Дар арафаи Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ хабарнигори рӯзнома бо вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.
- Ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат — аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат ноил шудем. Табиист, ки дар ин самти ҳаётан муҳим ҳанӯз корҳои зиёдеро анҷом додан лозим меояд. Бинобар ин, дар «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030» аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан яке аз ҳадафҳои асосӣ ба шумор меравад. Дар ду соли татбиқи ин стратегия кадом корҳо анҷом ёфтанд?
- Бамаврид аст қайд намоям, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 2000 километр роҳи автомобилгард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар бо харҷи 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дастуру супоришҳои Сарвари давлат масъулияти кормандони соҳаро дучанд гардонд. Мухтасар мегӯям, ки дар ду соли охир, бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани ҷумҳурӣ таҷдид ва азнавсозии қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард, ки тавассути онҳо долонҳои байналмилалии нақлиётӣ мегузаранд, амалӣ шуд.
Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ ба 33 кишвари хориҷи дуру наздик интиқоли бору мусофирро ба роҳ мондааст. Бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли автомобилӣ, ҷиҳати рушди муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ, бастани созишномаҳои нави дуҷониба дар назар аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 ширкати нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар самти байналмилалӣ фаъолият мекунанд.
- Ба наздикӣ фаъолияти вазорат дар шаш моҳи соли равон ҷамъбаст гардид. Хоҳишмандам роҷеъ ба натиҷаҳои дар ин давра бадастомада мухтасар маълумот диҳед.
- Дар ин давра бо нақлиёти автомобилӣ 8 млн. 683,5 ҳазор тонна бор интиқол дода шуд. Ҳаҷми боркашонӣ ва гардиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 12,4 фоиз афзоиш ёфт. Содироти меваю сабзавот, аз ҷумла пиёз 6,2 баробар, мевагӣ 73,1 фоиз, зардолуи хушк 2,3 ва писта 3,1 баробар зиёд шудааст. Инчунин, ба 132 млн. 577,8 ҳазор мусофир хизмат расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 7,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар ҷумҳурӣ 832 хатсайри мусофирбарӣ, аз ҷумла 163 шаҳрӣ, 544 наздишаҳрӣ, 123 байнишаҳрӣ ва 2-то байналмилалӣ амал мекунанд. Дар бозори хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ 1412 субъекти хоҷагидор, аз ин 214 корхонаи нақлиётӣ, 49 терминали мусофирбарӣ, 11 терминали боркашонӣ, 1054 нуқтаи хизматрасонии техникию таъмири воситаҳои нақлиёт ва 84 қароргоҳи нақлиётӣ фаъолият менамоянд.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт 826 иҷозатнома додааст, ки аз ин нишондиҳанда ба нақлиёти автомобилӣ 742 адад, корхонаҳои нақлиётӣ — 52, хоҷагии роҳҳо — 26 ва роҳи оҳан 6 адад рост меояд.
- Ҳамакнун чанд лоиҳа мавриди татбиқ қарор дорад?
- Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 641 млн. 237 ҳазор доллари ИМА тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ ва 459 млн. 299,7 ҳазор доллари ИМА тибқи қарордодҳои имзошуда, мавриди татбиқ қарор доранд. Аз ин теъдод 10 лоиҳа ба соҳаи роҳдорӣ рост омада, 88,8 фоизи (569 млн. 244 ҳазор доллари ИМА) маблағи лоиҳавиро ташкил медиҳанд.
Барои мисол, лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара» бо дарозии 67,7 км ва харҷи 54,0 млн. доллари ИМА моҳи июни соли 2016 оғоз гардид. Дар доираи лоиҳаи мазкур, қитъаҳои Гулистон — Исфара 18,2 км, Исфара-Ким 13 км (бо таҷдиди 1 пул бо дарозии 18 метр) ва Конибодом-Патар 5,7 км (бо сохтмони 4 адад пули 93 метра ва таҷдиди 2 пул бо дарозии 34 метр) ба анҷом расида, 27 июни соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.
Дар доираи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода, роҳ аз назди пайкараи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (ғайр аз чорроҳаи шаҳраки 82)» таъмир шуда, то якуми июли соли 2018, 9,94 млн. доллари ИМА аз худ карда шудааст, ки 18,1 фоизи маблағи умумилоиҳавиро ташкил дода, 38,0 фоизи корҳои сохтмонӣ иҷро шудаанд.
Тавассути татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе – Қӯрғонтеппа (марҳилаи 1)» то якуми июли соли ҷорӣ 15,367 млн. доллари ИМА аз худ шудааст. Дар нимсолаи якуми соли 2018 корҳои лоиҳакашӣ ва омодагӣ дар лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ (сохтмони 18 пул дар ноҳияҳои ВМКБ)» идома дорад. Дар баробари татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ барои 28 иншоот 14 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.
- Дар яке аз суҳбатҳо гуфта будед, ки нигоҳдории роҳ аз бунёду таҷдиди он мушкилтар аст.
- Бале. Дар нимсолаи якуми соли 2018 аз буҷети ҷумҳуриявӣ 27122,5 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 1531,6 ҳазор сомонӣ барои нигоҳдории роҳ ҷудо гардид. Ғайр аз ин, бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ дар чанд минтақаи ҷумҳурӣ ба маблағи 5032,0 ҳазор сомонӣ таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он иҷро гардидаанд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2017-ум 4,1 фоиз зиёд аст. Дар маҷмӯъ, бо истифода аз ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ таъмири 248,9 км роҳ (аз ин асфалтпӯш 54,4 км ва шағалпӯшкунӣ 194,5 км), таъмири ҷорӣ 3937,9 км, таъмири 60 пул ва нигоҳдории нақбҳо ба маблағи 248,8 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид.
- Дар натиҷаи офатҳои табиӣ имсол чанд километр роҳ зарар дид?
- Моҳи майи соли ҷорӣ дар натиҷаи селфароӣ ба роҳҳои автомобилгарди байналмилалии Душанбе-Кулма (мавзеи Яхчипун), Бохтар-Данғара (мавзеи Саргазон), Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ (километрҳои 80,102) , Айнӣ-Панҷакент, Душанбе — Бохтар-Дӯстӣ-Панҷи Поён, Қизилқалъа – Ҷарбуҷа ва роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи ноҳияҳои Ш. Шоҳин, Фархор, Данғара, Ҷомӣ, Хуросон, Вахш, Ҷ. Балхӣ, Варзоб, Рӯдакӣ, Ҷ. Расулов, Деваштич, шаҳрҳои Панҷакент ва Ваҳдат хисорот расид. Тибқи маълумотҳои пешакӣ ба 36,2 км роҳ, 14 пул ба маблағи 7 млн. 454 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.
- Мушкилоти асосии соҳа кадомҳоянд?
- Мушкили асосие, ки имрӯз пайи ҳалли он ҳастем, мавҷуд набудани шумораи зарурии корхонаҳои нақлиётӣ дар минтақаҳои Кӯлоб, Рашт ва ВМКБ мебошад.
Ҷавобгӯйи талабот набудани ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории сохтмон, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта баён гардидаанд, андешидани тадбирҳои заруриро талаб мекунад.
Талаби пардохти андоз аз лоиҳаҳо низ боиси ташвиш аст. Сарфи назар аз тасдиқ гардидани созишномаҳои молиявӣ бо шарикони рушд оид ба маблағгузории лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони мақомоти андоз мушкилӣ эҷод менамоянду барои исботи озод будани лоиҳа (пудратчиён ва машваратчиёни байналмилалӣ) аз пардохти андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайр аз андози даромад ва андози иҷтимоӣ) вақти зиёд сарф мешавад.
Мушкили рақами яки соҳа гузариши мошинҳои гаронвазн аз роҳҳои автомобилгард мебошад, ки боиси вайрон гардидани роҳу пулҳо гардида, маблағи онро касе ҷуброн намекунад.
- Шунидем, ки Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст…
- Бале, ин ҳуҷҷат аз ҷониби мутахассисон таҳия гардид ва айни ҳол ба вазорату идораҳои дахлдор барои мувофиқа ирсол шудааст. Умед дорем, ки охири сол мавриди баррасии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегирад.
-Вобаста ба талаботи рӯзафзуни аҳли ҷомеа ба нақлиёт, хизматрасонии нақлиётӣ низ ба дигаргунӣ ниёз дорад. Оё дар оянда бунёди хатти ҳаракати трамвай ва метро дар назар дошта шудааст? Илова бар ин, имкон ҳаст, ки дар самти шаҳру навоҳии Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ ва Ваҳдат ҳаракати троллейбус ба роҳ монда шавад?
- Дар «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, таҳти № 165 тасдиқ шудааст, оид ба ин масъала омадааст: «Афзоиши теъдоди мусофирон бо дарназардошти афзоиши табиии аҳолӣ тақозо менамояд, ки дар давраи дарозмуҳлат дар самтҳои атрофии пойтахт – шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ хатҳои наздишаҳрии троллейбусҳо ба роҳ монда мешаванд».
Бояд дарк кард, ки кашидани хатти троллейбус маблағу муҳлати муайянро талаб мекунад ва дар Барнома ҳам бо ин мақсад давраи «дарозмуҳлат» нишон дода шудааст. Барои кашидани хатти троллейбус, симчӯбу кабел, васли трансформаторҳо, ташкили парки троллейбусҳо лозим аст. Мувофиқи барнома иҷрои ин лоиҳа ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикршуда вогузор шудааст ва якҷо бо дигар ниҳодҳо мавриди омӯзиш қарор дорад.
- Вақтҳои охир дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ба нақлиёти барқӣ таваҷҷуҳ кардаанд. Дар Ҷумҳурии Қирғизистон соли ҷорӣ барои харидорӣ ва мавриди истифода қарор додани электромобил ҳукумати мамлакат қарор ба тасвиб расонд. Оё имкон ҳаст, ки истифодаи нақлиёти барқиро ба роҳ монем?
- Электромобил нақлиёти оянда аст. Айни замон нархи электромобилҳо ва ташкили хизматрасонии онҳо хеле гарон мебошад. Боварӣ дорам, ки дар оянда чунин нақлиёт дар роҳҳои мо низ пайдо мешавад.
Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»