Мардуми Тоҷикистон, чун дигар мусалмонони кишварҳои ҷаҳон, иди Қурбонро рӯзи панҷшанбе — 24 сентябри соли 2015 таҷлил менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки 14 сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода — раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар Душанбе бо ҳузури имом — хатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ доир гардид, санаи таҷлили иди Қурбон тасдиқ шуд. Дар ин росто, рӯзи панҷшанбе аз соати 700 субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди Қурбон баргузор мегардад.
Дар ҷаласа ҳамзамон ба имом-хатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар дастур дода шуд, ки дар хутбаи намози ҷумъа, аҳкоми қурбонӣ ва тарзи дурусти анҷом додани маросими қурбониро ба мардуми кишвар фаҳмонанд. Инчунин таъкид гардид, ки дар оростани дастархони идона ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ роҳ надиҳанд. Дар ин масъала намояндагони уламои кишвар бояд барои мардум намунаи ибрат бошанд. Ҳамзамон дар ҷаласа расонидани кумаку хайрияҳо ба ятимон, бепарасторон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ки аз амалҳои неки ҳар фарди мусалмон аст, матраҳ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки иди Қурбон яке аз ду иди мардумони мусалмон буда, баъд аз ду моҳу даҳ рӯзи иди саиди Фитр таҷлил мешавад. Таҷлили иди Қурбон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли равон наздики шаш ҳазор нафар шаҳрванди кишварамон ба зиёрати Каъба ба Маккаи Мукаррама сафар намуданд.