Чордаҳуми феврали соли равон дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон суҳбати гирди миз бо намояндагони Палатаи савдо ва саноат ва ширкатҳои кишвари Олтойи Федератсияи Россия баргузор шуд. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова изҳор дошт, ки чунин чорабиниҳо, пеш аз ҳама, барои пайдо кардани шарикони хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунад. Номбурда аз робитаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ёдовар шуда, изҳор дошт, ки мебояд онҳоро тавсеа бахшем.
Президенти Палатаи савдо ва саноати кишвари Олтойи Федератсияи Россия Борис Чесноков изҳор дошт, ки онҳо барои вусъат бахшидани ҳамкорӣ ҳавасманданд. Зикр гардид, ки онҳо бо палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монданд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ҳамроҳаш намояндагони чор ширкати бонуфузи кишвари Олтой — «Велес-Опт», «Восход», «АПХ» ва «ПО «Спецавтоматика» омадаанд, ки дар самти коркарди чӯб, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, кишоварзӣ, таҷҳизоти сӯхторхомӯшкунӣ, огоҳкунанда (сигнализация) фаъолияти назаррас доранд.
Дар чорабинӣ доир ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон маълумот дода шуда, мулоқоти намояндагони ширкатҳои тиҷоративу истеҳсолии Тоҷикистон ва кишвари Олтойи Федератсияи Россия доир гардид.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»