Субҳи рӯзи 18-уми сентябр дар майдони васати деҳаи наве, ки бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои осебдидагони деҳаҳои Ҳалқарфу Бедаки ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт дар як мӯҳлати кӯтоҳ бунёд гардидааст, мардуми зиёд аз тамоми деҳаҳои дуру наздик ҷамъ омада буданд. Онҳо бо он мақсад омаданд, ки шоҳиди лаҳзаи соҳиби хона гардидани оилаҳои зарардида бошанд ва дар ин лаҳзаи фараҳафзо онҳоро ҳамроҳӣ кунанду дар суҳбати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки тибқи супориши Президенти мамлакат барои супоридани калиди хонаҳо аз маркази ҷумҳурӣ ба ноҳияи Рашт омада буд, ширкат варзанд.
Зикр кардан зарур аст, ки сохтмони деҳаи нав ҳамагӣ ду моҳ идома ёфт ва дар ин муддат барои 45 оилаи зарардидагони офати табиӣ хонаҳои зебо, ки аз панҷ ҳуҷрагӣ иборат мебошанд, сохта шуд. Бо супориши Президенти мамлакат вазорату кумитаҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ тамоми таҷҳизоти зарурӣ, чунон ки мегӯянд; « аз сӯзан то қолину кӯрпаю кӯрпача, дегу табақ»-ро таъмин намуданд. Онҳо бо маводи ғизоӣ барои як сол таъмин карда шуданд.
Сарвазири мамлакат ибтидо аз майдони картошказор ва боғи хоҷагии деҳқонии «Наимӣ» дидан кард. Картошкапарварон лаҳзаи омадани ӯ ба ҷамъоварии ҳосил машғул буданд. Қоҳир Расулзода аз ҳосили ба дастовардаи картошкапарварон ва сербории дарахтҳои боғ изҳори қаноатмандӣ кард.
Суҳбатро раиси ноҳияи Рашт Қаноатшоҳ Лоиқзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Вай ба Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, мардуми шарифи кишвар барои дастгириҳои пайваста ва кӯмакҳои беғаразона аз номи сокинони ноҳия арзи сипос намуд.
Қоҳир Расулзода дар ибтидои суханронии хеш дуруду пайёми Президенти мамлакатро ба мардум расонид. Аз номи Сарвари давлат онҳоро бо иди қурбон табрик намуд.
ӯ иброз дошт, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар бисёр шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сокинони диёрамон зарар диданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо супориши Президенти кишвар барои аз байн бурдани харобаҳои аз офатҳо расида чораҳои саривақтӣ андешид. Дар маҷмуъ беш аз 203 оила бехонаву дар монд, ки 45-тоаш дар ноҳияи Рашт буд. Барои бунёди ин деҳа беш аз 6 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Роҳҳои вайрону валангор аз нав таъмир шуданд ва барои индеҳа роҳи нав сохтанд. Ин кори осон набуд. Ҳамаи ин аз бузургӣ ва ҳиммати баланду ғамхории Президенти мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Ба қадри ин ғамхориҳо расиданамон лозим.
Дар бораи таъмини оилаҳои зарардида бо таҷҳизот ва маводи ғизоӣ нафаре андеша накарда буд. Ҳатто аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳам. Президенти мамлакат бо вуҷуди серкорӣ ин масъаларо фаромӯш накард. Ҳама чизро ба ҳисоб гирифт.
Ман ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла мардуми заҳматдӯсти ноҳияи Рашт, ки ба зарардидагон ёрӣ доданд, миннатдории Ҳукумати ҷумҳуриро мерасонам.
Имрӯз майдони картошказор ва боғҳои сарбаборро дида хурсанд шудам. Меҳнати софдилона ва бунёдкоронаи сокинони ноҳияи Рашт гувоҳи он аст, ки шумо аз сиёсати созандагӣ ва бунёдкории Сарвари давлат ҷонибдорӣ мекунед. Таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти худӣ яке аз масъалаҳои муҳими рӯз аст. Мардум имконият пайдо мекунанд, ки хонаводаашонро бо маҳсулот таъмин намоянд.
Панҷ сол пеш сокинони вилояти Хатлон бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 50 гектар боғ бунёд карданд. Имсол дар вилояти Суғд мева нашуд. Ҳаво хунук омад. Аз Хатлон ба Суғд маҳсулот бурданд ва мардумро таъмин карданд. Ин дурбинии Роҳбари давлат мушкилоти сокинони ноҳияи Суғдро ҳал кард.
Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар суханронии хеш оид ба ҳаводиси авохирӣ ҷумҳурӣ ба сокинони ноҳияи Рашт маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла таъкид кард, ки ҳар фарди ин ватан бояд зиракиро аз даст надиҳад. Мо бояд имконият надиҳем, ки бори дигар дар ин ватани биҳиштосо бесарусомонӣ рух диҳад. Ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем.
Дар хатми вохӯрӣ сокинони деҳаҳои Ҳалқарфу Бедак дар баромади хеш барои ғамхориҳои ҳамешагӣ изҳори миннатдорӣ карданд.
Аз ҷумла собиқадори меҳнат Маҳмадсафо Муқимов дар баромадаш таъкид кард, ки 71 сол дорад ва бори аввал шоҳид буд, ки Ҳукумат барои раият ин қадар ғамхорӣ мекардааст. Сарвазири кишвар дар давоми ду моҳ се маротиба ба ноҳияи Рашт омада ба рафти сохтмон назорат кард. Ин муносибат нишони он аст, ки Президенти мамлакат як лаҳза аз ҳолу аҳволи мо бехабар набуд. Барои мо Сарвари давлат он таҷҳизотеро тӯҳфа кардааст, ки дар тамоми умр насибам накарда буд. Ман дар хонаам ҳамагӣ як курсӣ доштам. Шукрона имрӯз тамоми аҳли оила соҳиби курсӣ шуданд. Мо ба қадри чунин ғамхорӣ мерасем ва як умр дуои ҷони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмормалӣ Раҳмонро мекунем.
-Шукронаи давлат, шукронаи Сарвар, шукронаи ватани обод,- гуфт собиқадори меҳнат омӯзгор Гулнора Абдукаримова. –Мо аз Шумо хоҳиш дорем, ки дархостамонро ба Ҷаноби Олӣ расонед. Орзу дорем, ки ба деҳаи мо биёяду дар хонаҳои бунёднамудааш меҳмон шавад. Меҳмони азизи ҳар як хонадони ин деҳа. Худованд ҷойи падару модарашро фирдавси барин гардонаду тану ҷонаш сиҳат боша два ҳамеша болои сари мо монад.
-Асли лашкар ҳар куҷо сарвар бувад, лашкари бесарвар тани бесар бувад,- гуфт Ҷангӣ Абдуллоев.- Ба андешаи ман давоми сохтмони биноҳо муҳтарам Президент ва тамоми аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳар рӯз паҳлӯи мо будед. Нияти неки ӯ буд, ки ҳар рӯз беш аз 700 нафар мардони аз деҳаҳои гуногун ба ёрии мо меомаданд. Ба он хотири дастури Сарвари давлатро пеш аз мӯҳлат иҷро кунанд ва зарардидагон то фарорасии хунукӣ ба хонаҳояшон дароянд. Дар арафаи иди бузурги қурбон сокинони зарардидаи деҳаҳои Ҳалқарфу Бедак туҳфаи идона гирифтанд. Тӯҳфае, ки ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо фаромӯш нахоҳад шуд. Аз фурсат истифода бурда ба ҳамдеҳаҳоям мегӯям: «Идона муборак бод.» Мо пирони рӯзгордида дар панҷ намози худ дуои ҷони Сарвари давлатро мегӯем ва аз ҷавонону насли наврас таманнои онро дорем, ки ҳеҷ гоҳ ин ғамхориро фаромӯш накунанд.
Дар дунё кишвари бисёр вуҷуд дорад ва ҳамаи онҳо президенту сарвазир доранд, аммо на ҳамаи онҳо маълуму маъруфанд. Аз он ифтихор мекунем, ки ҷаҳониён Пешвои моро эътироф мекунанд ва дар қатори сиёсатмадорони аввали олам ном мебаранд.
Дар хатми ҷамъомад Қоҳир Расулзода калиди хонаҳоро ба соҳибонашон супурд барои онҳо тинҷию амонӣ, хонаободӣ ва бахту саодат таманно намуд
Баъди анҷоми вохӯрӣ Сарвазири мамлакат ба интернати назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳраки Ғарм рафт ва ба тарбиятгирандагони ин муассиса тӯҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро супурд. Сарвари давлат барои хонандагон сару либоси зимистона ирсол кард.
Диловари МИРЗО
Садои мардум
Суратгир Мирзосафар РИЗВОНОВ