Кинаҷӯйӣ, худро зӯр пиндоштан, ҳисси интиқом, қонуннописандӣ ва кибр аз сабабҳоеанд, ки чанд соли охир ба кордкашиву авбошӣ дар байни мактаббачагон боис гардид.
Дар ин бора батакрор гуфтанду аъмоли зишти бадкирдорон аз тариқи шабакаҳои телевизион намоиш дода шуд. Вазорати корҳои дохилии кишвар низ чанд дафъа амалиёти «Корд» гузаронида, ҷавононеро, ки силоҳи сард мегардониданд, ба ҷавобгарӣ кашид. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ масъулини бахшу раёсатҳои корҳои дохила суҳбату вохӯрӣ доир намуда, оқибати ба ҷиноят даст задани мактаббачагонро шарҳ доданд. Афсӯс, ки ҳанӯз ҳам ба ин навъи ҷиноят даст задани ҷавонон ба мушоҳида мерасад.
Бистуми декабри соли 2019 Суди шаҳри Душанбе дар маҷлиси кушоди судӣ парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Қурбонов Убайдулло Бежанович, санаи таваллудаш 20 марти 2001, зодаи шаҳри Душанбе, тоҷик, донишҷӯи бахши якуми факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, муҷаррад, истиқоматкунандаи ноҳияи Синоро, ки қаблан суд нашудааст, дар содир намудани ҷинояти бо моддаҳои 104 қисми 2 банди «к» ва 237 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда баррасӣ намуд.
Муайян гардид, ки У. Қурбонов субҳи ҳаштуми октябри соли 2019 ҳангоми бо дӯстонаш — Шаропов Кабир Орифҷонович ва Ғафурзода Абдухолиқ Аброр ба самти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рафтан дар дохили микроавтобуси хатсайри №19 бо ҳамсинфаш Ғайбуллоев Давлат Абдусатторович ва дӯсти ӯ Фозилов Дилмурод Сироҷович вомехӯрад. Азбаски У. Қурбонов нисбат ба Д. Ғайбуллоев кина дошт, онро ёд оварда, пурсон мешавад, ки барои чӣ ӯро дар ҳузури дигарон дашном додааст. Баъди чанде радду бадал У. Қурбонов ба хашм омада, талаб мекунад, ки аз мошин фуромада, масъаларо «ҳал» кунанд.
Сипас, У. Қурбонов ва дӯстонаш К. Шаропов ва А. Ғафурзода аз микроавтобус фуромада, бо ишора Д. Ғайбуллоев ва дӯсти ӯ Д. Фозиловро низ дар назди чароғаки роҳнамои кӯчаи Борбад 41 ва буриши кӯчаи Чортути ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба фуромадан даъват мекунад. Худаш бо К. Шаропов ба тангроҳаи самти кӯчаи Чортут даромада, аз ҷайб корди механикии «Финка»-ро берун меорад. Д. Ғайбуллоевро таҳқир мекунад. К. Шаропов бо мушт ба рӯи Д. Ғайбуллоев мезанад. Баъд Д. Ғайбуллоев ба К. Шаропов дармеафтад ва ӯро аз пойҳо ва миёнаш медорад. Дар ин ҳангом Д. Фозилов бо мақсади ёрӣ ба Д. Ғайбуллоев ба К. Шаропов ҳамла мекунад. Ин ҳолатро дида, У. Қурбонов зуд тугмаи кордро пахш карда, ба тарафи онҳо барои кумак ба К. Шаропов ҳамлавар мешавад. Д. Фозилов мехоҳад ӯро занад, вале У. Қурбонов бо истифода аз корди дасташ ба қафаси синааш зарбаи сахт мезанад, ки ин боис ба ҳалокат расидан гардид. Корди олудаи хунро дида, аз тарс зуд ба ҷониби К. Шаропов мегӯяд, ки «зудтар гурезем, ки ҳаётамон сӯхт».
У. Қурбонов аз тарси кирдори содирнамудааш гурехта, ба шаҳри Кӯлоб меравад. Бехабар аз он ки ҳар ҷое бошад кормандони милитсия ӯро меёбанд.
Мувофиқи хулосаи тиббӣ-судии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судӣ, дар бадани Д. Фозилов ҷароҳати халидаю буридаи воридшавандаи қафаси сина аз тарафи чап бо хатти назди шуш бо гузариш дар байни қабурғаҳои 5-6-ум бо ҷароҳатёбии меъдачаи рости дил ва хунравии шадиди беруна ва дарун муайян гардида, сабаби марги ӯ шудааст.
Ҳамин тариқ, Қурбонов Убайдулло Бежанович барои ҷинояти содирнамуда бо моддаҳои 104 қисми 2 банди «к» ва 237 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо моддаи 104 қисми 2 банди «к» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол, бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин гардид.
Дар асоси моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ҷазои ниҳоӣ ба Қурбонов Убайдулло Бежанович дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 24 (бисту чор) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин шуд.
Мутобиқи талаботи сархатҳои 3 ва 4 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25-уми октябри соли 2019 таҳти №1648 муҳлати ҷазои адонагардидаи Қурбонов Убайдулло Бежанович аз чор як ҳисса кам карда шуд. Бо вуҷуди ин, ӯ 18 соли умрашро дар кунҷи зиндон сипарӣ хоҳад кард. Магар меарзад ба хотири хусумате нисбат ба ҳамсол, ки гӯё замоне туро дашном додааст, ин қадар сол аз озодӣ маҳрум шавӣ?
Шарафҷон НАРЗУЛЛОЗОДА, судяи Суди шаҳри Душанбе,
М. УСМОН, «Садои мардум»