Солҳои охир соҳаи боғу токпарварӣ дар мамлакат батадриҷ рушд меёбад. Далели ин фаровонии меваҷот мебошад, ки ҳатто дар фасли зимистон ва баҳор низ дастрас аст. Ба пешрафти соҳаи мазкур тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, заҳмати аъзои хоҷагиҳои боғу токпарварӣ ва олимону мутахассисони соҳа мусоидат мекунад.
Роҷеъ ба вазъ ва дурнамои соҳа хабарнигорамон бо директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ҳамсуҳбат шуд:
- Зимистон камбориш омад ва моҳи аввали баҳор сербориш. Ин ҳолат ба боғу токзор чӣ гуна таъсир мекунад?
- Агарчӣ зимистони соли 2017-2018 хушку камбориш омад ва барои захираи намии табиии дарахтони мевадиҳанда нокифоя буд, боришоти аввали баҳор ин камбудиро бартараф намуд. Боришоти пай дар пайи рӯзҳои охир захираи намиро дар боғу токзорҳо, заминҳои обӣ ва лалмӣ пурра гардонид, ки аз манфиат холӣ нест.
Маълум аст, ки об омили асосии муайянкунандаи маҳсулнокии боғ мебошад. Дар ташаккулёбии 1 сентнер ҳосили хушсифат дар давраи нашъунамо то 30-40 тонна об зарур мебошад. Барои ба даст овардани 250-300 сентнер мева аз 1 га (дар боғҳои интенсивӣ) то 10 ҳазор м3 об истифода мешавад.
- Мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ низ анҷом ёфт, акнун навниҳолонро чӣ тавр бояд нигоҳубин кард, то хуб нашъунамо ёбанд ?
- Навниҳол мавҷудоти (организми) зинда мебошад ва онро дар соли аввал хуб нигоҳубин бояд кард, то решааш мустаҳкам гардад. Баъди шинонидани ниҳол коркарди агротехникиро хуб ба роҳ мондан зарур аст.
- Барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани боғу токзор ва баландгардонии ҳосилнокӣ, обу ғизодиҳӣ ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон олимон чӣ тавсия медиҳанд?
- Яке аз омилҳои асосии дар ҳолати хуб нигоҳ доштани боғу токзор бо об таъмин намудани онҳо мебошад. Об вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- ҳалкунандаи элементҳои ғизоӣ дар хок;
- воситаи интиқоли моддаҳои ассимилянтӣ дар синтези моддаҳои органикии баргҳо;
- ҷаббиши моддаҳои ғайриорганикӣ аз хок;
- танзимкунандаи ҳарорати хок;
- иштирок дар ҳама ҷараёни синтез ва гидролизӣ.
Таъмини дурусти моддаҳои ғизоӣ имкон медиҳад, ки раванди физиологӣ дар дарахтон хуб ҷараён гирад ва маҳсулнокии дарахтони мевадиҳанда зиёд гардад. Истифодаи нурӣ дар боғу токзор низ мавқеи муҳим дорад, зеро нуриҳои минералӣ ва органикӣ кафолати ҳосилнокӣ мебошанд. Нуриҳои минералӣ ва органикӣ сабзиш, пайдоиши муғчаҳои гул, пешгирии резиши ғураи ҳосил, пешгирии солбандии дарахтон, ба хунукӣ тобоварӣ ва самаранокии боғу токзорро таъмин мекунанд.
Дигар омиле, ки ба пастшавии ҳосилнокии боғу токзор боис мешавад, ҳашароти зараррасон ва касалиҳо мебошанд. Дар боғу токзор миқдори зиёди организмҳои зараррасон афзоиш ёфта, ба дарахтон зиён мерасонанд. Баъзе солҳо ҳашароти зараррасон ва касалиҳо на танҳо ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулотро паст мекунанд, балки ҳосили як қатор дарахтон ва онҳоро нобуд мекунанд.
Бар зидди касалиҳои замбурӯғӣ аввали баҳор дар давраи варам кардани муғчаҳои дарахтони донакдор (зардолу, шафтолу) бо яке аз доруҳои сефоизаи маҳлули бордосӣ, якфоизаи ДНОК ва ғайра, ки дар таркибашон мис мавҷуд аст, коркард гузаронидан тавсия дода мешавад. Дар давраи нашъунамо бар зидди касалиҳо доруҳои хлорокиси мис, байлетон — 5 фоиз, топаз — 5, моеъи бордосӣ — 1, олтингӯгирди хока, фоликур — 22,5, скор — 250, абига-пик, купрвет блю 50 фоиз ва алайҳи ҳашароти зараррасон заҳрохимикатҳои би-58-и нав, карате 5 фоиз, конфидор — 20, омайт 57 фоиз бояд истифода шаванд.
- Ба мушоҳида мерасад, ки ҳоло баъзе аз навъҳои меваю ангури шаҳдбору ба саломатӣ манфиатовари маҳаллӣ кам шуда, ҷойи аксарияти онҳоро навъҳои нави, ба истилоҳ, бозоргир гирифтааст.
- Дар баробари навъҳои маҳаллии меваю ангур дар бозорҳои ҷумҳурӣ навъҳои хориҷӣ пайдо шудаанд. Лекин ин маънои онро надорад,ки ҷойи навъҳои маҳаллии меваю ангури моро мегиранд. Навъҳои меваю ангури шаҳдбори маҳаллӣ, ки асрҳои аср мардум парвариш мекунанд, аз ҷиҳати таъму ғизонокӣ аз навъҳои воридотӣ ба куллӣ фарқ доранд. Барои маҳфуз нигоҳ доштани навъҳои маҳаллии себу нок ва чормағз дар Стансияи таҷрибавии боғдории Файзобод боғи коллексионӣ бунёд гардидааст, ки зиёд кардани онҳоро дар ҷумҳурӣ таъмин менамояд. Илова бар ин, аз тарафи олимони институт навъҳои беҳтарини зардолу, шафтолу, ангур офарида шуд, ки аз ҷиҳати сифату ғизонокӣ бартарӣ доранд.
Дар маҷмӯъ, ҳоло қариб дар ҳама ниҳолхонаи ҷумҳурӣ навъҳои маҳаллии дарахтони мевадиҳандаю ток барои бунёд кардани боғу токзор парвариш мешаванд.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»