Ашъори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ як ҷаҳон маъниро дар худ ғунҷондааст. Номбурда дар таърихи фарҳангу адаби мардуми форсу тоҷик мақому мартабае дорад, ки ҳеҷ аҳаде ба ин поя нарасида. Ӯ дар ин маврид мефармояд:
Ба бӯстон рав, ки аз булбул тариқи ишқ гирӣ ёд,
Ба маҷлис ой, к-аз Ҳофиз сухан гуфтан биёмӯзӣ.
Баҳори хуррам дар шеъру ғазалиёти Ҳофиз бо таровату зебоиҳои муъҷизаосояш васф гардида. Дурахши офтоби тобон, моҳи мунир, таровати насим, бӯйи гулу пудинаву райҳон, садои тундар, гиряи абри саморо чун дурру марҷон суфта, ба риштаи назм кашида.
Ин аст, ки дар «Девони Ҳофиз» зиёда аз 100 ғазали наврӯзӣ мавҷуд мебошад:
Зӣ кӯи ёр меояд, насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Дар ин ғазали машҳур як силсила мафҳумҳои марбут ба Наврӯзро баромехта, ба аҳли маънӣ ва маориф ҳушдор медиҳад. Ба қавли Ҳофиз чор бод ва ашё аз тарафи Офаридгор чун туҳфа ба насли башар ато шудааст: Инҳо бодҳои самум, шимол, ҷануб, сабо буда, боди сабо аз ҷониби дӯст, аз кӯи ёр – Офаридгор аз биҳишт меояд. Чор ашё - абрешим (кирми пилла), мушку анбар (нофаи оҳу), асали мусаффо-наҳл (занбӯри асал) ва баҳори хуррам мебошад.
Офаридгор дар «Қуръон»-и маҷид ба бандагон ҳушдор медиҳад:
- «Аз шиками ин занбӯрон ошомиданӣ бармеояд, ки рангҳои он гуногун ва дар ошомидани он шифо аст. Ва Парвардигори ту ба сӯйи занбӯрон илҳом фиристод, ки аз кӯҳҳо аз дарахтон ва он чӣ мардумон бино мекунад, хона бисозанд. (Сураи Наҳл. ояти 67-68). Ва дар сураи «Муҳаммад» мефармояд: «Ва ҷӯйҳои асосӣ, аз шир ва ҷӯйҳои асали софкарда, барояш аст: (ояти 15).
Дар тафсири Мавлоно Кавкабӣ, қарни XV-XVI: бо номи «Ҷавоҳири қалб» ба «Куллиёт»-и Хоҷа Ҳофиз чунин омадааст:
Сухан дар парда мегӯям чу гул аз парда берун оӣ.
«Мурод аз дар парда сухан гуфтани Хоҷаи бузург, ишора ба насимест, ки субҳ вазида даҳони ғунчаро во мекунад ва малоике, ки миёни гул хуфтааст, аз пардаи гул, ки қабои рангин ба бар кардааст, берун меояд. Ин манзара ба дидан насиби ҳама намегардад. Аз ҷониби дигар, сухани олами ғайб дар парда аст, инак ман он сухан мегӯям, ту аз парда (ишора ба пиндошти олами фонӣ) берун ой ва бубин ин оламро чӣ рангест зебо».
Сухани Офаридгор аст: «Ӯст он Худое, ки ҳеҷ маъбуде нест, магар ӯ донандаи пинҳону ошкоро, Ӯ бахшояндаи меҳрубон аст». (Сураи ҳашр. ояти 22).
«Пас, кадом як неъматҳои Парвардигорро дурӯғ мешуморед. (Сураи «Ар-раҳмон. ояти 30).
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.
Муҳаммади Қазвинӣ чунин навиштааст: «Маънии ин таъбир иборат буда аз подшоҳ ё ҳокими муваққатӣ, ки собиқ дар Эрон расм буда, дар айёми иди Наврӯз маҳзи тафреҳи умумӣ ва хандаву мазҳака ӯро бар тахт менишониданд ва пас аз инқизои айёми ҷашн салтанати ӯ низ ба поён мерасад».
Ин ғазали дилнишину дилошӯбро овозхонҳо ва мутрибони чирадаст оҳанг баста, бо як эҳсоси баланд иҷро мекарданд.
Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим онро бо сӯзу гудоз месуруд. Дигар сарояндагон, аз ҷумла, Хаёл, Аҳмад Зоҳир ва Муҳаммад Ризо Шаҷариён низ онро ба барномаи ҳунарӣ дохил карда буданд.
Исматуллоҳи Яъқубзод, рӯзноманигор