Тавсияҳои созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ
- Бо даст салом накунед, ҳангоми вохӯрӣ аз бӯса ва оғӯш кардани якдигар худдорӣ намоед. Беҳтар аст бо табассум, бо ишораи сар ё бо сухан салом гӯед.
- Дар масофаи на кам аз 1,5 метр аз ҳам дур истед.
- Ба даҳон, бинӣ ва чашмҳо даст нарасонед. Зеро аз даст вирус ё бактерияҳо ба пардаҳои луобӣ зуд ворид мешаванд.
- Дар автобус, микроавтобус ва таксӣ чизе нахӯред.
- Бо худ салфетка ё моеъҳои антисептикӣ гирифта гардед. Ҳангоми баромадан аз дохили нақлиёт ё биноҳо дастони худро бо онҳо тоза намоед
- Аз шахсони бемор дар масофаи ду метр дуртар истед
- Ҳангоми аз хона баромадан ҳамеша бо худ гарданпеч ва дастмол бигиред, зеро дар ҳама гуна вазъияти шубҳанок бо онҳо метавонед рӯи худро пӯшонед.