Хатару таҳдидҳои ифротгароӣ ба манфиатҳои миллӣ: мушкилот ва роҳҳои пешгирии онҳо

№147 (4409) 09.12.2021

Вазъи ҷаҳони муосир, алалхусус, кишварҳои мусулмоннишин хеле мураккаб ва осебпазир гардидааст. Расонаҳои хабарии ҷаҳон ҳар рӯз аз содир шудани амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ дар он кишварҳо, алалхусус Афғонистон, иттилоъ пахш менамоянд.

Ба ҳама маълум аст, ки баъд аз шикасти гурӯҳи экстремистӣ-террористии ДИИШ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ ҷонибдорони онҳо бо истифодаи манфиатҳои геополитикии бархе аз давлатҳо ба кишвари Афғонистон кӯчонида шуданд. Махсусан, фаъолияти бахши ба ном «Хуросон»-и ДИИШ хело фаъол гардидааст. Бо дарназардошти ба сари қудрат омадани ташкилоти террористии «Толибон», ки дар феҳристи созмонҳои террористии СММ қарор дорад, вазъро дар Афғонистон аз 15 августи соли ҷорӣ бо забти Кобул ва умуман Афғонистон боз ҳам мураккаб намуда, боиси ташвиш ва изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Тааҷҷубовар он аст, ки артиши беш аз 300 — ҳазорнафараи Афғонистон ба онҳо муқобилат нишон надод. Дар асоси шартномаи Доҳа, ки дар кишвари Қатар ба имзо расид, бо баромадани неруҳои ИМА аз Афғонистон, мебоист аз ҷониби «Толибон» ҳукумати ҳамашумул, бо дарназардошти манфиати қавму миллатҳои Афғонистон ва гурӯҳҳои сиёсӣ таъсис дода мешуд. Мутаассифона, «Толибон» ба аҳд вафо накарда, ҳукумати қавмгароиро дар доираи манфиатҳои қавми паштун созмон дода, хилофи меъёрҳои конститутсионии Афғонис­тон, сохторҳои идоракунӣ, аз қабили ҳокимияти президентӣ ва парламентиро шикаст дода, давлатро бо номи Аморати Исломии Афғонистон эълон намуданд.

То кунун ягон кишвари ҷаҳон ба таври расмӣ ҳукумати «Толибон»-ро эътироф накардааст. Дар баробари ин, ҳукумати «Толибон» вазъро дар Афғонистон пурра идора карда натавониста, ба генотсиди миллии тоҷикон, ӯзбекҳо, ҳазораҳо ва дигар қавмҳо даст зад.

Зимнан, яке аз аввалинҳо шуда Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасурона дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 76-уми Маҷмааи умумии СММ 23 сентябри соли 2021 тариқи видеоконфронс иброз намуданд, ки то он даме ки дар Афғонистон ҳукумати фарогир, бо дарназардошти манфиатҳои ҳама қавму миллат, аз ҷумла тоҷикон, таъсис дода нашавад, Тоҷикистон ин ҳукуматро эътироф нахоҳад кард.

Таърих собит сохтааст, ки вазъи ноороми як кишвар ба кишварҳои дигар бетаъсир намемонад. Тоҷикистон, ки бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтааст, таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуда, хоҳони он мебошад, ки Афғонистони ҳамсоя ба кишвари том, дорои амният, баробарии миллию қавмӣ ва ҷонибдори ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бошад.

Аз доираи сиёсӣ берун намудани миллати тоҷик, ки 46 фисади аҳолии ин кишварро ташкил медиҳад, зидди меъёрҳои умумибашарии давлатдорӣ аст. Дар таърихи Афғонистон барои тамомияти арзӣ ва ҳувияти миллии он тоҷикон асрҳо ҷонбозӣ намуда, дар рушду нумӯи фарҳанги миллии ин сарзамин, саҳми бориз доранд.

Мо — тоҷикон ҳамчун миллати куҳан, озодандеш ва дорои фарҳанги воло дар ҳар вақту замон ҳувияти миллиро ҳифз намуда, онро ба принсипҳои умумибашарӣ, бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ омезиш додаем, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфта шудааст.

Насли наврас ва ҷавонон ба ҷараёнҳои идеологии радикалӣ, ки аз дини мубини ислом суиистифода мекунанд, ҳамеша зид буда, бо он муқовимат менамоянд. Имрӯз сиёсати созандаи Пешвои миллатро тамоми кишварҳои ҷомеа, ҳизбҳои сиёсии амалкунанда, созмонҳои ҷамъиятӣ, ақаллиятҳои миллӣ сад дарсад ҳимоя намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар бунёди давлати миллӣ ва ҷомеаи адолатхоҳ саҳмгузор бошанд. Мутаассифона, баъзан ҷавононе ба назар мерасанд, ки аз лиҳози камсаводӣ, сарфаҳм нарафтан ба равандҳои сиёсӣ, бехабар аз арзишҳои муқаддаси дини мубини ислом, алалхусус, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз гурӯҳҳои радикалӣ ва ё истифодаи дини муқаддаси ислом ҳамчун олоти сиёсӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Сипас, таҳти пайгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифта, бо оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ афсӯс мехӯранд, ки он вақт пушаймонӣ суд надорад.

Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, дар доираи амалӣ намудани стратегияҳои сатҳи давлатӣ, аз ҷумла «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025», бо ташаббуси вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, генерал — полковники милитсия Рамазон Раҳимзода тадбирҳои мушаххас бо мақсади пешгирии амал ва кирдорҳои хусусияти ифротгароидошта марҳила ба марҳила амалӣ гашта истодаанд, ки натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд.

Бояд иқрор гашт, ки дар ҷаҳони муосир технологияҳои сиёсӣ бунёд мегарданд, ки аз ҷониби хадамотҳои махсуси истихборотии баъзе аз кишварҳои манфиатҷӯ маблағгузорӣ мешаванд. Онҳо мехоҳанд, ки арзишҳои дини муқаддаси исломро ба ҳадафи геополитикӣ истифода намуда, вазъи иҷтимоӣ — сиёсии кишварҳои мусулмоннишинро ноором гардонанд.

Дар ин асно метавон андешаи собиқ Канслери Федералии Олмон Ангела Маркелро мисол овард: «Ҳинд ва Чин рӯи ҳам 2 500 000 000 (дувуним миллиард) ҷамъият доранд, 150 Худо ва 700 ақидаи гуногун доранд ва дар сулҳ зиндагӣ мекунанд. Аммо мусулмонон як Худо, як Пайғамбар, як дин ва як китоб доранд… Аммо хиёбонҳояшон сурх шуда, аз хуни якдигар! Қотилаш мегӯяд «Аллоҳу акбар!» ва ба қатлрасидааш ҳам мегӯяд «Аллоҳу акбар!» ва куштаҳои ҳар ду тараф «шаҳид» номида мешаванд». Фаромӯш набояд кард, ки ин гурӯҳҳо дар ҷомеаҳои мусулмонӣ хеле камшумор ҳастанд, вале ташвишовар он аст, ки бо таб­лиғи мубаллиғони худ, ақидаҳои ифротгароиро ба аксарият таҳмил карданӣ мешаванд, ки ҳеҷ гоҳ аз ҷониби ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ пазируфта намешаванд. Муҳим он аст, ки аксар мардум дарк менамоянд, ки дин аркони ибодати ҳар як фард буда, ҳеҷ гоҳ ба равандҳои ҷангҷӯёна ва қотилона созгор нест, баръакс китобҳои муқаддаси динӣ онро мазаммат намуда, иғвогарӣ, фиреби мардум, хиёнат ва қатлу кушторро вазнинтарин гуноҳ эълон доштаанд.

Дар маҷмӯъ, равандҳои сиёсии ҷомеаи муосирро таҳлил намуда, бояд иқрор гашт, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои амну субот собитқадамона пеш меравад. Дар баробари рукнҳои иқтисодӣ, аҳли илм ва маориф низ дар таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳмгузор мебошанд. Ҳоло Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ яке аз ниҳодҳои калидӣ дар самти таълиму тарбияи насли наврас буда, дар сиёсати иҷтимоии Давлату Ҳукумат ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд. Зимнан, вазифаи ҳар як омӯзгор ва мураббӣ аз он иборат аст, ки баробари таълими фанҳои тахассусӣ, бояд худогоҳ, ватандӯсту худшинос бошанд ва ба рамзҳои муқаддаси давлатӣ арҷгузорӣ намуда, насли наврас ва ҷавононро маҳз дар чунин рӯҳия тарбия намоянд.

Албатта, нақши зиёиёни мамлакат, алалхусус маорифчиёни кишвар, дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул, санъату ҳунар, таҳқиқи ҷашнҳои миллӣ ва эҳёи онҳо хеле арзишманд мебошад.

Пешвои миллат пайваста дар суҳбату вохӯриҳояшон бо аҳли зиёи кишвар таъкид менамоянд, ки хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ метавонанд яке аз хатарҳои ба ояндаи босуботи мардум таҳдидкунанда бошанд. Чунки маҳз хурофот ҳамчун бемории равонӣ омили асосии ба вуҷуд омадани андешаи маҳдуд ва умуман пеш нарафтани тафаккури созандаи мардум мегардад.

Маҳз дар ин замина аҳли зиёи кишвар, алалхусус олимони сиёсатшинос, файласуфҳо, ҳуқуқшиносон ва умуман ҷомеашиносон вазифадор гардидаанд, ки сабабу омилҳои зуҳури ақидаҳои хурофотӣ, шиддат гирифтани ифротгароии динӣ, оқибатҳои номатлуби зуҳуротҳои манфии ҷомеаро таҳлил намуда, роҳҳои аз байн бурдани онҳоро мавриди таҳқиқи амиқ қарор диҳанд.

Албатта, ҳама он ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимону донишмандон ва умуман аҳли зиёи кишвар дар ҷодаи омӯзиш ва таҳлилу таҳқиқи амиқи масъалаҳои муҳим дар раванди бунёди давлатдории миллӣ, ба хотири таъмини амният ва суботи ҷомеа, зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ва пеш аз ҳама, такрор нагардидани хатоҳои он рӯзҳои сахту вазнини халқи тоҷик дар оянда мебошанд.

Ҳамин тариқ, ба хулоса омадан мумкин аст, ки масъалаи таълиму тарбия, худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз муҳимтарин заруратҳои давлатдорӣ буда, барои пешгирӣ аз ҳар гуна таблиғи идеологияи бегона тадбирҳои ­зеринро андешидан лозим аст:

- баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо миёни ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бо намояндагони аҳли зиё, фарҳангу маориф ва ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ;

- таблиғи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ дар байни аҳли ҷомеа ва мактабу маориф;

- ҳамкории аҳли ҷамоатчигӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат бар зидди идеологияи ифротгароӣ ва бегонапарастӣ;

- таъмини амнияти миллӣ бо роҳи омӯзиши амиқи таърихи миллат, дарки воқеияти саҳву хатоҳо дар гузаштаи таърих ва дар ин замина ба зеҳни ҷавонон ҷой намудани ҳисси эҳтиром ба арзишҳои волои миллӣ;

- амалӣ намудани сиёсати давлатии ҳифзи иттилоот дар ҷумҳурӣ ва ташвиқу тарғиби фарҳанги истифодабарии сомонаҳои интернетӣ;

- ҷалби коршиносони масоили сиёсӣ ва ходимони дин дар мавриди ошкор сохтани ғаразҳои нопоки сиёсии гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он ба ҷомеа.

Файзалӣ ШАРИФЗОДА,

сардори Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,

 генерал — майори милитсия