Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон расман маъракаи оммавии мубориза бо коронавирус анҷом ёфта бошад ҳам, мушкилоти вобаста ба пандемия ҳанӯз аз байн нарафтааст. Хурӯҷи такрории бемории сироятӣ дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Навоӣ ва Қашқадарё Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо пандемияи коронавирусро водор намуд, ки реҷаи карантинро то 15-уми июн тамдид созад. Ҳоло дар маҷмӯъ, беш аз 40 шаҳру ноҳияи Ӯзбекистон дар минтақаи «сурх», яъне аз лиҳози хурӯҷи коронавирус хатарнок қарор дошта, вазъи эпидемиологиашон ташвишовар арзёбӣ мегардад. Масъулин изҳор намуданд, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон тасмими сабук гардонидани меъёри карантиниро нодуруст фаҳмиданд. Ин аст, ки аксарияти сокинон дар кӯчаҳо бе ниқоби тиббӣ мегарданд, фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд, баъзеҳо чорабинӣ гузаронида истодаанд.
Бино ба хулосаи намояндагони Вазорати тандурустии Қазоқистон, ин кишвар фасли тирамоҳ бо мавҷи дуюми хурӯҷи коронавирус метавонад рӯ ба рӯ шавад.
Айнан ҳамин гуна хулоса аз тарафи вирусологҳои Чин низ баён гардид. Ба андешаи онҳо, афроди паҳнсозандаи беморӣ бе нишонаҳои хоси коронавирус, ниҳоят хатарнок мебошанд. Барои мисол, пас аз мусбат баромадани тести 2 донишҷӯ, ки ягон аломати хоси коронавирус (ҳарорати баланд, сулфаю атсазанӣ, душворӣ дар нафаскашӣ ва ғайра)-ро надоштанд, табибон онҳоро дар ҳуҷраи алоҳида ҷойгир намуданд. Се соат ташхис нишон дод, ки аз 22 намунаи барои озмоиш гирифташуда (дастаи дар, пулти телевизор, мушак ва ҳарфчинаки компютер, телефони мобилӣ, ҳароратсанҷ, дастакҳои обкушоӣ дар ванна, барқхомӯшкунак ва ғайра) дар 8- тои онҳо тести коронавирус пурра мусбат аст.
Аз ин лиҳоз, ба назар гирифтани таҷрибаи кишварҳои минтақа дар ин масъала аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»