Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (ИАТА) бо мақсади пешбурди гуногунии гендерӣ дар соҳаи авиатсия иқдомеро таҳти унвони «25 ба 2025» роҳандозӣ намудааст.
Бо амалисозии он шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ё дигар вазифаҳо ба ҳадди 25 фоиз нисбат ба нишондиҳандаҳои кунунӣ то соли 2025 зиёд мегардад. Қадамҳои аввалин дар татбиқи барномаи мазкур моҳи майи соли ҷорӣ дар форуми махсус, ки ИАТА дар Париж мегузаронад, гузошта мешаванд. Тибқи омори расмӣ, айни ҳол танҳо 8 фоизи ҳавонавардон дар ҷаҳон зан мебошанд. Шумораи заноне, ки вазифаи директори генералиро дар соҳаи авиатсия ишғол менамоянд, 3 фоизро ташкил медиҳад.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон низ иқдоми мазкурро дастгирӣ кардааст. Дар ин хусус хадамоти матбуотии ширкати номбурда иттилоъ дод.
Директори генералии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Томас Ҳаллам муҳимияти иштирок дар иқдоми 25 ба 2025-ро чунин шарҳ дод: «Фикр мекунам, ки баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа беҳтарин иқдом мебошад. Ташаббуси мазкур андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамеша ба иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар аҳамияти хоса зоҳир мекунанд, инъикос менамояд. Муайянсозии мақом ва нақши зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои рӯзмарраи замони муосир мебошад. Дар ҳақиқат, занон зимни фаъолият аксар маврид ба монеаи ноаён, ба қавле, «шифти шишагӣ» (glass ceiling) бармехӯранд, ки расидан ба қуллаи муваффақиятро мушкил мегардонад. Воқеан ҳам монеаи асосӣ ин муносибати атрофиён мебошад. Айни замон пешбарии занон бояд ҳамчун як воситаи рушди устувори ҷомеа қабул карда шавад».
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»