Якуми апрели соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муносибати гусели нахустин гурӯҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат чорабиниҳои бошукӯҳ баргузор гардид.
Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир дар «Рӯзи даъватшаванда» ҷавонони зиёд ихтиёран ба комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳо омада, мехоҳанд қарзи шаҳрвандиашонро дар назди Ватан иҷро намоянд. Ин бесабаб нест, зеро дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ хеле беҳ гардидааст. Аз ин рӯ, ҷавонон бо азму иродаи қавӣ хизмати ҳарбиро адо намуда, сарбаландона ба назди волидонашон бармегарданд, ки ин мояи ифтихору сарфарозии ҳар як падару модар мебошад.
Дар чорабиниҳои имсола бахшида ба «Рӯзи даъватшаванда» раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва собиқадорони меҳнат дар мавзуи хизмат ба Ватан-Модар изҳори андеша намуда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва садоқатмандӣ ба давлату миллат ҳидоят намуданд. Аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба наваскарон либоси варзишӣ, ҳуҷҷати ронандагӣ, шаҳодатномаи кафшергари барқӣ, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо бо суруду таронаҳои рангину ҷаззоб хотири ҳозиринро болида гардонида, дар охир бо дуои неки падару модарон даъватшудагон ба қисмҳои низомӣ гусел шуданд.
Чун ҳарвақта нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имсол низ дар рӯзи аввал 100 фоиз иҷро шуд. Инчунин, ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод, Рашт, Муъминобод, Вахш, Хуросон ва Фархор низ нақшаи даъвати ҳарбиро дар рӯзи якуми даъват пурра иҷро намуданд.
Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 1-уми апрел дар саросари шаҳру ноҳияҳои мамлакат оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»