Раванди ҷаҳонишавии солҳои охир, дар баробари ҷиҳатҳои мусбат, ҳолатҳои зиёди ногувори манфиро ба амал овард, ки яке аз он паҳншавии вабои аср – терроризм ва экстремизм мебошад.
Дар солҳои 90-уми асри гузашта, пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ, халқу миллатҳои зиёди ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба вазъияти хеле ногувори сиёсию иҷтимоӣ дучор гардиданд. Сокинони нисбатан калонсоли кишвар хуб дар хотир доранд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи ба ҳам омадани қувваҳои носолиму марказгурези дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, дар қисми ҷануби мамлакат оташи ҷанги шаҳрвандӣ барангехта шуд.
Дар муддати кӯтоҳ нооромиҳои сиёсӣ ба иқтисодиёти кишвари он солҳо начандон пурқувват зарари хеле калони моддӣ расониданд, ҳатто хатари аз байн рафтани давлат ба амал омад. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1993 тақрибан 60 000 кас фавтида, бисёриҳо беному нишон шуданд. Зиёда аз 60 000 нафар сокини қисми ҷануби кишвар ба Афғонистон, 195 000 нафар муваққатан барои зист ба дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гуреза шуданд.
Миқдори гурезаҳои дохилии мамлакат дар он солҳои мудҳиш қариб ба 1 млн. нафар расида, 35723 хонаи истиқоматӣ сӯхтаю валангор гардида, 25000 зан бешавҳар, 53000 нафар кӯдак бепарастор монд.
Зарари иқтисодии ҷанг зиёда аз 10 млрд. доллари амрикоиро ташкил намуда, рушди давлатро ба якчанд даҳсола қафо партофт. Иқтисодиёт фалаҷ гардид ва Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои қашшоқтарини дунё табдил ёфт. Ин ҳолат дар назди роҳбарияти сиёсии кишвар вазифаҳои хеле мушкил ва ҷиддию масъулиятнок мегузошт.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар «Қасри Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) баргузор гардид, як қатор қарорҳои ниҳоят таърихию наҷотбахш қабул намуда, баҳри барқарорсозии ваҳдати миллӣ ва хомӯш гардонидани оташи ҷанги шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт.
Бо инояти Худованд ва хиради волои тоҷикон, ба сари қудрат инсони ҷасуру дурандеш, сарвари сулҳовар ва муттаҳидкунандаи мардум муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд ва давлат тавассути корсозиҳою ҷонбозиҳояшон рӯ ба рушди босубот ниҳод.
Бо гузашти солҳо маълум шуд, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта таҳмилӣ будааст ва дар иҷрои нақшаҳои нопоки аҷнабиён дар он мавқею мақоми махсусро собиқ Ҳизби наҳзати ислом боздидааст. Аз бисёр амалкарди сарони ошӯбчиёни солҳои 1992-1993 ва шоҳидии аъзои калидии ин ҳизби алҳол мамнӯъ маълум мешавад, ки фаъолияти онҳо бо маблағгузории гурӯҳҳои махсуси хориҷӣ пеш мерафтааст.
Дар изҳороте, ки 8-уми апрели соли равон Президенти ИМА Доналд Трамп пахш намуд, бори дигар бо далелҳои раднопазир парда аз рӯи ҳомиёну сарпарастон ва хоҷагони манфури ташкилоти экстремистию террористии наҳзат бардошта шуд.
Боиси қайд аст, ки ТТЭ ҲНИ тӯли даҳсолаҳо бо дастгирии ташкилотҳои террористӣ нақшаҳои ифротгароёнаро пинҳонӣ ба амал бароварда, соҳиби маблағҳои калон мегардид. Масалан, тибқи изҳороти дар боло зикршуда ва мақолаи Олег Алексеев дар АИ «Параллел», моҳи сентябри соли 2015 барои ноором сохтани вазъи сиёсию иқтисодии Тоҷикистон ва амалӣ гардонидани табаддулоти давлатӣ, созмонҳои хориҷӣ ба ҲНИ 1 млн. 200 ҳазор доллар маблағ ҷудо кардаанд.
Ҳамчунин, дар изҳорот омадааст, ки ҲНИ бештар аз 20 сол фаъолияти ғайриқонунӣ бурда, барои омодасозии террористон мусоидат намудааст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба қатлу куштори олимони варзида, арбобони давлатию ҷамъиятӣ, рӯзноманигорону аҳли зиё машғул шуданд.
Пас аз ташкилоти экстремистию террористӣ эълон шудани ҲНИ, бо дастгирии ниҳодҳои махсус фаъолияти намояндагии он дар мамлакатҳои Аврупо идома ёфт. Бо ин мақсад солҳои 2016 – 2018 беш аз 3 млн. доллар ҷудо гардидааст.
Бо истифода аз захираҳои молиявии муфт, баъзе ашхоси кӯрдилу ватанфурӯш дар хориҷи кишвар ба бадномкунии давлати тоҷикон, даъвати гурӯҳҳои ифротгаро баҳри ноором сохтани вазъияти сиёсии Тоҷикистон машғул шуданд. Ин гуна кирдор танҳо аз ашхоси беимону бехирад ва шайтонсифат бармеояд. Танҳо ингунаҳо метавонанд, ки шири сафеди модар, номуси зану хоҳар ва хуни ноҳақ рехтаи бародарро бо пулу мол иваз намоянд.
Аз ин хотир аст, ки Сарвари давлат мунтазам дар муроҷиатҳояшон аз мардуми шарифи кишвар тақозо менамоянд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба қадри тинҷию оромии кишвар расанд ва бо меҳнати ҳалолу заҳмати шабонарӯзӣ Ватанро обод намуда, ба зиндагии шоиста сазовор гарданд. Алалхусус, ҷавононро ҳушдор медиҳанд, ки воқеаҳои мудҳиши солҳои 90 — уми асри гузаштаро фаромӯш насозанд ва баҳри таъмини сулҳу ваҳдати пойдор саҳмгузор бошанд, зеро раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳаракати давлатҳои абарқудрат ҷиҳати азнавтақсимкунии захираю имкониятҳои ҷаҳон хеле хатарзо буда, ҳар лаҳза метавонад авзои сиёсии минтақаҳои оромро ноором сохта, мардуми бегуноҳро сарсону хонавайрон кунад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки баҳри аз хатарҳои раванди ҷаҳонишавӣ бегазанд нигоҳ доштани давлат саҳмгузор бошем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, пеши роҳи гаравиши наздикону пайвандон, алалхусус, ҷавононро, ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бигирем ва ба ҳар гуна дасисабозии душманони ватану миллат фирефта нагардем.
Карамулло ОДИЛОВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон