Иқдоме, ки ҳама ҷодаро барои ҳунармандон боз кард

№70 (3864) 07.06.2018

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ифодагари худшиносиву таваҷҷуҳи беандоза нисбат ба арзишҳои миллӣ аст. Зеро сайёҳӣ агар аз як сӯ дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳм гузорад, аз ҷониби дигар дар муаррифии арзишҳои миллӣ ва таъриху тамаддун нақши бориз хоҳад дошт. Ҳар сайёҳе, ки қадам ба мамлакат мегузорад, мафтуни манзараҳои дилфиребу осори таърихӣ мегардад. Дар баробари ин, сайёҳон бо ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кулолгарию дӯзандагӣ, ресандагиву қолинбофӣ, адрасбофию атласбофӣ ва ғайра ошно мешаванд, ки барои ҳунармандон манфиатбахш аст.

«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷаҳиши бузурге дар ин самт маҳсуб шуда, баъд аз ин иқдоми Сарвари давлат ба тани ҳунармандон хуни тоза дамид ва метавон гуфт, ки ҳама ҷода барояшон боз шуд. Акнун косибону ҳунармандон метавонанд офаридаҳояшонро дар ҳамбастагӣ бо суннатҳо ва фарҳанги муосир эҷод кунанд. Агар ба нақшҳои адрас ва қолин таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки хусусиёти ҳар давру замонро таҷассум мекунанд. Дар ҳар нақши офаридаи ҳунармандон таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ инъикос ёфтаанд.

Мардум бо ҳунарҳои миллӣ аз қадим шуҳратёранд ва ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили бофандагиву коркарди фулузот ва кулолгарӣ, ки хусусияти меросӣ – оилавӣ доранд, аз насл ба насл мегузаранд. Инчунин, хусусияти хосро соҳибанд, ки моро аз дигар халқияту миллатҳо фарқ мекунонанд.

Имрӯз косибону ҳунармандони тоҷик имкону тавоне доранд, ки бо офаридаҳои хеш талаботи ҳамватанону меҳмононро қонеъ созанд. Сӯзаниву нақшпартоии ҳунармандон миёни хориҷиҳо маҳбубияти хоса пайдо кардааст. Ҳунарманди имрӯза дар ҷодаи эҷод озод аст ва маҳз чунин озодиву имтиёз ба ӯ имкон фароҳам меорад беҳтару бештар маҳсулот офарад ва фарҳанги миллиро муаррифӣ намояд. Мебояд ҷиҳати муаррифӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ ташаббускор бошем. Ин иқдом имкон фароҳам меорад то сатҳи худшиносӣ баландтар гардад.

Гулизор ДАВЛАТОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаб — интернати миёнаи

махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев