Ифтитоҳи гармхонаи ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон” дар ноҳияи Рӯшон

№123-124 (4863-4864) 14.10.2024

54060838623_69e5800377_b12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон аз гармхонаи ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон” боздид намуданд.

ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон” дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъсиси ҷойҳои кории нав ва фаровонии бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза аз ҷониби соҳибкор Ҳамдам Давлатмамадов сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки гармхона дар масоҳати 1,5 гектар замин сохта шуда, дар он намудҳои зиёди сабзавот аз ҷумла помидор, қаламфури булғорӣ, бодиринг, боимҷон, кабудиҳо, гулкарам ва полезиҳо кишту парвариш карда мешавад.

Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон”  8 нафар сокини маҳаллӣ, ки дар самти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранд, бо кори доимӣ ва 24 нафар бо кори мавсимӣ таъмин гардидаанд.

Масъулин бо истифодаи дурусти агротехникаи парвариши зироатҳо ва кишти такрорӣ ният доранд, ки ҳамасола аз 65 то 120 тонна маҳсулот ба даст оварда, дар таъмини бозори истеъмолии вилоят саҳм гузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат гуфта, аз ҷумла таъкид доштанд, ки вусъати бунёди гармхонаҳо дар шароити кӯҳистон метавонад қадами устувор дар самти ноил шудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба сабзавоти тару тоза дар ҳама фасли сол бошад.

Пас аз шиносоӣ аз ҳолати нашъунамои сабзавот ва иқтидори гармхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла меваю сабзавот ва полезию донагиҳо, ки маҳсули заҳмати хоҷагидорони ноҳия мебошанд, мавҷуд буд.

Тибқи маълумот масоҳати заминҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Рӯшон зиёда аз 1600 гектарро ташкил намуда, хоҷагидорон бо истифода аз техникаҳои муосири соҳавӣ ва дуруст ба роҳ мондани қоидаҳои агротехникӣ ҳамасола ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.

Дар ҳаминҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии давлатии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия як қатор техника ва мошинолоти соҳавӣ тақдим намуда, барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, истифодаи оқилонаи замин, рӯёнидани аз ду то се ҳосил ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.