Дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуот, ки воқеан яке аз ҷашнҳои бонуфузтарини касбӣ мебошад, бо иштироки намояндагони мақомоти давлатию ташкилотҳои байналмилалӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии созмонҳои журналистӣ, аз ҷумла Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, доир мешавад. Тибқи анъана, дар ин рӯз аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон як қатор тадбиру чорабиниҳои арзишманди рӯзноманигорӣ дар назар дошта шудааст, ки муҳимтарини онҳо эълони барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2012-ум мебошад. Ин мукофот дар чор бахш- соҳаи матбуот, радио, телевизион ва пажӯҳиши илмӣ супорида мешавад.
Ҳамчунон озмуни «Журналистони ҷавон», ки байни донишҷӯёни факултетҳои рӯзноманигории таълимгоҳҳои олӣ эълон шуда буд, озмуни «Дастрастарин мақомоту муассисаҳои давлатӣ», «Бозёфтҳои сол» ҷамъбаст мегарданд. Ба ифтихори Рӯзи матбуот ҳамзамон рӯзноманигорони арзанда, нафақагирону собиқадорони матбуот аз ҷониби вазорату корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуот «Маълумотномаи иттилоотӣ»-ро оид ба тамоми воситаҳои ахбори омма омода кардааст.
М.МИРЗОЕВА, «Садои мардум»