Имрӯзҳо дар ҳама иншооти Ширкати «Помирэнерҷӣ» кор дар авҷ аст. Барқчиён фурсати мусоидро самаранок истифода бурда, иншооти ба таъмиру тармим ниёздоштаро ба зимистони тӯлонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омода месозанд. Дар баробари таъмири неругоҳҳо ва зеристгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқолу тақсимкунанда ва дигар таҷҳизоти барқӣ кормандони соҳаи энергетика ба масъалаи ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани иншооти барқӣ диққати махсус равона кардаанд. Тобистони имсола баръало нишон дод, ки иншооти барқӣ ва дигар инфрасохтори ҳаётан зарурӣ на фақат дар мавсими серборишу хунуки зимистон, балки дар гармои тобистон ҳам ба василаи обхезиву селравӣ ва сангчархҳо вайрону валангор мегарданд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Ширкати «Помирэнерҷӣ» аз рӯи нақшаи махсус хатҳои интиқолу тақсимкунанда ва зеристгоҳҳои дар ҷойҳои хавфнокбударо ба ҷойҳои нисбатан орому бехавф мекӯчонад. Чунин кори ниҳоят муҳим дар шаҳри Хоруғ ва ҳамаи ноҳияҳои вилоят марҳила ба марҳила ба сомон расонида мешавад.
Яке аз чунин ҷойҳои хавфнок мавзеи Баржири деҳоти «Дарморахт» ба ҳисоб меравад. Қариб ҳар сол дар ин мавзеъ айёми зимистон хатҳои интиқоли барқ аз таъсири офатҳои табиӣ осеб дида, дар натиҷа, на фақат сокинони деҳоти «Дарморахт», балки тамоми аҳолии ноҳияи Ишкошим чандин рӯз аз қувваи барқ маҳрум мемонанд.
Аз ин рӯ, соли равон дар ҳамкорӣ бо пудратчиёни маҳаллӣ корҳо оид ба ҷойҳои нисбатан бехавф кӯчонидани хатҳои интиқоли барқ оғоз ёфт. Барқчиён баробари ба мавзеъҳои бехавф кӯчонидани хатҳои барқ, инчунин сутунҳои чӯбинро, ки аз таъсири сангчарху тармафароӣ осеб дидаанд, ба сутунҳои оҳанин иваз мекунанд ва ба ин васила, дар оянда ният доранд, ки тавассути ин сутунҳо шиддатнокии интиқоли барқро ба 110 киловолт дар самти Хоруғ — Ишкошим расонанд.
Ба гуфтаи Шариф Музофиршоев — менеҷери хатҳои интиқоли барқи 35-киловолтаи Ширкати «Помирэнерҷӣ», ҳоло 90 фоизи корҳо анҷом дода шудаанд. Мақсади асосии кормандони ширкат таъмини сокинони ноҳия бо барқи хушсифат мебошад.
Айни ҳол корҳо барои ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани хатҳои барқӣ ҳамчунин дар мавзеъҳои Манем ва Барсеми деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнон идома доранд. Бояд зикр намуд, ки кор дар мавзеъҳои номбурда ҳанӯз фасли тобистон, баъд аз сар задани офати табиӣ дар деҳаи Барсем, оғоз ёфта буд. Аллакай кори зиёд оид ба бартараф намудани оқибатҳои нохуши офати табиӣ ба анҷом расидааст.
Ҳоло қисмати асосии кор дар ин самт ба анҷом расида бошад ҳам, кормандони ширкат дар рӯзҳои истироҳат тариқи ҳашар барои тезонидани кор дар ин мавзеъ фаъолият менамоянд.
Дашти Манеми ноҳияи Шуғнон дар баландӣ қарор дорад ва кормандони ширкат сутунҳои оҳанинро қисман тариқи ғарғара ва бархеашонро болои китф ба ҷойи бехавф мебаранд. Сутунҳое, ки васл мешаванд, ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, бехатариро таъмин мекунанд.
Имрӯзҳо дар ширкат барои ба мавзеъҳои бехавф кӯчонидани хатҳои барқ зиёда аз 90 нафар кормандон сафарбар шудаанд ва талош доранд, ки муштариён тамоми фасли сол бо неруи барқ таъмин бошанд.
Биноан, ҳар сокини вилоят бояд имрӯз ба қадри заҳмати кормандони Ширкати «Помирэнерҷӣ» расад ва дар пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ бетараф набошад.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»