Чанде пеш дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси» -и шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳукумат ва соҳибкорони кишварҳои номбурда иштирок намуданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода меҳмононро хайра мақдам гуфта, зикр намуд, ки мақсади ҳамоиши мазкур таҳкими равобит ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди доираҳои иқтисодиву тиҷоратӣ мебошад.
Муовини вазири саноати Ҷумҳурии Беларус Александр Огородников барои ташкили ин ҳамоиш ва меҳмондории самимона изҳори миннатдорӣ кард.
- Тайи чанд рӯзе, ки дар ин кишвари меҳмоннавозу зебо қарор дорем, бо масъулони вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо вохӯрӣ доштем. Маълум гардид, ки метавонем дар оянда ҳамкориҳоро тавсеа бахшем,- таъкид намуд номбурда. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Сергей Набешко, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Олег Иванов низ роҷеъ ба рушди ҳамкориҳо ибрози назар карданд.
- Бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муштаракоти зиёд дорем. Мо ҳамсояи наздик, дӯсту бародар, ҳамзабону ҳамфарҳанг ҳастем. Барои тавсеаи тиҷорат, ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ имконоти мо зиёдтар аст. Ҳамзамон, Беларус низ метавонад бо мо ҳамкории зич дошта бошад. Дар Тоҷикистон ва Афғонистон маҳсулоти табиӣ фаровон аст, ки дӯстони беларусии мо ба онҳо ниёз доранд. Мо ба техникаю мошинолоти кишоварзӣ ва саноатии истеҳсоли ин мамлакат ниёз дорем, — гуфтанд ваколатдори муваққатӣ оид ба корҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Масум Бадахш ва мудири Утоқи аршади саноат ва маъдани кӯҳӣ Раҳимулло Самандар.
Баъди суханрониҳо ва мубодилаи афкор миёни соҳибкорон доир ба ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла, иқтисоду тиҷорат, нақлиёт ва кишоварзӣ, санадҳо ба имзо расиданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»