷӯён аз заҳмати кишоварзон воқиф гашта, нисбати касби интихобнамудаашон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Ҳамчунин хоҷагиҳои таълимӣ- таҷрибавии зертобеи донишгоҳи мазкур барои омӯзгорону донишҷӯён ва сокинони атроф ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзиро ташкил намуданд.
Озмуни вилоятии «Ҳифзи муҳити зист»
ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷамъбасти озмуни вилоятии «Ҳифзи муҳити зист» байни намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Соли чорум аст, ки чунин озмун гузаронида мешавад. Дар бахши телевизион муҳаррири барномаи «Муҳит»-и Телевизиони вилояти Суғд Фарҳод Қосимов, дар бахши матбуот рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Маърифати ҳуқуқӣ» ва «Тирози ҷаҳон» барои мусоидат дар таблиғи маърифати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ, мунтазам чоп намудани мавод ва гузоришҳои экологӣ сазовори диплом ва мукофотҳо гардиданд.
Нақшаи нуҳмоҳа иҷро шуд
ХОРУҒ. (АМИТ «Ховар») Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ аз фаъолияти нуҳмоҳаи соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр натиҷагирӣ шуд. Муовини аввали раиси шаҳр Ҷумъа Ҷумъаев зимни баромади худ зикр намуд, ки даромади буҷети шаҳри Хоруғ аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни андоз таъмин гардида, нақшаи нуҳмоҳа ба андозаи 124 фоиз иҷро шуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар корхона ва муассисаҳои шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистон соли 2014-2015 сузишворӣ ва маводи зидди лағжиш захира шуданд. Дар баробари ин шабакаҳои барқӣ бо насби тақсимкунакҳо, зеристгоҳҳо ва ноқилҳои барқӣ тавонистанд ба зимистон омодагӣ гиранд.
Пешсафони маъракаи ҳосилғундорӣ
САРБАНД. (Давлати СУЛТОН, «Садои мардум») Пахтакорони шаҳри Сарбанд чанде қабл дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, аз иҷрои дурнамои солонаи истеҳсоли пахта мужда расониданд. То имрӯз аз ҳар як гектар замин ба ҳисоби миёна 25 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ шуд, ки дар вилояти Хатлон яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин аст. Хирмани умумии пахтакорони сарбандӣ ба беш аз 2200 тонна расидааст. Бо мақсади беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили боқимонда имрӯзҳо ба ҳар як чинакчиён барои ҳар як килограмм пахта 65 — дирамӣ пули нақд пардохт карда мешавад.
Дар маъракаи ҳосилғундории соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон ҳамчунин кишоварзони ноҳияҳои Қубодиён, Носири Хусрав, Ҷиликӯл ва Данғара низ пешсаф мебошанд.
Муждаи зафар
СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Деҳқонони хоҷагии деҳқонии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дар майдони 13 гектар пахтаи навъи «Ирам» кишт карда, нигоҳубини онро бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Пахтакорони хоҷагӣ дурнамои ҷамъоварии «тиллои сафед»- ро иҷро намуда, аз ҳар гектар 35 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд.
Зоҳида Абдураҳмонова чинакчии пешқадами хоҷагӣ буда, рӯзе 110-120 килограммӣ пахта чида, то имрӯз ба хирмани бобаракати хоҷагӣ 30 тонна пахта супорид.
Фархор ҳусни тоза мегирад
ФАРХОР. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Шаҳраки Фархор дар давоми се- чор соли охир ба худ ҳусни дилкашу диданибоб зам намудааст. Дар ин давра варзишгоҳи марказӣ ва боғи фарҳангӣ- истироҳатии ноҳия таври замонавӣ тармиму таҷдид гашта, даҳҳо биноҳои нав, аз қабили китобхонаи марказӣ, осорхона, чойхона ва бинои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон қомат афрохт. Айни ҳол сохтмони бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, бунёди онро муассисаи сохтмонии ҶДММ «Самар-СА» ба уҳда дорад.
Аввалин кӯдакистон дар Навобод
Рашт. (Муҳаммад зокир, «Садои мардум») Дар шаҳраки Навободи ноҳия аввалин кӯдакистони наву замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд. Сохтмони бино соли 2013 оғоз гардида, давоми як соли сипаришуда 14 нафар сохтмончиёни ҶДММ «Равшанхизматрасон» корҳои баъдисохтмониро аз рӯйи лоиҳа бо сифати баланд анҷом доданд. Кӯдакистон дорои 32 ҳуҷраи таъиноти гуногун буда, баъди ба фаъолият оғоз намудани он наздики 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба сифати муаллима ва мураббӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд. Шумораи гурӯҳҳо дар кӯдакистон зиёд шуда, давра ба давра теъдоди тифлакони томактабӣ ба 80 нафар расонида мешавад. Зикр кардан зарур аст, ки то ҳол дар шаҳраки Навобод барои нигоҳубини тифлакон кӯдакистон вуҷуд надошт.
Мусобиқа ҷамъбаст гардид
ТУРСУНЗОДА. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Бахшида ба 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи як моҳ дар шаҳри Турсунзода мусобиқаи футбол байни дастаҳои мунтахаби шаҳру деҳот идома дошт. Дар ин мусобиқа 12 даста ширкат доштанд. Сарпарастии мусобиқаро соҳибкорони маҳаллаи «Шаҳраки Куҳна»- и шаҳри Турсунзода ба уҳда доштанд. Дар ҷамъбасти мусобиқа се ҷойи аввалро маҳаллаи «Шаҳраки Куҳна»-и шаҳр, деҳаҳои Шаҳрисабз ва Регари деҳоти «Регар» ишғол намуданд. Ба ғолибон аз тарафи ташкилкунандагон ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Фарзод — чемпиони Аврупо
ҒОНЧӢ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Хатмкунандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №16 ба номи
А. Шарифов Фарзод Нуруллоев дар Чемпионати Аврупо аз рӯйи намуди варзиши каратэ-кёкушинкай, ки дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Ӯ дар байни намояндагони 16 давлати дунё ва зиёда аз 200 нафар варзишгар дар вазни 55 килограмм бар ҳарифони худ аз давлатҳои Ироқ, Туркия ва Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия дастболо шуда, ҷойи аввал ва медали тилло ба даст оварда, чемпиони Аврупо гардид. Фарзод дар ин мусобиқа ба камарбанди сиёҳи дараҷаи аввал сазовор шуд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Тел. 238-58-91.