Худкардаро даво нест

№147 (4097) 07.12.2019

(Памфлет)

23116652_1500082356734725_7037711268074433415_oМану Ҳасан ҳамкорем. Дар як ҳуҷра рӯ ба рӯи ҳам мешинем, ба корҳои ҳамдигар ёрӣ мерасонем, ба ҳарфи дили ҳамдигар гӯш мекунем, нисфирӯзӣ якҷоя хӯрокхӯрӣ меравем. Хулоса, бо ҳамдигар унс гирифтаем.

Рӯзи маошгирӣ бароямон ид аст. Пул мушкиламонро осон мекунад, як соат ҳам бошад, дами беғам мезанем…

Он рӯз маош гирифтем. Ҳасан бо ҳавас пулҳояшро ба ҷайбаш андохту гуфт:

- Ҳамин телефони шалақи аз даврони дақиюнус монда ба дилам зад. Биё, барои ман ягон телефони беҳтар харем.

Ба дӯкони телефонфурӯшӣ рафтем. Ҳасан телефони хушсохти «самсунг»-ро интихоб кард, ки нархаш 1200 сомонӣ буд. Вай ин тараф он тарафи телефонро бодиққат аз назар мегузаронду дам ба дам ба ман нигоҳ мекард.

- Чӣ ба ман нигоҳ мекунӣ, маъқул шуда бошад хар! — гуфтам.

- Мехаридаму…, — забон хоид ӯ, — аммо пулам намерасад, — ва дарҳол илова кард: — агар ту қарз медодӣ, хушҳол мешудам.

Сесад сомонии роҷеулнақдро ба дасташ додам. Ҳасан телефонро хариду ба сӯи истгоҳ рафтем. Он ҷо одами зиёд интизори мусофиркаш буданд ва бо омадани яке аз онҳо ба «ҳуҷум» мегузаштанд. Ману Ҳасан ҳам ба чанд мошини мусофиркаш муташаккилона «ҳуҷум» кардем ва оқибат муваффақ шудем. Аммо ҳис мекардем, ки дар салони мошин ҳаво намерасад, бар замми ин намедонистем, ки поямон дар куҷо асту дастҳоямон дар ҳаво чӣ меҷӯянд. Хулоса, ҳоли дигарон ҳам нағз набуд.

Вале ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст мегӯянд, ки ҳам ҳақ асту ҳам рост.  Мо ҳам бо ишора мақсади ҳамдигарро фаҳмидему чун ҳунарпешаҳо ба нақш бозидан сар намудем.

- Кай аз маҳбас баромадӣ? — пурсидам аз Ҳасан.

- Як ҳафта шуд.

- Чанд сол шиштӣ?

- Панҷ сол.

- Наход барои ду – се сӯм дуздидан дар мошинҳои мусофиркаш  панҷ сол ҳабс кунанд?

- Рӯзӣ надорам, дар мусофиркаше даҳ сомонии духтаракеро озор надода гирифтаму панҷ сол шиштам.

- Акнун тавба кардагистӣ?

- Эҳа, дар маҳбас як ҳунарҳое ёд гирифтам, ки барои амалӣ карданашон мошинҳои мусофиркашонӣ камӣ мекунанд.

Ҳамин вақт ҳис кардам, ки роҳат нафас мекашаму дасту поям низ озод аст. Мақсади мо ҳам ҳамин буд, ки бемалол то хонаҳоямон равем. Ба давру барам нигоҳ кардам, одамон ҳамдигарро тела додаву худро ба ҳам часпонда, аз мо дуртар мешуданд. Ману Ҳасан акнун метавонистем бемалол суҳбатамонро идома диҳем.

Зане сумкачаашро сахт ба бағалаш фишурда, ба мо бо ҳарос менигаристу дуртар шудан мехост. Аз чор тараф чашмҳо ба мо менигаристанд. Агар бо дастамон ҳаракате кунем, он бечораҳо низ ба ҳаракат медаромаданд ва аз дастони мо чун аз бало ҳазар мекарданд. Вақте Ҳасан дасташро ҷунбонд, зане ба нолиш даромад:

- Э вое, ин чӣ рӯзи сиёҳ буд?! Чаро ба ин мошин савор шудам?

Мо инро мушоҳида мекардему худро дар авҷи «шуҳрат» медидем. Суҳбатамон метасфиду корнамоиҳои Ҳасан мошини мусофиркашро ба ларза меовард.

Ногаҳон садои духтараке суҳбати моро қатъ карду мусофиронро ба худ овард:

- Телефонам нест! Телефонамро дуздидаанд!

Чашмҳои пур аз нафрату изтироб бо теғи нигоҳ моро ҳадаф қарор доданд. Ману Ҳасан низ аз гап мондем.

- Пулҳои ман ҳам нест! — садои мардонае ба гӯшамон расид ва торҳои вуҷудамонро ба ларза даровард. Мо, ки то ин замон лоф мезадем, худро гунаҳкорони бегуноҳ медидем.

- Як тараф истед! — садои омиронаи марде баланд шуд ва дар пеши чашми мо симои ду ҷавонмарди ҳузарб пайдо гашт. Яке аз онҳо, ки панҷаҳояш холкӯбӣ дошт, ба Ҳасан рӯ овард:

- Телефони духтаракро барор!

- Кадом телефони духтаракро! — ба шӯр омад Ҳасан, — ман телефони касеро нагирифтаам!

- Рост мегӯяд! – ба миён даромадам ман.

- Хап кун, дузд! — дасти пурқуввате аз пушти гарданам маро ба замин фишор дод. Ҳарчанд доду фиғон кардам, аз одамон ёрӣ хостам, ҷуз танбеҳу таҳқир дигар чизе нашунидам.

- Ин телефонро нав аз магазин харидам, — телефонашро баровард Ҳасан, — ана, ҳуҷҷатҳояш.

Он мард телефонро аз дасти Ҳасан кашида гирифту ба он духтар нишон дода, пурсид:

- Ҳамин телефонро гум кардӣ?

- Худи худаш, акаҷон, нав аз мағоза харида будам. Бинед, ки ҳуҷҷатҳояш дар ҷояш?

- Дар ҷояш! — гуфт он мард ва телефони Ҳасанро ба он духтар дод.

- Ҳой, бародар! — фиғони Ҳасан мошинро сахт ларзонд, вале давоми гапашро гуфта натавонист, зеро муште  ба дамгаҳаш хӯрд.

- Пулро барор!, — ба ман рӯ овард мард.

- Кадом пулро?! — овоз баровардам, вале дарҳол мисли Ҳасан аз забон мондам.

Он мард аз ҷайбам пулро гирифта, ҳисоб кард:

- Шашсад сомонӣ гум карда будӣ? — пурсид аз касе.

- Бале, шашсад сомонӣ, — базӯр ба гӯшам даромад овозе.

- Ма, пулатро гир!

Ғавғои занҳо баланд шуд:

- Хайрият, мисли шумо мардҳои ҳақиқӣ будаанд, вагарна ин дуздҳо тамоми пулҳои моро ғорат мекарданд.

- Э, мардак нашуда равед, ба шумо ҳатто либосҳои мо намезебад…

Дашному нафрати мусофирон ба сарамон мисли борони сарди тирамоҳ мерехт.

- Ором шавед!, — садо баланд кард он мард. Овози мусофирон дар гулӯяшон ях баст.

- Парво накунед! – мард ба сухан даромад, — ҳар куҷое мо бошем, дасти ин гуна дуздакони беҳунар ба шумо намерасад.

Мусофирон намедонистанд ба он қаҳрамонон чӣ гуна изҳори миннатдорӣ кунанд.

- Пулҳоятонро эҳтиёт кунед!, — гуфт дар ниҳоят он мард, — мо ба макони худ расидем.

- Истед, бародар! — зане бо нафрат ба мо нигоҳ карда, он мардро нигоҳ дошт, — ин дуздаконро ҳам фароред!

- Хуб шудааст, – итоаткорона табассум кард мард ва моро бо ёрии мусофирон аз мошин берун кард. Аммо то фаромадан чанд мушту лагад низ насибамон гашт.

Рӯи хараки истгоҳ шалоқхӯрдаву беҳол ману Ҳасан канори ҳам нишастем. Чашмамон ба ҳамон марди хайрхоҳи мусофирону духтараки телефон ва шахси пулгумкарда афтод, ки бо ҳам суҳбат мекарданду механдиданд. Лаҳзае пас онҳо ба сӯи мо нигаристанд. Мард дасташро мушт карда, нарангушташро бардошта ба мо нишон доду он духтар бӯсае ҳавоӣ ба сӯямон фиристод ва сипас ба мошини мусофиркаше нишаста, аз мо дур шуданд.

Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ…

ВОРИС, «Садои мардум»