Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамчун барномаи мукаммали бунёдӣ пазируфта шуд. Дар Паёми имсола низ ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст. Дар ин хусус вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов фикру андешаҳояшро чунин баён кард:
-Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар рукнҳои такондиҳандаи пешрафт, бахусус ислоҳоти энергетикӣ, раҳойӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини барномаи озуқавории мамлакатро барои мо дар шакли дастур ва барномаи комили амал муайян намуд. Боиси рӯҳбаландии кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аст, ки дар Паёми имсола масъалаҳои таъсиси ҷойҳои нави кор, касбомӯзӣ, тақвият бахшидани муносибатҳои меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ба вижа зиёд кардани музди меҳнат ва нафақа, кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба ятимону бепарасторон ва маъюбону оилаҳои камбизоат, шароити мусоид барои ҷалби ҳар чӣ бештари сармоягузориҳо дар самти рушди ҳифзи иҷтимоӣ, тарбияи кадрҳои ҷавону бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо ва дигар паҳлуҳои иҷтимоии ҷомеа пурра баррасӣ ва таҳлил шуданд. Ҷаноби Олӣ дар Паёмашон, аз ҷумла чунин зикр карданд: «Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум имрӯз бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар ин раванд масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад».
Ин аст, ки Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодии мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум саъю талош варзид. Бо ин мақсад танҳо дар даҳ соли охир ҳаҷми миёнаи музди меҳнат 32 баробар афзоиш ёфт.
Агар дар соли 2007 барои амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат аз буҷети ҷумҳурӣ беш аз 1 миллиарду 103 миллион сомонӣ равона гардида бошад, соли 2012 барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 5,1 миллиард сомонӣ ё 50 фоизи ҳаҷми умумии буҷет ҷудо шуд, ки танҳо 3,4 миллиард сомонии онро музди меҳнат, нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо ба аҳолӣ ташкил доданд. Ба ибораи дигар, ҳаҷми маблағгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз соли 2006 то ба инҷониб 6,8 баробар афзуд.
Бояд тазаккур диҳам, ки бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қадамҳои устувору боэътимод гузошта шуд. Нахуст дастоварде, ки дар соҳа ҳамчун падидаи тоза арзёбӣ мегардад, таҳияи механизми пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ маҳсуб мешавад, ки солҳои тӯлонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта буд. Хушбахтона, аз 1 июли соли 2009 Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба таъин ва пардохти маблағҳои андӯхти нафақавии нафақагирон шуруъ кард. Дар асоси муқаррарот ба аҳолӣ дар солҳои 2011-2012 имконият ба даст омад, ки нафақагирон маблағҳои муддати солҳо аз ҳисоби музди меҳнат пардохтаро зимни баромадан ба нафақа бозпас соҳиб шаванд.
Соли гузашта бо ҳамдастии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, андозаи нафақа ва стипендия» таҳия ва пешниҳод шуд, ки он 13 августи соли 2012 таҳти рақами 1313 ба тасвиб расид. Ҳамин тавр, ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 2,5 баробар зиёд ва андозаи он 200 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гардид. Яъне, ин нишондиҳанда нисбат ба 60 сомонии соли 2008-ум 3,3 маротиба афзуд.
Агар дар солҳои 2000 ва 2007 андозаи ҳадди ақали нафақа мутаносибан 1 ва 20 сомониро ташкил медода бошад, пас аз 1 сентябри соли 2012 андозаҳои ҳадди ақали нафақа 104 сомонӣ муқаррар гашт. Афзоиши ин нишондиҳандаҳо нисбати соли 2000 – ум 104 маротиба ва нисбати соли 2007 – ум 5 маротибро ташкил медиҳад.
Боиси қаноатмандист, ки ба масоили фавқ дар Паёми навбатӣ боз ҳам таъкид гардидааст ва дар хусуси минбаъд низ зиёд намудани музди меҳнат ва нафақа, таъмини маблағгузории он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин ба ин мақсад пешбинӣ намудани маблағҳои зарурӣ барои соли 2013 махсус таъкид гардидааст.
Муҳимтарин масъалае, ки аз Паёми Президенти мамлакат бармеояд, таъмини шаффофияти харҷи маблағҳои буҷетӣ, истифодаи дурусти захираҳои моддиву молиявӣ ва васеъ ба роҳ мондани мубодилаи электронии маълумот байни мақомоти давлатӣ мебошад.
Ба ин манзур ҳар семоҳа иҷрои буҷет ва харҷи он дар дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат таҳлил ва дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара мавриди баррасӣ қарор мегирад. Низоми молиявӣ тибқи нақшаи кор аз ҷониби аудити дохилӣ санҷида, аз натиҷаи онҳо ба Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол мегардад. Ҳамзамон ҷиҳати назорати сареҳу мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ комиссияи доимӣ оид ба қабули тавозун дар муассисаҳои система амал мекунад, ки ин ҷараёнро пайваста танзим менамояд.
Дар иртибот бо тозакориҳо ва пайгирӣ аз усулҳои маъмули ҷаҳонӣ, бо мақсади боз ҳам шаффоф гардидани фаъолият дар пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳои ба он баробар вазорат ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» айни ҳол нафақаи 184469 нафар нафақагирони 15 шаҳру ноҳия, аз ҷумла ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Турсунзода ва Ваҳдатро бо талаботи моҳонаи 38,6 млн сомонӣ тавассути кортҳои пластикии бонкӣ ба роҳ мондааст. Моҳҳои наздик дар доираи нақша шаҳрҳои Истиқлол, Роғун, Қайроққум, Сарбанд, ноҳияҳои Ванҷ, Хуросон, Ҷиликӯл, Рашт, Данғара, Бохтар ва Ҳисор, инчунин берун аз нақша ноҳияи Рӯдакӣ, ҷиҳати гузариши пардохти нафақаҳо, иловапулию кӯмакпулиҳо тавассути кортҳои пластикии бонкӣ омодагӣ гирифтаанд.
Ҳоло ба нафақагироне, ки ба тарзи нави хизматрасонӣ гузаштаанд, 51 адад банкомат хизмат мерасонад. Набудани қувваи барқ дар фасли зимистон, пурра бо банкоматҳо таъмин набудани оҷонсиҳои БДАТ «Амонатбонк» ва хизматрасонии нафақагирони барҷомондаро ба инобат гирифта, 177 адад нерубахшҳои изофавӣ (постерминалҳо) харидориву насб шудаанд, ки хизматрасонии муштариёни бонкро осон менамояд.
Ҳамзамон дар Паём иброз гардид, ки татбиқ намудани тартиби нави кӯмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ барои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он беҳтару шаффоф гардонидани низоми пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат мебошад. Дар ин самт вазорат бо дастгирии лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ оид ба барномаҳои мусоидати иҷтимоӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – Қисмати имтиёзҳо ва пардохтҳои иҷтимоӣ» низоми нави пешниҳод намудани дастгирии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоатро идома медиҳад. Ҳадаф аз таҳия намудани чунин низоми нав ин беҳтар ва шаффоф намудани пардохтҳои кӯмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат, осон намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки аз 81 фоизи соли 1999-ум айни ҳол то ба 38 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар доираи механизми нав ҳуқуқи гирифтани кӯмаки иҷтимоии унвонӣ ба муайян кардани сатҳи эҳтиёҷмандии оила асос ёфта, дар заминаи баҳогузорӣ анҷом дода мешавад. Дар ин методология меъёрҳои гуногуни баҳодиҳии некуаҳволии оила: даромади пулӣ (молӣ), моликият, то кадом андоза эҳтиёҷманд будани он пешбинӣ шудааст.
Вазорат бо мақсади баррасӣ намудани раванди амалисозии низоми нав дар ноҳияҳои таҷрибавӣ соли 2012 бо иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ва сардорони раёсатҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, намояндаҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Лоиҳаи кӯмаки фаврӣ ба соҳаи иҷтимоии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ суҳбати гирди миз доир кард. Натиҷаи ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии дастгирии унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон бо иштироки намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва вазорату идораҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифта, рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таври мусбӣ арзёбӣ гардид. Инак, шуруъ аз соли 2013 оилаҳои камбизоати шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Қӯрғонтеппа ва Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон, Ҳисор, Файзобод, Шуғнон ва Айнӣ мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идомаи татбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ фаро гирифта шуданд.
Нуктаи дигаре, ки Паём моро ба меҳнати софдилона ва таваҷҷуҳи бештар водор месозад, расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолони яккаву танҳо, одамони ғайри қобили меҳнат, кӯдакони имконияташон маҳдуд ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта мебошад. Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ 38 шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, 15 маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва будубоши рӯзона амал менамояд. Шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба ниёзмандон зиёда аз 20 намуди хизматҳои иҷтимоӣ — маишӣ, иҷтимоӣ — равонӣ, иҷтимоӣ — тиббӣ, ҳуқуқӣ, маслиҳатӣ, намояндагӣ ва роҳнамойӣ мерасонанд. Айни ҳол 638 нафар корманди шуъбаҳои мазкур ба 4776 нафар пиронсолону маъюбон ва оилаҳои дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта хизмат мерасонанд. Дар баробари ин, ба чунин табақаи ниёзманд ҷавонмардони баору номус ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳ низ пайваста кӯмак мекунанд. Танҳо бошандагони муассисаҳои давлатии хона-интернатҳои системаи вазорат дар се соли охир аз чунин ёриҳои гуногуни хайрхоҳона ба маблағи беш аз 2,8 млн. сомонӣ баҳраманд гаштаанд. Боиси ифтихор буд, ки Президенти мамлакат зимни манзури Паём ба афроди саховатпешаву хайрхоҳ барои ҳимматбаландиву накукориашон самимона арзи сипос карданд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳибкорӣ, бахусус дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои маъмуриву сунъӣ мадди назар мебошад. Бо истифода аз имконият ва имтиёзҳои муқарраргардида ҳамаҷониба мусоидат намудан ба соҳибкорон ва ширкатҳое, ки азми таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва бунёди иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ доранд, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим дониста шудааст.
Бо ин ният аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба 4753 нафар шаҳрванди бекор дар ҳаҷми 14 млн. 977,3 ҳазор сомонӣ ё худ ба ҳар як шаҳрванди бекор ба андозаи 78,7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо қарзҳои имтиёзнок барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пардохт гардид.
Бояд хотирнишон сохт, ки раванди дастгирии молиявии шаҳрвандони бекор дар рушди соҳибкорӣ тамоюли устувор касб намуда, ҳамасола чӣ аз рӯйи теъдод ва чӣ аз ҳаҷми маблағгузорӣ рӯ ба афзоиш дорад. Ҳаҷми маблағи пардохтшудаи қарзҳои имтиёзнок тайи солҳои 2006 — 2012 аз 1 млн. 573, 7 ҳазор сомонӣ то 12 млн. 463,6 ҳазор сомонӣ зиёд гаштааст.
Шаҳрвандони бекор зимни бархӯрдорӣ аз қарзҳои хурди имтиёзнок асосан ба фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ машғул мешаванд. Тавассути ин қарзҳо дар бахшҳои истеҳсолӣ 2318 нафар, тиҷоратӣ 1611 нафар ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ 824 нафар шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд, ки мутаносибан ба бахши истеҳсолӣ 7 млн. 343 ҳазору 303 сомонӣ, тиҷоратӣ 4 млн. 808 ҳазору 308 сомонӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ бошад 2 млн. 825 ҳазору 665 сомонӣ қарзи имтиёзнок равона гардидааст.
Тақсимоти шуғли шаҳрвандони бекор вобаста ба намудҳои соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки тавассути ин қарзҳо онҳо ба чорводорӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди мева, паррандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, хариду фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, сарулибос, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти чорво, сӯзишворӣ, қаннодӣ, нонпазӣ, либосҳои миллӣ, фаъолияти хизматрасонӣ бо нақлиёт, дуредгарӣ ва таомҳои миллӣ шуғл доранд. Дар ин самти фаъолият ба 2243 нафар занон дар ҳаҷми 7 324 546 сомонӣ ва ба 1510 нафар ҷавонони бекор барои рушди соҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ 4 718 273 сомонӣ қарзҳои хурди имтиёзнок дода шудааст.
Вобаста ба ин, дар Паёми навбатӣ таъкид гардид, ки масоили ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекору корҷӯён, таъсиси ҷойҳои кории сифатан нав ва таъминот бо музди меҳнати арзанда таҳти назорати доимии Роҳбари давлат қарор дорад. Ба ин манзур зикр кардан бамаврид аст, ки соли гузашта Созишнома дар бораи ҳамкории тарафайн байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (15 майи соли 2012) ба тасвиб расид. Сохтори омӯзишгоҳу литсейҳои низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз таҷрибаи намунавии марказҳои калонсолон дар рушди бозори меҳнат ва паст намудани сатҳи бекорӣ истифода карда, тавассути онҳо зиёда аз 120 000 нафар шаҳрвандони калонсол ва муҳоҷирони меҳнатӣ соҳиби шаҳодатномаҳои тахассусӣ гардиданд. Созишномаи дуҷонибаи вазорат бо Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани калонсолону муҳоҷирони меҳнатӣ низ самараи дилхоҳ дод.
Бо мақсади таҳкими сатҳи касбияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар баробари омӯзиши касб, инчунин дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои таълимӣ 28 касбу ихтисос-таълими фанҳои «Асосҳои соҳибкорӣ», «Асосҳои ҳуқуқ», «Забони русӣ», «Забони англисӣ» ва «Забони олмонӣ», инчунин мавзуъҳо оид ба шиносойӣ бо қонунгузории давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ворид шуданд.
Дар доираи масъалаҳои ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ шабакаи марказҳои таълими калонсолон, намояндагиҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар аксар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таъсис ёфтанд. Дар маҷмуъ, айни ҳол 29 маркази таълимӣ ва 41 намояндагии ин марказ дар шаҳру навоҳӣ фаъолият мекунад.
Дар самти касбомӯзии ҷавонон, бахусус маъюбон, Муассисаи давлатии «Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон» ҳам нақши муҳим дорад. Айни ҳол дар ин даргоҳ беш аз 260 нафар маъюбон ба омӯзиши касбҳои замонавӣ машғул мебошанд. Бо назардошти талабот дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ низ филиали Муассисаи давлатии литсей-интернати номбурда дари худро ба рӯйи 30 нафар маъюб во намуд. Дар ноҳияи Бохтар ва Маркази таълимии шаҳри Душанбе барои 60 нафар духтарони маъюб сехҳои дӯзандагӣ таъсис ёфтанд. Дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб сехҳои таъмири автомобил ва дар ноҳияи Данғара сехи заргарӣ ба фаъолият пардохт. Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сохтмони маркази тавонбахшӣ ҷараён дорад, ки ҳоло як қисми он омода ва ба истифода дода шудааст. Дар ноҳияи Бохтар хона-интернати нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Аммо мо рӯшан дарк мекунем, ки бо ин ҳама пешравиҳо ҳанӯз ҳам дар соҳа масоил вуҷуд дорад ва мо бояд ҷиддан ҷиҳати ҳалли онҳо камар бандем.
Тавре дар Паём таъкид гашт: «Мо бояд, пеш аз ҳама, сифати таълимро беҳтар намоем, то малакаи касбии хатмкунандагони муассисаҳои касбомӯзӣ ба талаботи бозори муосири меҳнат ҷавобгӯ бошад». Воқеан ҳам раванди таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз афзоиши босуръати табиии аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ қафо монда, алҳол бозори меҳнати дохилӣ имкони пурра бо ҷойи кор таъмин намудани корҷӯёнро надорад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои судманду мушаххас андешем ва боз ҳам бештар фаъолияти босамар намоем.
Бо ин мақсад, қабл аз ҳама, омӯзиши Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар байни кормандони дастгоҳи марказӣ, агентиву хадамот ва муассисаҳои тобеи вазорат вусъатнок ҷараён гирифтааст ва дар мавриди он фармоиши тоза таҳия гардид. Тибқи нақша – чорабиниҳо роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат, хадамоту агентиҳо ва муассисаҳои давлатии системаи он муваззаф гаштанд, ки иҷрои саривақтӣ ва сифатноки чорабиниҳои беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоии ятимону бепарасторон, маъюбону пиронсолон, пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат, масоили касбомӯзӣ ва таъсиси ҷойҳои кории навро таъмин намоянд.
Таҳияи Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум»